Баргашт Чоп кардан

АГЕНТИИ БЕҲДОШТИ ЗАМИН ВА ОБЁРӢ. БУРДУ БОХТИ СОҲА ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛ

Зафарбек Давлатзода, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки Агентӣ мақсад дорад, дар нимсолаи дуюми соли равон таъмини муътадили истифодабарандагонро бо об ба роҳ монад.

Инчунин, азхудкунии 3254 гектар замини нав, барқарорсозии 1400 гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, беҳтар намудани ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии 11222 гектар замини корами обӣ, гузарондани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо дарозии 18 894 метр бо мақсади пешгирӣ аз офатҳои табиии марбут ба об ва эмин нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин ва иншооти хоҷагии халқ дар назар аст.
Бо мақсади бо оби полизӣ таъмин намудани истифодабарандагон дар мавсими обдиҳии нимсолаи аввали соли равон, идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар майдони 514 925 гектар бо 60025 истифодабарандаи об шартномаи тарафайн баста, ба онҳо дар ҳаҷми як миллиарду 894 миллион метри мукааб об расондаанд, ки арзиши хизмат 92,5 миллион сомониро ташкил кард. Аз тарафи истифодабарандагони об дар ин давра ба маблағи 27,9 миллион сомонӣ ё ин ки ба андозаи сӣ дарсади арзиши оби додашуда ҳаққи хизмати обрасонӣ пардохт шудааст, ки назар ба соли гузашта бештар мебошад.
Чуноне иттилоъ гирифтем, дар ҷумҳурӣ 380 дастгоҳи обкашӣ ва 55 чоҳи амудӣ бо истифодаи 7,3 миллион кВт/соат неруи барқ дар як шабонарӯз фаъолият намуда, заминҳои кишоварзиро бо об таъмин доранд.
Зафарбек Давлатзода перомуни аз фаъолият бозмондани пойгоҳҳои обкашӣ гуфт, ки дар кишвар 793 пойгоҳи обкашӣ буда, дар тавозуни Агентӣ 393 пойгоҳ қарор дорад. Ҳоло 56 пойгоҳи обкашӣ, аз ҷумла дар вилоятҳои Хатлон 18, Суғд 16 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 22 пойгоҳ бо сабаби нарасидани таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ, инчунин, солҳои зиёди фаъолият куҳнаву фарсуда шуда, аз кор бозмондаанд, ки дар натиҷа 12302 гектар замини кишоварзӣ бе об аст. Супориш гирифтем, ки то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пойгоҳҳо ва дастгоҳҳои обкаширо барқарор созем.
Ҳоло дар соҳа панҷ барномаи давлатӣ бо арзиши ду миллиарду 241 миллион сомонӣ татбиқ мегардад. Тибқи иттилоъ, ба ҳолати якуми июли соли равон ҳолати мелиоративии 4410 гектар замин беҳтар гардида, корҳо дар ин самт идома доранд. Аз ҳисоби заминҳои чарогоҳ ва ғайрикишоварзӣ 1363 гектар замини нав аз худ шуда, 1732 гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барқарор ва ба гардиши кишоварзӣ ворид гардид. Дар ин муддат дар доираи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 корҳои барқарор ва мустаҳкамсозии соҳил ба дарозии 18748 метр бо харҷи 14,2 миллион сомонӣ анҷом ёфтанд.
Ҳоло барои дастгирии соҳа дар назди Агентӣ се лоиҳаи сармоягузорӣ: «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон», «Системаи обёрии ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ тобовар ва навсозии заҳкашу заҳбурҳо дар ҳавзаи дарёи Вахш», «Такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон» ба маблағи 135,7 миллион доллари ИМА татбиқ мешавад. Аз маблағи умумӣ то имрӯз бо сарфи 50 миллион доллар корҳо ба иҷро расиданд. Лоиҳаҳои зикршуда барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва таъмиру барқарорсозии иншооти обёрӣ ва инфрасохтори он равона гардидаанд.
Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ оид ба танзим ва дастгирии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва ҷиҳати устувор намудани фаъолияти он дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 242 ассотсиатсияи истифодабарандагони об фаъолият менамояд, ки ба 468,3 ҳазор гектар ё тақрибан ба шасту як дарсади заминҳои обёришавандаи ҷумҳурӣ хизмат мерасонад.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”