Шаҳри бостонии Истаравшан, ки яке аз марказҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, имрӯз дар самти рушди сайёҳӣ қадамҳои устувор мегузорад. Дар заминаи татбиқи сиёсати давлатӣ, бахши рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои марбута як силсила тадбирҳоро амалӣ менамояд, ки ҳадаф аз он баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби бештари сайёҳон ба шаҳр мебошад.
Ҳамзамон, дар ин замина таваҷҷуҳи махсус ба ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар маҳаллаву ҷамоатҳо, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ зоҳир карда мешавад.
Мудири бахши рушди сайёҳии шаҳри Истаравшан Қайюмҷон Шодиев дар ин хусус чунин гуфт:“Дар шаҳри Истаравшан 153 ёдгории таърихӣ буда, 30 номгӯи он ба дафтари кадастраи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст. Дар доираи Барномаи рушди инфрасохтори сайёҳии шаҳри Истаравшан барои солҳои 2024-2030 як қатор иншооти муҳими сайёҳӣ сохта ва ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, қасри раёсати фарҳанги шаҳр, боғҳои истироҳатию фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ ва “Ҷавонӣ” аз шумори чунин иншоот мебошанд. Роҳҳои мошингард ва хонаҳои истироҳатӣ дар наздикии мавзеъҳои сайёҳӣ ба талаботи санитариву гигиенӣ ҷавобгӯ мебошанд, ки ин шароити мусоидро барои ҷалби бештари сайёҳон фароҳам меорад.
ҚАЛЪАИ МУҒ – ГАНҶИНАИ ТАЪРИХИ ТОҶИКОН
Қалъаи Муғ яке аз маъруфтарин ёдгориҳои таърихии шаҳри Истаравшан ба шумор меравад. Ин ёдгории нодир дар баландии 1040 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, бо таърихи куҳани хеш сайёҳони зиёдеро ҷалб мекунад. Қалъа давоми солҳои зиёд мавриди омӯзиши олимони ватаниву хориҷӣ қарор гирифта, дар натиҷаи ҳафриёти археологӣ ашёи гаронбаҳое пайдо шуданд, ки таърихи миллати тоҷикро бозгӯ мекунанд.
Соли 2018 бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қалъаи Муғ дар шакли пештарааш аз нав сохта шуда, ба зиёратгоҳи сайёҳони дунё табдил ёфт.
Бино ба иттилои директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи ёдгорӣ-таърихии Қалъаи Муғ”-и шаҳри Истаравшан Мирзо Олимов, дар панҷ моҳи соли равон 4062 сайёҳи дохилӣ ва 495 сайёҳи хориҷӣ ба тамошои Қалъаи Муғ омадаанд.
Воқеан, шаҳри Истаравшан имкониятҳои васеи сайёҳӣ дошта, падидаҳои таърихии шаҳри бостонӣ хеле ҷолибанд. Имрӯз барои тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр чораҳои зарурӣ андешида шуда, туризми таърихӣ-этнографӣ рушд дода мешавад, зеро шаҳри Истаравшан бо иқтидори бузурги таърихию фарҳангӣ ва табиии худ метавонад ба яке аз марказҳои муҳимтарини сайёҳии Тоҷикистон табдил ёбад.
Корҳои амалишаванда дар доираи стратегияҳои миллӣ, ҳамкориҳои дохиливу хориҷӣ ва тақвияти ҳу нарҳои мардумӣ роҳи устувореро барои пешбурди сайёҳӣ дар шаҳр мегузоранд.
Рушди соҳаи сайёҳӣ дар Истаравшан ҳамчун василаи ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ, бозсозии ҳунарҳои қадим ва таҳкими ифтихори миллӣ хизмат хоҳад кард.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”