Солҳои охир аз ҷониби соҳибкорон ва нафарони саховатманд корҳои ободониву созандагӣ, дастгирии ятимону оилаҳои ниёзманд бештар ба назар мерасад. Ин нафарон дасти мадад дароз намуданро ба дармондагон қарзи инсонии худ меҳисобанд. Дар ҳамин радиф Ҷамол Давлатов, аз зумраи шахсоне мебошад, ки дар рушду пешрафти як гӯшаи диёр – Файзободи хушманзара саҳм гузошта истода, пайваста ба ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд дасти сахо дароз мекунад.
Соҳибкор дар маркази Ҷамоати шаҳраки 30-солагии Истиқлол мағозаҳои хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмон, ҳаммоми замонавӣ, дорухона, сартарошхона, устохонаи таъмири таҷҳизоти наворию садоӣ ва молҳои рӯзгорро сохта, ҳамчунин, дар назди мағозаҳо марказҳои хизматрасонӣ дар хизмати сокинон қарор доранд. Иншооти нав, ки бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ва шароити хуби хизматрасонӣ таъминанд, симои маркази шаҳракро зеботар намудаанд.
Бояд гуфт, ки қаҳрамони мо барои ба ҷойи кор таъмин намудани сокинони Ҷамоат дар назди шоҳроҳ дукони “Гӯшаи деҳқон” ва молҳои рӯзгордориро таъсис дод, ки дар онҳо беш аз 20 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Номбурда кори хайру савобро пешаи ҳамешагии худ дониста, доимо дар фикри ободу зебо гардондани маҳалаш, ки як пораи Тоҷикистони азиз аст, мебошад. Ҳамасола бо боридани барф роҳҳои деҳаро аз ҳисоби худ тоза мекунад. Роҳу пули нақлиётро, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарар дида буданд, таъмир намуд.
Ба муносибати Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар гӯшаву канори кишвари азизамон корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома доранд, аз ҷумла дар ноҳияи Файзобод Ҷамол Давлатов низ, саҳми худро дар ноҳия гузошта истодааст. Ӯ дар иду ҷашнҳо ба оилаҳои ниёзманд доимо дасти мадад дароз мекунад, махсусан дар моҳи Рамазон ва Иди сайиди Фитр. Ӯ нақша дорад, ки бо мақсади боз ҳам зебову обод гардондани диёраш ва барои беҳтар намудани шароити сокинони ноҳия марказҳои хизматрасонӣ созад. Номбурда инро қарзи шаҳрвандии ҳар сокини кишвар дониста мегӯяд: "Пешвои миллат дар ҳар суханронияшон дасти ёрӣ дароз кардан ба ятимону бечорагон ва анҷом додани амалҳои хайрро таъкид мекунанд. Мардуми мо бо файзи истиқлол ва дар доираи аҳкоми шариат фаризаву воҷиботи диниро озодона адо мекунанд ва арзишҳои инсондӯстонаву хайрхоҳонаи онро гиромӣ медоранд. Барои ҳар фарди озода аз ин дида неъмати волотаре вуҷуд надорад. Ҳар яки мо бояд баҳри ободу зебо гардондани манзилу маҳали зисти хеш, дар маҷмуъ, кишвари азизамон талош варзем. Мардуми мо бо файзи истиқлол ва дар доираи аҳкоми шариат фаризаву воҷиботи диниро озодона адо мекунанд ва арзишҳои инсондӯстонаву хайрхоҳонаи онро гиромӣ медоранд. Барои ҳар фарди озода аз ин дида неъмати волотаре вуҷуд надорад".
Мулоқоту суханрониҳои Пешвои миллат мо – соҳибкоронро водор месозад, ки ба ободонии Ватан, хусусан ташкили марказҳои хизматрасонӣ, бештар таваҷҷуҳ намоем ва тавассути онҳо ҷавононро бо ҷойи кор таъмин карда, ҳунару истеъдодашонро сайқал бахшем”, – мегӯяд Ҷамол Давлатов.
Зикруллоҳ РАҶАБ, «Ҷумҳурият»