Баргашт Чоп кардан

НОМАИ САРБОЗ. АЗ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ТО НОМУСИ ВАТАНДОРӢ

Ман зодаи даврони соҳибистиқлолӣ, аниқтараш даврони эҳёи дигарбораи давлатдории миллӣ ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу ташаббускор дар ақсои олам ҳастам. Замони нооромӣ, худсӯзии миллӣ ва ҳодисаҳои фоҷиабори солҳои аввали истиқлоли давлатиро ёд надорам ва Худо кунад, ки он воқеаҳои даҳшатбор танҳо моли таърих бошанду халос. Яъне, барои давлату миллати мо сулҳу ваҳдате, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истеҳкому побарҷо карданд, ҷовидонӣ бошад.
Ман ҳоло сарбози Ватан ҳастам. Ватани маҳбубе, ки бо сиёсати оқилонаи Сарвари худ дар фазои ором пайваста рушд мекунад. Сарбозе ҳастам, ки бонги хатар маро аз хоб бедор намекунад, балки ҳар субҳ бо руҳи болидаву фараҳбахш, аз бистари хоб мехезам ва бо риояи тартиботи низомӣ ба иҷрои уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ мепардозам. Дар қисми низомии мо шароитҳои хуби хизматӣ, аз ҷумла машқу тамрин, таъмини сарбозон бо ғизои солим ба роҳ монда шудааст. Соатҳои омӯзишӣ, таълиму тарбияи ватанпарастӣ дар зеҳну шуури мо – сарбозон садоқат ба Ватани маҳбуб ва ҷоннисорӣ дар роҳи ҳифзи марзу буми онро тақвият мебахшад.
Ростӣ, ба маънои калимаи «ваҳдат» ва арзиши ин неъмати зиндагисоз дар ҳамин ҷо амиқтар сарфаҳм рафтам. Вақте ки бо сарбозон саф ороста, дар васфи Ватан сурудхонон бо матонат қадам мезанӣ, сарҷамъию муттаҳидиро эҳсос мекунӣ, худро дар канори ҳамватани худогоҳи худ аз ҳама хатар дар амн мебинӣ ин тамоман ҳаловати дигар дорад. Оре, ҳар куҷое, ки ваҳдат пойдор аст, он ҷо якдигарфаҳмӣ, дасти ҳам гирифтан ва кафолати зиндагии шоиста таъмин мебошад.
Вақте чунин ҳолу ҳавои хубу руҳбахшро мебинӣ, зиндагиро дӯст медорӣ, ҳаётро қадр мекунӣ. Аз он меболӣ, ки воқеан насли хушбахти ҳамин даврон ҳастӣ ва узви як ҷомеаи солиму рӯ ба рушд. Вале, ҳеҷ як аъзои солимфикри чунин ҷамъият бидуни огоҳии комил қодир нест, бартариҳои рӯзгори кунунии худро аз гузаштаи начандон дури таърихи давлатдории навини мо бишносад.
Агарчи ман воқеаҳои солҳои аввали истиқлоли давлатиро ёд надорам ва бо чашми худ надидаам, огоҳ будан аз онҳоро қарзи худ медонам. Бо таваҷҷуҳ ба ин амри виҷдонӣ таърихи гузашта, аз ҷумла оғози истиқлоли давлатиро меомӯзам.
Дар натиҷаи ҳамин омӯзишҳо ва аз суҳбати калонсолон огаҳ шудам, ки душманони миллати тоҷик Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги бародаркушу хонумонсӯз тела доданд. Мардуми зиёд ба ҳалокат расидаву кӯдакони зиёд бе падару сарпаноҳ монданд… Ин ҳақиқати таърихро донистам, ки баҳри наҷоти миллат Парвардигори бениёз шахсеро қудрату тавоноӣ, далериву шуҷоат бахшид, то миллати парешонгаштаву давлати дар ҳоли нестшавӣ қарордоштаро аз вартаи ҳалокатовар бираҳонад. Хушбахтона, номи ин абармарде, ки бо ақлу заковати азалӣ миллатро сарҷамъ, сулҳро пойдор кард, алҳол вирди забони хурду бузурги Меҳан аст. Ин шахс фарзанди баномуси миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҳамчун меъмори ваҳдати миллӣ дар миёни халқ маҳбубияти хос доранд.
Ваҳдат, ягонагӣ, сарҷамъиву муттаҳидӣ беҳтарин неъматест, ки пойдории он дар байни ҳар қавму миллат боиси саодатмандии онҳо мегардад. Ваҳдат мардумро бо ҳам оварда, ба як қувваи бузурги шикастнопазир табдил медиҳад. Вақте як варзишгар, ихтироъкор, донишманд ва дигарон Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд ва мардум бо ҳам омада, онҳоро дастгирӣ мекунанд, ин ҳам ваҳдат аст.
Аз бузургсолон мешунидам, ки дар замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ маҳалгароӣ ба авҷи худ расида буд. Мардуми як минтақа ба минтақаи дигар бо чашми тарс менигарист ва аз ошкор шудани куҷоӣ буданаш дар хавф буд. Имрӯз, хушбахтона, бо пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ин нофаҳмиҳо аз байн рафтанд. Байни минтақаҳо дӯстиву рафоқат ҳукмрон шуд. Ҷавондухтарони суғдию ғармӣ бо писарони кӯлобиву бадахшонӣ ва ё баръакс издивоҷ карда, робитаи хешутаборӣ барқарор намуданд, ки ин амал, бешубҳа, маҳалгароиро аз байн бурд. Барои ба чунин рӯзҳо расидан мардони меҳандӯст аз ҳеҷ чиз наҳаросиданд, ҷони худро зери хатар гузоштанд, то хушбахтии имрӯзу фардоиёнро таъмин намоянд. Барои ин кори бузургашон мо – ҷавонон, ба онҳо аҳсант мегӯем, номи неку кори хайрашонро ҳаргиз фаромӯш нахоҳем кард.
Дар охир гуфтаниям, ки дар ҳоле ки ҷангу хунрезӣ бисёр кишварҳои ҷаҳонро домангир аст, мо – пиру барнои Ватан, бояд неъмати гаронарзиш – ваҳдату сулҳро пойдор нигоҳ дорем, муттаҳиду сарҷамъ бошем. Дар рушду пешрафти Ватани азизамон саҳмгузор бошем ва марзу буми онро ба қиммати ҷони худ ҳифз намоем.
Иброҳими САЙФУЛЛО,
хабарнигор-сарбози "Ҷумҳурият"