Баргашт Чоп кардан

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АББОСИ АРОҚЧӢ

30-юми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббоси Ароқчиро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот доираи васеи масоили вобаста ба муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ гардиданд. Аз раванди вусъати робитаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, аз ҷумла дар партави татбиқи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, изҳори қаноат карда шуд.
Масоили вобаста ба ҳамкории дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор доштанд. Алоқамандии ҳар ду ҷониб ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, ҳамлу нақли байналмилалӣ, кишоварзӣ, илму фанноварӣ, тандурустӣ, гардишгарӣ, фарҳанг ва дигар бахшҳо таъкид гардид.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин, доир ба масоили минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи муштарак сурат гирифт.
ПРЕЗИДЕНТИ МУҒУЛИСТОН ДАР «РОҒУН»
25-уми июл Президенти Ҷумҳурии Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух бо ҳайати ҳамроҳонаш дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иншооти аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» тамошо карданд. Дар ин сафар меҳмони олиқадрро муовини Сарвазири кишвар Усмоналӣ Усмонзода ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ ҳамроҳӣ доштанд.
Зимни ошноӣ бо иншоот Ухнаагийн Хурэлсух аз гузаргоҳҳои зеризаминӣ, нақбҳои обгузару обпарто, минтақаи тақсимоти барқ, толори мошинҳо ва мавзеи агрегатҳо боздид кард. Ба Президент иттилоъ доданд, ки бунёди ҳамаи қисматҳои Неругоҳ бо сифати баланди сохтмонӣ ва риояи тамоми талаботи бехатарию муҳандисӣ ба роҳ монда шудааст. Номбурда ба раванди сохтмони иншооти бузург баҳои баланд дода, ин иқдоми Тоҷикистонро дар самти рушди «иқтисоди сабз» хеле нодир ва шоистаи таҳсин хонд. Ухнаагийн Хурэлсух аз дидани корҳои бузурги зери кӯҳҳо анҷомёфта, ки дар ин ҷо дастгоҳу таҷҳизоти бузургҳаҷм ҷой гирифтаанд, ба ваҷд омада, созандагони онро офарин гуфт. Ҳамзамон, ҳайати меҳмонон аз Ҷумҳурии Муғулистон дар гӯшаҳои зиёди Неругоҳ аксҳои хотиравӣ гирифтанд.
Меҳмонон бунёди НБО “Роғун”-ро дар ҷодаи амалисозии Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид ва татбиқи “иқтисоди сабз” ҷиҳати пешгирии тағйирёбии офатбори иқлим ташаббуси беназири ҷаҳонӣ унвон дода, боздиду тамошои худ аз ин Неругоҳро як фоли нек арзёбӣ карданд. Гуфта шуд, ки НБО “Роғун” дар самти таъмини минтақаи Осиёи Марказӣ бо гидроэнергетика ва роҳкушоӣ ба пешбурди ин соҳаи афзали иқтисодӣ нақши калидӣ хоҳад бозид.
Муҳаммадамин ОДИНАЕВ,
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият», Душанбе – Роғун – Душанбе