МУҲЛАТИ ТАҲСИЛ ДАР КОЛЛЕҶҲОИ ОМӮЗГОРӢ ИХТИСОР ШУД
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 100663 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2112 нафар (2,1 дарсад) зиёд мебошад. Ин нуктаро раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо шаш филиал (коллеҷ) амал мекунад, ки дар онҳо аз рӯйи 344 ихтисос (нисбат ба соли рафта 135-то зиёд) дар самтҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, иқтисодӣ, технологӣ, техникӣ, муҳандисӣ-омӯзгорӣ, ҳуқуқ, таъмини бехатарӣ ва ғайра мутахассисон омода мешаванд.
Зикр шуд, ки имсол 24547 нафар (610 кас бо дипломи аъло) муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро хатм кард. Дар асоси роҳхати Кумита 538 хатмкунандаи гурӯҳҳои буҷетии соҳаи омӯзгорӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ сафарбар гашт.
Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ” муҳлати таҳсил дар коллеҷҳои омӯзгорӣ то як сол кам мешавад. Минбаъд шахсоне, ки таҳсилоти асосии синфи 9-ро доранд, дар коллеҷҳо се сол, шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумии синфи 11, ду сол мехонанд.
Кароматулло АТО
ТАЛАФОТИ НЕРУИ БАРҚ КОҲИШ ЁФТУ ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ БОЛО РАФТ
Тайи шаш моҳи аввали соли равон дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии ҶСК “Барқи тоҷик” ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ, дар маҷмуъ, 8 миллиарду 893,4 миллион кВт/соатро ташкил кард. Нишондод назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 944,6 миллион кВт/соат бештар аст. Истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ беш аз ҳашт миллиарду 34,5 миллион кВт/соат ва дар марказҳои барқу гармидиҳӣ 858,9 миллион кВт/соат таъмин шуд. Ин рақам зимни нишасти матбуотии якҷояи ҶСК «Барқи тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» иброз гашт.
Тавре Абдулло Қурбонзода, муовини директори генералии ҶСК «Барқи тоҷик», иттилоъ дод, талафоти неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ ба 34,3 миллион кВт/соат ё 0,39 дарсади барқи истеҳсолшуда баробар аст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта як миллион кВт/соат ё 0,05 дарсад коҳиш ёфт. Ҳамзамон, ҳаҷми истеҳсоли неруи гармӣ афзуда, ба 812,6 ҳазор Гкал баробар шуд. Қарзи дебиторӣ ба ҳолати якуми июли соли равон 44,6 миллион сомонӣ аст.
Ҷамъият бо мақсади беҳтар кардани таъмини неруи барқ аз дигар истеҳсолкунандагони мустақили дохили ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар ба 586,1 миллион сомонӣ се миллиарду 11,5 кВт/соат неруи барқ ворид кард.
Содироти неруи барқ ба хориҷи кишвар ба як миллиарду 121,2 миллион кВт/соат расида, асосан, ба Афғонистон ва Ӯзбекистон интиқол ёфт.
Кароматулло АТО
80 ширкати русӣ аз Тоҷикистон коргар меҷӯяд
Дар шашмоҳаи гузашта тақрибан 80 ширкат аз Федератсияи Россия ба ташкилотҳои давлатию ғайридавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби қувваи корӣ дархост фиристодааст. Ҳоло ин масъала ботадриҷ, бо назардошти манфиату ҳуқуқҳои шаҳрвандони кишвар, мавриди баррасӣ қарор гирифта, марҳала ба марҳала нафарони қобили меҳнат дар асоси шартномаи тарафайни меҳнатӣ фиристода мешаванд.
Дар ин хусус Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ, ба суоли хабарнигори рӯзнома посух дод.
Тавре номбурда гуфт, Вазорат бо мақсади тақвияти рушди соҳа дар самти муносибатҳои меҳнатӣ, танзими муҳоҷирати корӣ, бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ, рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир бо 15 давлат (Федератсияи Россия, Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Эрон, Туркия, Ҳиндустон, Қатар, Қувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб, Чин, Ҷопон ва Ҷумҳурии Корея) 37 шартномаи байналмилалӣ дар самтҳои марбут ба соҳаҳои гуногунро ба имзо расонда, амалӣ гардондааст. Аз ин 13 шартнома ба самти муҳоҷирати меҳнатӣ марбут аст.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ
КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ба маблағи беш аз 57 миллион сомонӣ хизмат расонд
Корхонаҳои соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба истифодабарандагон ба маблағи 57 миллиону 511,2 ҳазор сомонӣ хизматрасониҳои гуногуни коммуналиро ба роҳ монданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 миллиону 329, 6 ҳазор сомонӣ (114 дарсад) зиёд мебошад.
Дар ин бора Ҷамшед Табарзода, раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Дар самти хизматрасониҳои коммуналӣ гуфт, ки дар ин давра аз ҷониби корхонаҳои коммуналии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ба маблағи зиёда аз 23 миллион сомонӣ корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ иҷро гардиданд, ки 95 дарсади иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишударо дар бар мегирад.
Аз ҷониби кормандон партовҳои сахти маишӣ дар ҳаҷми 260 ҳазор метри мукааб бароварда ва 57,7 ҳазор бех дарахтони ороишию сояафкан, 2 миллиону 79,5 ҳазор дона гулу гулбуттаҳои мавсимӣ шинонда шуданд.
- Корхонаҳои соҳаи обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партови тобеи КВД “ Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ба истифодабарандагон 43 миллиону 574,4 метри мукааб оби нӯшоӣ интиқол дода, корҳои баровардани партовобҳоро дар ҳаҷми 12 миллиону 644,1 метри мукааб ба анҷом расонда, ба суратҳисоби мақомоти андози шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯи ҳамаи намуди андозҳо 29 миллиону 940 ҳазор сомонӣ маблағ ворид намуданд, - гуфт Ҷамшед Табарзода.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРӢ
57 тағйиру илова дар 6 моҳ
Маркази миллии қонунгузорӣ дар давраи ҳисоботӣ 3 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ: қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо», «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи манзил»-ро баррасӣ кард, ин санадҳо дар таҳрири нав қабул шуданд.
Инчунин, бо мақсади татбиқ намудани консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ нақша-чорабиниҳо доир ба амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28-уми декабри соли 2024 зикр ёфтаанд ва кори комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 тасдиқ гардиданд.
Дар ин хусус Саидзода Иззатулло Ҳабибулло, директори Марказ, ба хабарнигирон иттилоъ дод.
Ҳамчунин, зикр шуд, ки барои мураттабсозии қонунгузорӣ дар соли ҷорӣ 57 тағйиру иловаи дахлдор ба махзани қонунгузории сомонаи Марказ ворид шуд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ
ТОҶИКСТАНДАРТ
198704 ҳисобкунак аз санҷиши эътимоднокӣ гузаронда шуд
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ҷониби нозирони давлатии метрологӣ дар 360 корхона ва муассисаҳои давлатӣ корҳои санҷишӣ сурат гирифт ва дар натиҷа аз 159655 воситаи ченак 66994-тоаш бо сабаби муҳлати кориашон гузаштан ва ё таъмирталаб будан, корношоям ҳисобида шуданд.
Ин матлабро Раҳмоншо Мирзоён, муовини якуми директори Агентии «Тоҷикстандарт», зимни нишасти матбуотӣ, иброз дошт.
Дар ин давра дар озмоишгоҳҳои санҷиш ва андозагирии воситаҳои ченаки Агентӣ 275 547 воситаи ченак аз санҷиши эътимоднокии давлатӣ гузаронда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 71 828-то зиёд мебошад.
Ҳамчунин, мутахассисони Агентӣ 198704 ҳисобкунаки барқӣ ва 19373 ҳисобкунаки обиро таҳти санҷиши мутобиқати давлатӣ қарор доданд.
Бо мақсади кам намудани талафоти тиҷоратии неруи барқ дар ҷумҳурӣ ва таҳти назорати ҷиддӣ қарор додани санҷиши ҳисобкунакҳои барқӣ дар якҷоягӣ бо ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нақша-ҷадвали санҷиши давлатии ҳисобкунакҳои барқӣ барои соли равон таҳия, мувофиқа ва тасдиқ гардид. Дар натиҷа 198704 ҳисобкунак аз санҷиши эътимоднокӣ гузаронда шуд, ки 291 дарсади иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
НОҲИЯИ ДАНҒАРА
Авлавият ба рушди саноат
Сиҷоуддин Саломзода, раиси ноҳияи Данғара, ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ қисми даромади буҷет 102 дарсад иҷро гардида, 143 миллиону 625 ҳазору 789 сомонӣ ба хазина ворид гашт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29 миллиону 201 ҳазору 861 сомонӣ зиёд аст.
Мавсуф тазаккур дод, ки дар ноҳия музди миёнаи меҳнат ба 2692 сомонӣ баробар буда, қарздорӣ аз пардохти он вуҷуд надорад.
Зикр шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиарду 277 миллиону 882 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта бештар аст. Алалхусус, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 39 корхонаи саноатӣ вусъат ёфта, иҷрои нақша 102 дарсадро дар бар гирифт. Ба иттилои раиси ноҳия, дар ин муддат 3 корхонаи саноатӣ мавриди истифода қарор гирифт ва дар назар аст, ки то охири сол боз 4 корхона фаъол мегардад. Мутаассифона, 14 корхона имсол маҳсулот набаровард.
Нишондодҳо дар соҳаи кишоварзӣ назаррас буда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар давраи ҳисоботӣ 945 миллиону 889 ҳазору 200 сомониро ташкил дод, ки 111 дарсади иҷрои нақша аст.
Суннати СОДИҚ
ДБЗХТ
8 ихтисоси нав таъсис ёфт
Бо таваҷҷуҳ ба дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зинаи бакалавриат ва таҳсилоти рӯзона 8 ихтисоси нав аввалин бор дар Маркази миллии тестӣ ба қайд гирифта шуд.
Аз ҷумла, забонҳои муосири хориҷӣ - забони испанӣ. Забони англисӣ (омӯзгор), забони итолиёӣ. Забони англисӣ (омӯзгор), забони олмонӣ. Забони англисӣ (тарҷумон), забони олмонӣ (омӯзгор), забони форсӣ. Забони англисӣ (омӯзгор), забони арабӣ. Забони англисӣ (омӯзгор), таҳсилоти томактабӣ. Забони тоҷикӣ (омӯзгор), WEB-рӯзноманигорӣ.
Илова бар ин, ду ихтисоси нав «Таҳсилоти ибтидоӣ, забони англисӣ» (омӯзгор) ва «Таҳсилоти томактабӣ, забони англисӣ» (омӯзгор) дар шуъбаи таҳсилоти фосилавии зинаи бакалавриат таъсис ва дар нақшаи қабули соли таҳсили 2025-2026 ворид карда шуданд.
Дар ин бора Жило Гулназарзода, ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Донишгоҳ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Зикр шуд, ки бахшида ба эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия дар Донишгоҳ Маркази иттилоот, инноватсия ва рақамикунонӣ таъсис ёфт. Марказ дорои 65 ҷойи нишаст, компютерҳои замонавӣ ва таҷҳизоти махсуси омӯзишӣ мебошад. Марказ имконият медиҳад, ки лоиҳаҳои илмию тадқиқотӣ дар заминаи технологияҳои муосир татбиқ шаванд ва донишҷӯён ба захираҳои электронии байналмилалӣ дастрасӣ пайдо намоянд.
Шаҳноз ҚУРБОН