“Бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона карда шавад”.
Эмомалӣ РАҲМОН
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешбурди зиндагии аҳолии мамлакат ҳамаи масъулони самтҳои хоҷагии халқи кишварро вазифадор намуданд, ки дар кулли соҳаҳои ҷамъият, аз ҷумла иқтисодию иҷтимоӣ, маданиву маишӣ, фаъолиятро ҷоннок созанд. Дар ин замина, саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон карданд. Дар ин самт тадбирҳои амалӣ андешида шуда, аллакай, корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ таъсис ва ба фаъолият оғоз намудаанд. Дар вилояти Суғд дар самти таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ ва барқарор кардани корхонаҳои бозистода чораҷӯӣ шудааст, ки соҳибкорону саноатчиён, аллакай, дар масоили истеҳсоли маҳсулоти саноатии босифату воридотивазкунанда ва содиротӣ чораҳои мушаххас андешидаанд.
Шаҳри Исфара яке аз шаҳрҳои саноатӣ ба шумор меравад, ки дар вилоят дар истеҳсол ва содироти меваи хушк ба натиҷаҳои баланд ноил гардидааст.
– Алҳол дар шаҳр 56 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад, ки аз ин миқдор фаъолияти 10 корхона ба бандубаст равона гардидааст. Ҳамчунин, самти ду корхонаи саноатӣ ба бандубасти консерва нигаронда шудааст. Маҳсулоти ин корхонаҳо ба ҷуз нуқтаҳои фурӯши дохили вилоят боз ба содирот равона шудаанд. Аз ҷумла, ҶДММ “Исфара фуд”, ҶДММ “Баракат – Исфара”, ҶДММ “Меваи заррин”, ҶДММ “Эко фрукт” ва амсоли инҳо маҳсулоти худро ба хориҷи кишвар, алалхусус ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон, содирот мекунанд, – гуфт мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи шаҳри Исфара Баҳром Қосимов.
Дар ҶДММ "Баракат – Исфара" коркарди маҳсулот бо истифода аз буғи гарм, нарм сохтани зардолу ва сиёҳолу, гирифтани донак, коркарди безараркунӣ, ташхиси озмоишӣ, ба навъҳо ҷудо кардан ва бандубасти меваҳо ба роҳ монда шуда, маҳсулоти коркардшуда, асосан, ба Федератсияи Россия содирот мегардад. Маҳсулоти асосии корхонаи мазкур меваҳои хушки органикӣ маҳсуб мешаванд, ки имрӯзҳо дар бозори ҷаҳонӣ харидорони зиёд доранд. Дар парвариш ва коркарди ин гуна маҳсулот барои таъмини хуштаъмӣ ва хушнамудии сунъӣ ягон навъи моддаҳои кимиёвӣ корбаст намешаванд.
Самти асосии фаъолияти коргоҳ истеҳсол, коркард ва содироти меваи хушк мебошад. Дар соли 2022 ҳаҷми инстеҳсоли маҳсулот бо нархҳои амалкунанда 17,4 миллион сомониро ташкил кардааст. Дар ин ҷо зиёда аз 17 намуд маҳсулот бандубаст ва коркард мешавад. Дар ду моҳи соли 2023 бошад, корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 3,1 миллион сомонӣ расондааст. Дар ду моҳи сипарӣ саҳми он дар маҷмуи маҳсулоти саноатии шаҳр 3,3 фоизро ташкил додааст. Алҳол дар корхонаи мазкур 141 нафар фаъолият мекунад, ки музди миёнаи маоши онҳо ба 1580,6 сомонӣ баробар аст.
Ҳамчунин, дар шаҳр фаъолияти корхонаи ҶДММ “Исфара фуд” назаррас буда, саҳми корхона дар маҷмуи маҳсулоти саноатии шаҳр 9 фоизро ташкил медиҳад. Соли сипаришуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот бо нархҳои амалкунанда 52784,1 ҳазор сомонӣ мебошад. Шумораи кормандон 55 нафарро ташкил медиҳад, ки музди маоши миёнаи онҳо 792 сомонӣ аст. Тайи ду моҳи рафта саҳми корхона дар маҷмуи маҳсулоти саноати шаҳр 5 фоизро ташкил дод.
Инчунин, Баҳром Қосимов иттилоъ дод, ки дар соли 2022 аз ҳисоби корхонаҳои саноатӣ 3600 тонна меваи хушк содирот шудааст. Соли гузашта корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 570 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Дар ин замина, 11 корхонаи нави саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сулҳу суботи ҷомеа ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкориву тиҷорат ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ мегардонад. Ин аст, ки сокинони шаҳри Исфара натиҷаи заҳмати худро чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар озодона ба фурӯш бароварда, сатҳи зиндагии оилаҳои худро торафт беҳтар мекунанд.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
рӯзноманигор