Баргашт Чоп кардан

ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ НОҲИЯ

24-уми июл раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон дар деҳоти Ситораи Сурх аз рафти парвариш ва нашъунамои пахта дар заминҳои кишоварзии ҶДММ «Кишоварзи асил» боздид намуда, бо фаъолияти он шинос шуд.
Иттилоъ доданд, ки Ҷамъият соли ҷорӣ дар майдони 140 гектар пунбадона кишт намудааст. Таваҷҷуҳи асосӣ ба ҳолати нигоҳубини босифати ниҳолҳои пахта, риояи агротехникаи дуруст ва истифодаи самараноки нуриҳо равона гардидааст.
Сипас, раиси вилоят дар шаҳраки Ҳаёти Нав аз омодагии мошинҳои пахтачинӣ дар ҶДММ “Анис Ёвон” боздид намуд.
Тибқи иттилоъ Ҷамъияти мазкур 3 мошини пахтачинии истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ харидааст, ки омодаи кор мебошанд. Ҳар як мошини пахтачинӣ метавонад дар як шабонарӯз ҳосили аз 8 то 10 гектар пахтаро ҷамъоварад.
Дар идома Давлаталӣ Саид дар деҳоти Даҳана аз хоҷагии деҳқонии “Муртазо” боздид намуда, дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили ангур иштирок кард. Дар заминҳои хоҷагӣ парвариши хуби боғу токзори интенсивии ба содирот нигарондашуда ба роҳ монда шудаст. Раиси вилоят ба хоҷагидор барои дар оянда зиёд намудани майдони боғ ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли мева дастуру супоришҳои муфид дод.
Инчунин, раиси вилоят дар деҳоти Даҳана бо рафти корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизоти технологӣ дар коргоҳи истеҳсоли хиштҳои гаҷии ҶДММ «Файзи гаҷ» шинос шуд. Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ, соҳибмулки ҶДММ «Файзи гаҷ», ба маблағи 3 миллион сомонӣ таъсис меёбад. Коргоҳ дар як сол иқтидори истеҳсоли 1,5 миллион дона хишти гаҷиро дорад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳ 18 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад.
Сипас, раиси вилоят дар деҳаи Меҳробод толори варзиш ва майдончаи варзишӣ барои бозии футболро ифтитоҳ намуд. Толори варзиш бо саҳми маҳал ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоти варзишӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дар толори варзиш дар як вақт 40 нафар ба тамрин фаро гирифта мешавад.
Давлаталӣ Саид дар деҳаи Ҷойлама бо лоиҳаи бинои муассисаи таълимӣ барои 480 хонанда дар як баст шинос шуд. Бинои муассисаи таълимӣ аз 2 ошёна иборат буда, бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ бунёд мегардад. Раиси вилоят ташаббуси соҳибкорро намунаи ибрат хонда, ин кори хайрро барои рушди соҳаи маориф муҳим арзёбӣ намуд. Инчунин, Давлаталӣ Саид гуфт, ки пас аз анҷоми сохтмон барои таъмини мизу курсӣ ва дигар лавозимоти таълимӣ ёрӣ хоҳем кард.
Баъд аз ин, раиси вилоят бо рафти сохтмони роҳи автомобилгарди аҳамияти маҳаллидоштаи шаҳраки Ёвон – Меҳробод – Дастгирак – Навобод шинос шуд. Мумфаршкунии роҳи автомобилгард ба масофаи 1,5 километр бо саҳми маҳал ба маблағи 800 ҳазор сомонӣ оғоз мегардад. Раиси вилоят иқдоми мазкурро намунаи олии ватандорӣ арзёбӣ намуда, ба сокинон барои анҷоми чунин кори шоиста сипосу миннатдорӣ баён кард.
Давлаталӣ Саид дар деҳаи Дарагӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар коргоҳи истеҳсоли оҳаки сохтмонии ҶДММ «Ғаюр индастриал» шинос шуд. Коргоҳ бо васлу насби таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ таҷдиду навсозӣ гардидааст. Тибқи хулосаи мутахассисон, коргоҳ маҳсулоти ба стандартҳои муқарраршуда мутобиқ ва ба содирот нигарондашуда истеҳсол менамояд. Аз ҳоло барои хариди оҳаки сохтмонӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон дархост ворид шудааст.
Баъд аз ба истифода додани коргоҳ зиёда аз 400 ҷойи кор таъсис меёбад.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
ВМКБ. "ПОМИРИНВЕСТ - 2025" БА ВИЛОЯТ 655 МИЛЛИОН СОМОНӢ ВОРИД МЕКУНАД
Дар шаҳри Хоруғ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ якҷоя бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи соҳибкорони Бадахшон Форуми байналмилалии сармоягузории “Помиринвест-2025” баргузор гардид, ки дар он намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ ширкат варзиданд.
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ ҷиҳати иштирок дар ин чорабинии муҳими сиёсиву иқтисодӣ ба тамоми иштирокдорон изҳори сипос намуда, онро як қадами дигари устувор дар роҳи рушди минбаъдаи иқтисодиёти Бадахшон арзёбӣ кард. Ба гуфтаи раиси вилоят, сол ба сол теъдоди шарикон ва маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар вилоят меафзояд, ки ин аз дастгириҳои рӯзафзуни Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ВМКБ гувоҳӣ медиҳад.
Бино ба гуфтаи раис танҳо давоми се соли охир ба иқтисодиёти ВМКБ дар ҳаҷми 7,3 миллирад сомонӣ сармоя ворид гардид, ки ин ба рушди вилоят такони ҷиддӣ бахшид.
Ҳабиб Алимшоев, сардори раёсати Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ зикр кард, ки дар Форуми имсолаи сармоягузории “Помиринвест-2025” доир ба маблағгузории лоиҳаҳои бунёд ва ташкили иншооти гуногуни истеҳсолӣ 46 тафоҳумнома ба маблағи 655 миллион сомонӣ ба имзо расид. Аксарияти ин лоиҳаҳо ба бунёди корхонаҳои саноатӣ равона шуда, барои сокинони шаҳру деҳоти вилоят боз даҳҳо ҷойҳои нави кор муҳайё месозанд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
ДУШАНБЕ – САМАРҚАНД. ЭҲЁИ ПАРВОЗИ ҲАВОПАЙМОҲО
Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Самарқанд намуди идонаро касб намуд. Баъди танаффуси бештар аз се даҳсола парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе – Самарқанд – Душанбе аз сар гирифта шуд. Соати 11:45 дақиқа ба вақти маҳаллӣ ба Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Самарқанд ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавонавардии “CENTRUM-AIR.COM” нишаст.
Ба ин муносибат, дар Фурудгоҳ маросими тантанавӣ доир гашт, ки дар он муовини ҳокими вилояти Самарқанд Рустам Қобилов, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси Маркази миллию фарҳангии тоҷикони вилояти Самарқанд Шуҳрат Самадов, як гурӯҳ сокинони шаҳр, хабарнигорону блогнависон ширкат варзиданд.
Мусофиронеро, ки бо ин хатсайр ба Самарқанд омаданд, бо нону намак, садои карнаю сурнай ва рақсҳои дилнишин истиқбол гирифтанд. Рустам Қобилов аз сар гирифтани парвозҳоро миёни Душанбеву Самарқанд як падидаи муҳим дар равобити ҳасанаи ду кишвари дӯсту бародар – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон арзёбӣ кард.
Абдуҷаббор Раҳмонзода низ зимни суханронӣ ба таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъкид намуд ва афзуд, ки решаҳои пайванди мардуми ду мамлакати ҳамҷавор аз давраҳои қадим сарчашма мегирад.
– Сиёсати некбинонаву хирадмандонаи ду роҳбари давлат мусоидат намуд, ки дар самти ҳавонавардӣ низ ҳамкориҳо беш аз пеш рушду нумӯ кунад. Ҳоло байни Тошкенту Душанбе ҳафтае ду маротиба парвоз анҷом дода мешавад. Минбаъд мусофирон бо истифода аз имконияти фароҳамшуда босамар истифода хоҳанд бурд ва бидуни мушкилот худро аз Самарқанд ба Душанбе ва аз Душанбе ба Самарқанд хоҳанд расонд, – гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзода.
Гуфта шуд, ки муддати парвоз дар хатсайри мазкур сӣ дақиқаро дар бар мегирад ва ҳафтае як маротиба иҷро мешавад.
Мирасрор АҲРОРОВ, шаҳри Самарқанд