Баргашт Чоп кардан

ПАНҶ. АВЛАВИЯТ БА ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Панҷ бо корҳои ободонӣ ва самаранок истифода бурдани заминҳо шинос шуд.
Аз ҷумла, дар деҳаи Саройкамари Ҷамоати деҳоти Намуна раиси вилоят бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии «Кавракбобо» шинос шуда, дар кишти сабзӣ иштирок намуд. Хоҷагии деҳқонӣ соли 2009 таъсис ёфта, майдони умумиаш 2 гектарро ташкил дода, дар 1,4 гектар пахтакорӣ, 0,40 гектар кишти сабзӣ, 0,20 гектар сабзавоткорӣ ба роҳ монда шудааст.
Кишоварзони ноҳия соли равон бо истифодаи пурсамару мақсадноки заминҳои корам ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, бахусус маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва содиротӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд. Дар маҷмуъ, хоҷагидорони ноҳияи Панҷ дар ҳама бахшҳои соҳаи кишоварзӣ дастовардҳои назарраси меҳнатӣ дошта, дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ, фаъолона саҳм мегузоранд.
Дар идома раиси вилоят дар деҳаи Бурхиёни Ҷамоати деҳоти Меҳвар бо рафти корҳои ободонӣ ва чароғонкунии кӯчаҳо шинос шуд. Аз тарафи сокинони деҳаи Бурхиён ва шахсони саховатманд бо мақсади чароғонкунӣ 32 поясутуни оҳанин бо маблағи 39 ҳазор сомонӣ харидорӣ шуда, насбу васли онҳо идома дорад.
Дар деҳаи Бурхиён, ҳамчунин, бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Бунгоҳи тиббӣ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи феврали соли 2024 аз тарафи Бунёди миллии маблағузории Тоҷикистон оғоз гардид. Бунгоҳ дорои таҷҳизоти замонавии тиббӣ буда, ба аҳолии деҳаи Бурхиён хизмат мерасонад.
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36-уми ин деҳа, ҳамчунин, толори варзиш мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иттилоъ дода шуд, ки толор бо саҳми сокинони деҳа бунёд гардида, хонандагон ҳоло ба машқу тамрин машғул мебошанд.
Давлаталӣ Саид дар деҳаи Уртабулоқи ноҳияи Панҷ аз рафти корҳои сохтмони Парки технологии инноватсионӣ боздид намуд, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд мегардад.
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби заминҳои литсейи касбии техникии ноҳия дар масоҳати 3 гектар замин барои Парки технологии инноватсионӣ қитъаи замин ҷудо шуда, айни замон корҳои сохтмони корхонаҳои истеҳсоли макарон, бандубасти писта, истеҳсоли равған ва корхонаи пахтатозакунӣ ҷараён дорад.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"