Баргашт Чоп кардан

ҒАЗАЛИ ПЕШВО БО ТОҶИКИСТОН

Тоҷикистон ҷазбаи оҳанрабо шуд баҳри ман,
Кишвари озодаи меҳру вафо шуд баҳри ман.
Чашми моро ҳоҷате набвад ба дармону даво,
Зарраи хокаш ба ҷои тӯтиё шуд баҳри ман.
Аз барои Тоҷикистон ман намеҷӯям баҳо,
Дар қиёси ганҷу гавҳар бебаҳо шуд баҳри ман.
Чашмаи оби бақо аз баҳри ман афсона нест,
Чашмасораш чашмаи оби бақо шуд баҳри ман.
Зери боли Тоҷикистон дар ҷаҳон осудаам,
Сояаш чун сояи боли Ҳумо шуд баҳри ман.
Шукри Меҳан, шукри мулки бехазону бегазанд,
Бо ҷилои парчамаш рангинқабо шуд баҳри ман.
Ҳукми қисмат қавмҳоро рӯи олам дода пош,
Тоҷикистон ҷаннате аз ибтидо шуд баҳри ман.
Сарвари мо дар адолат ҳамчу шоҳони каён,
Лоиқи эҷоди шеъри дилрабо шуд баҳри ман.
Бо Паёми раҳнамояш мениҳам гоми зафар,
Боди гулбези Ватан роҳатфизо шуд баҳри ман.
Бо заковат мекушояд ҳар гиреҳи бастаро,
Ҳарфу дастураш ба маъно раҳкушо шуд баҳри ман.
Аз нажоди ориёӣ Сарвари воломақом,
Бемуҳобо дарси ибрат дар сахо шуд баҳри ман.
То ба минбарҳои боло бурда рози ҳамватан,
Дар сиёсат панду андарзаш раво шуд баҳри ман.
Медурахшад ахтари саъдаш миёни осмон,
Бурҷи кайҳон сарзамини Ориё шуд баҳри ман.
Шеър мебояд навиштан баҳри ин фарзонамард,
Сархати девону дафтар, Пешво шуд баҳри ман.
Барқи "Роғун"-аш мунаввар мекунад дунёи Шарқ,
Чеҳрааш бахшандаи нуру зиё шуд баҳри ман.
Дар гулистони пур аз файзи Ватан парвардаам,
Булбули шавқам ба чаҳ-чаҳ дар наво шуд баҳри ман.
Вожаи ваҳдат сафои зиндагии одамон,
Манбаи илҳоми субҳи босафо шуд баҳри ман.
Равзаҳои Тоҷикистон нусхаи асли биҳишт,
Равнақу сарсабзияш доди Худо шуд баҳри ман.
Эй Баёзӣ, Тоҷикистон ахтари тобанда аст,
Ахтари рахшандаи арзу само шуд баҳри ман.
Саидҷаъфари БАЁЗӢ, шаҳри Бохтар
АРМУҒОН БА ПЕШВО
Эй Пешво, биё, ки дилу ҷон нисори туст,
Дарвозу Ванҷу Хоруғи мо интизори туст.
Чашми тамоми мардуми Рӯшону Роштқалъа,
Шуғнону то ба хиттаи Мурғоб чори туст.
Ишкошим аст, меҳани мардони рӯзгор,
Во карда хон Вахон ба раҳат гулнисори туст.
Меҳри Ватан зи домани модар тулуъ кунад,
Марзи Ватан кунун, ки тани бовиқори туст.
Шоҳони давр агарчи панаҳ дар Ватан буданд.
Ай шаҳсавори вақт, Ватан дар канори туст.
Аз мақдами ту карда гул ҳар гӯшаи Ватан,
Созандагиву сохтан ҳар дам шиори туст.
Аз гармии муҳаббати хуршед зиндагист,
Эй офтоб, кӯҳу даман беқарори туст.
Бо пои меҳр омадаӣ хуш ба Пои меҳр,*
Помири кӯҳпайкари ман интизори туст.
*номвожаи Помир шакли кӯтоҳшудаи Погаҳи Меҳр, ҷои баромадани Офтобро дорад
Хушомади АЛИДОД,
барандаи Ҷоизаи адабии ба номи
Мирзо Турсунзода