Баргашт Чоп кардан

ФУТБОЛ

Марҳалаи асосии Ҷоми Тоҷикистон-2025 оғоз мегардад
Аз 29-уми июл то 1-уми август бозиҳои марҳалаи 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025 доир мегарданд. Дар ин марҳала 16 даста – 12 тими Лигаи олӣ ва чор дастаи Лигаи якум – иштирок мекунанд.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, имсол ҳар як даври мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон аз як бозӣ иборат аст. Бозии ниҳоӣ дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳад шуд.
Барандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон – “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар марҳалаи 1/8-ниҳоӣ дар майдони худ бо тими «Барқчӣ»-и Ҳисор рӯ ба рӯ мешавад. Дар ҳафт бозии дигар дастаҳои зерин бо ҳам рақобат мекунанд: «Парвоз» (Фурудгоҳи Хуҷанд) – «Ҳулбук» (Восеъ); «Саройкамар» (Панҷ) – «Ваҳдат» (Ваҳдат); «Равшан» (Кӯлоб)– «Сардор» (Турсунзода); «Эсхата» (Хуҷанд)– КМВА (Душанбе); «Истаравшан» (Истаравшан) – «Ҳосилот» (Фархор); «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) – «Вахш» (Бохтар); «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Истиқлол» (Душанбе).
Дар марҳалаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2025 14 дастаи Лигаи якум ширкат дошт. Дар натиҷа чор даста – “Саройкамар”, “Парвоз”, “Ваҳдат” ва “Сардор” – ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ ёфт.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ки дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, бори ҳафтум Ҷоми миллиро соҳиб шуд ва ба Лигаи дуюми чемпионҳои AFC-2025/2026 роҳхат гирифт. Тими шаҳри Турсунзода 13-уми август бо дастаи “Аҳал” (Туркманистон) бозӣ мекунад ва дар сурати пирӯзӣ ба марҳалаи гурӯҳии Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё роҳ меёбад.
Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон бори 34-ум сурат мегирад. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе аз ҳама бештар (10 бор) ғолиби мусобиқа шудааст.
Намояндагони Тоҷикистон дар Конференсияи тиббии AFC иштирок карданд
Дар Малайзия таҳти шиори «Тиб ва илм: чӣ гуна бояд замони тағйирёбандаро сипарӣ кард» ҳаштум Конференсияи тиббии Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) доир гашт.
Тоҷикистонро дар Конференсия духтури тими миллии кишвар ва «Истиқлол»-и Душанбе Фаррух Авезов, духтури дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон Гуландом Халилова, инчунин, физиотерапевти дастаи «Хуҷанд» ва тими олимпии Тоҷикистон (U-23) Зариф Ёрматов намояндагӣ карданд.
Конференсияи тиббии AFC дар Малайзия садҳо нафарро ҷамъ овард, ки бо навтарин тағйирот ва навгониҳои тибби варзишӣ шинос шуданд. Ёрии таъҷилии тиббӣ дар футбол, физиотерапияи варзишӣ, расмиёти зидди допинг ва ташхиси амалии ултрасадои узвҳои устухон аз мавзуъҳои асосии Конференсия буданд.
MУҲОРИБАҲОИ ОМЕХТА
Муваффақияти муборизони ҷавони кишвар дар Чемпионати ҷаҳон
Тими наврасон ва ҷавонони Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳонии муҳорибаҳои омехта 23 медал – 8 тилло, 7 нуқра, 8 биринҷӣ гирифт.
Чемпионат аз 21 то 28-уми июл дар шаҳри Ал-Айни Амороти Мут-таҳидаи Араб доир гашт. Варзишгарони ҷавон дар чор синну сол барои дарёфти унвони чемпиони ҷаҳон талош карданд.
Ба ҳайати тими мунтахаби кишварамон 54 нафар шомил буд, ки 23 нафараш тавонистанд, ҷойҳои намоёнро ишғол кунанд.
Дар ҳисоби даставӣ Тоҷикистон миёни кишварҳои иштирокчӣ дар ҷойи сеюм мавқеъ гирифт.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”