Баргашт Чоп кардан

ФУТБОЛ

Тоҷикистон дар Ҷоми миллатҳои CAFA бо Ҳиндустон бозӣ мекунад
Ҳарифи нави тими миллии Тоҷикистон дар Ҷоми миллатҳои CAFA (CAFA Nations Cup 2025), ки аз 29-уми август то 8-уми сентябр баргузор мешавад, маълум шуд.
Тибқи иттилои ФФТ, дастаи мунтахаби Ҳиндустон дар ин мусобиқа ба ҷойи Малайзия бозӣ мекунад. Тими миллии Тоҷикистон нахустин бозии худро дар мусобиқа бо дастаи Ҳиндустон (29-уми август) анҷом медиҳад. Миллипӯшони мо дар гурӯҳи “В”, инчунин, бо Афғонистон (1-уми сентябр) ва Эрон (4-уми сентябр) вомехӯранд. Вохӯриҳои ин гурӯҳ дар шаҳри Ҳисор баргузор мешаванд. Бозиҳои гурӯҳи “А” бошад, дар Тошкент сурат мегиранд. Ба ин гурӯҳ Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Уммон шомиланд.
Тибқи низомнома, марҳалаи гурӯҳӣ дар як давр доир мегардад. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал, дастаҳои ҷойи дуюми гурӯҳҳо барои ҷойи сеюм бозӣ мекунанд.
Финал дар Тошкент, бозӣ барои ҷойи сеюм дар Ҳисор сурат мегирад.
Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат таъмир мешавад
Гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳайати ноибони президенти ФФТ Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода, инчунин, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев бо раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода мулоқот карданд.
Зимни суҳбат аз ҷараёни иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо масъулони соҳаи футболи мамлакат аз 3-юми феврали соли 2025, маълумоти дахлдор пешниҳод карда шуд.
Пас аз шиносоӣ аз рафти корҳои анҷомдода дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат, ки дорои 25 ҳазор ҷойи нишаст мебошад, иттилоъ дода шуд, ки рӯзҳои наздик кишти сабзаи нави майдони варзишгоҳ ба роҳ монда шуда, системаи рӯшноии он азнавсозӣ, инчунин, намолавҳаи муосири электронӣ насб мегардад. Таъмири биноҳои иловагии Варзишгоҳ низ ба нақша гирифта шудааст.
ТАЕКВОНДО
Ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи таеквондои Ӯзбекистон тақвият меёбад
Ноиби президенти Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев дар шаҳри Тошкент бо ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон, раиси Ассотсиатсияи таеквондо (WT)-и Ӯзбекистон Шерзод Тошматов мулоқот кард.
Зимни суҳбат самтҳои асосии ҳамкорӣ, мисли тақвияти робитаҳои дуҷониба байни федератсияҳо, ташкили лагерҳои муштараки омӯзишиву тамринӣ, баргузории мусобиқаҳои байналмилалӣ, рушди таеквондои олимпӣ дар Осиёи Марказӣ, мубодилаи таҷриба байни варзишгарон ва ҳайати мураббиён баррасӣ шуданд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”