Баргашт Чоп кардан

УСТОД ГУЛНАЗАР: "ИН ВАТАН ҲАЙКАЛИ МО ХОҲАД БУД!"

Ба ифтихори қомат афрохтани ҳайкали Шоири халқии Тоҷикистон
ГУЛНАЗАР
Пироҳани нав бар тан, гулдаста дар каф, ғунчаи табассум дар лаб, ҷузвдони пур аз дафтар дар китф нахустин бор по ба остонаи дабистон ниҳодем.
Як гурӯҳ хонандагони синфҳои болоӣ дар маҳфили «Занги аввалин», ки он солҳо расм буд, пеш аз он ки Суруди миллиро сароянд, бо як овоз гуфтанд: «Шеъри Гулназар Келдӣ, оҳанги Сулаймон Юдаков». Баъд оғоз ёфт он суруде, ки миллатро ваҳдат бахшида:
Диёри арҷманди мо,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод!..
Ёздаҳ сол бо як овоз ҳамин суруди ба дил азизро сароида бузург шудем. Нахуст бо ҳисси кунҷковӣ ҳар гоҳ ба худ савол медодам: ҳамин шеър чаро ба дил намезанад, дар ҳамаи маҳфилу чорабинӣ, садову симо, гузаштҳои ҳарбӣ, мусобиқоти варзишӣ, ҷашнҳои бузург садо медиҳад ва дар китобу китобчаҳо, журнали синф, рӯзнома ва ҳатто, дар гӯшаи синфиву овезаҳои дигар сабт асту боз ҳам азиз аст?
Чун камобеш эҳсос ҷои худро ба ақлу фаросат дод, руҳан ба ин савол посух пайдо шуд. Шеъре, ки он бӯи таъриху тамаддун мекунад, шеъре, ки дар вожа-вожааш ормонҳои миллат, хостаҳои мардум ва фардонигариву орзуҳои кӯчаку бузурги тоҷикону тоҷикистониён маҳфуз аст, бо вуҷуди такрори пай дар пай ҳамеша нав, ноб ва руҳнавоз аст.
* * *
Толеъ мадад кардаву соли 2010 чун донишҷӯ ба Душанбешаҳр омадем. Соли 2011 бо устод Гулназар дар Курс-конфронси ҷумҳуриявии адибони ҷавон, ки он сол дар Душанбе ҷараён мегирифт, вохӯрдем. Устод бо дӯст ва ҳамқалами деринаи худ Саидалӣ Маъмур бо гурӯҳи мо се рӯз корҳои машваратӣ ва таҳлили ашъори хоми мо – навқаламонро пеш бурданд. Шодиву нишоти маро, ки 18 сол бо ин ном ошно будаму худашро бори аввал медидам, беинтиҳо буд. Дар ёдам ҳаст ин сабақ: “Бачаҳо, гул шукуфт гӯед ё нависед, ин ҳанӯз гап аст, гапи одие, ки ҳама медонаду ба лаб меоранд. Аммо гул хандид ё гул ба лаб табассум гирифт гӯеду нависед, аллакай, муколамаи шоирона оғоз мешавад. Ҳарчанд ин ҳанӯз шеър нест, аммо таъин ки, алифбои шоирӣ аст. Шоирӣ, яъне ба табиат, ба атроф бо нигоҳи мушаххас, бо назари фардӣ ва ғайриодӣ нигаристан аст».
«ШЕЪРРО ЗОДААМ!»
Шоири озода Гулназар ошиқи модарзод буданд. Ошиқи зиндагӣ, ошиқи зану шеър ва ошиқи Тоҷикистони азиз. Дар барномаи «Омадем, бубинем…», ки солҳо дар шабакаи «Баҳористон» пахш мешуд, бо устод вохӯрдем.
Муҳимтарин лаҳзаи суҳбат дар атрофи Суруди миллӣ ҷараён гирифт. Аз ҷавонон касе дар бораи таърихи ин шеър пурсид. Устод як дафтари калонҳаҷмеро ба мо нишон дода, гуфтанд: «Ана ин дафтари машқи шеърҳои ман аст. Аммо ин танҳо аз як шеър, шеъре, ки имрӯз ҳама чун Суруди миллӣ медонанду месароянд, пур шудааст».
Ҳама ҳайрон буданд, ки чи тавр чунин дафтари бисёрварақа аз як шеъри хурд пур мешудааст. Шоир бо табассум инро шарҳ дод: «Шумо гумон накунед, ки ин шеър ба содагиву осонӣ иншо шудаву чун Суруди миллӣ баргузида шудааст. Барои ба шакли ҳозира омадани он басе ранҷ бурдаам. Шояд ҳар мисраашро то даҳ бор иваз кардаву таҳрир даровардаву такмил додаам. Барои он ки бо оҳанг ҷӯр ояд, вожаҳо, ибораҳо, мисраъҳо мутантану гӯшнавоз ва ҳамзамон, хотирмону саршор аз мазмунҳои баланд гарданд, маъниҳо ҳамдигарро такрор накунанд ва бо ҳам қарибу ҳамхун бошанд, як дафтарро пур намудаам. Хулоса, хоҳ бовар кунед, хоҳ не, ман ин шеърро аз ҷону дилу хеш зодаам».
МАРГИ ЧУНИН ХОҶА НА КОРЕСТ ХУРД…
Боре сафири вақти Фаронса дар Тоҷикистон бону Ясмин Гуедар ба ифтихори гиромидошти Хайём бо адибони тоҷик вохӯрд. Гули сари сабади маҳфил устод Гулназар буданд. Нахуст, сухан ба устод дода шуд. Устод мухтасар аз сафарашон ба Париж нақл карда, бо чанд рубоии Хайём ҳамаро шодоб карданд, бо чанд ҷумлаи зебои фаронсавӣ бо бону Ясмин хушгӯӣ карда, дили ҳамаро лабрези фараҳ намуданд. Он ҷо паём гирифтем, ки баёзи шоирони муосири Фаронсаро ба тоҷикӣ маҳз устод баргардон кардаанд.
Ба китобхона сар зада, маълум шуд, ки устод дар тарҷумаи ашъори шоирони рус, украин, қазоқ, араб, ҳиндӣ, чин, фаронсавӣ саҳм доранд. Баёзи шоирони ҳинд ва чин, ки ба дастам расид, шоҳиди гӯёи ибтикори шоир дар ин арса аст.
Ҳамчун як хонандаи адабиёт огоҳам, ки Гулназар аз рӯшантарин чеҳраҳои фарҳанги мо ва аз пуркортарин адибони тоҷик буданд. Агар оянда куллиёти шоир фароҳам ояд, бешубҳа миқдорашон аз даҳҳо ҷилди чопӣ мегузарад. Аз ин ҳама метавон қазоват кард, ки адабиёти дерпойи тоҷик талафоти бузург дод ва бешубҳа «марги чунин хоҷа на корест хурд».
РУҲИ МОРО НАЗАНАД ЗУЛМАТИ ШАБ!
Охирон суҳбати муфассали мо бо устод соли 2019 дар меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд гузашт. Сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” устод Қурбоналӣ Раҳмонзода ҳам бо мо буданд. Он ҷо Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин шеъри бачагона” ҷамъбаст мешуд, ки муассисонаш рӯзномаи мо ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд буданд. Як шеъри навиншову ноби шоирро дар як чорабинӣ шунида будам, хостам бо ҳамон шукӯҳ ва ширинӣ қироат кунанд, то сабт шавад. Ин шеър, ба қавли муаллиф, он замон дар ҳеч куҷо нашр нашуда буд. Чакома дар дил ормону ифтихор падид меорад ва гумон мекунед, ки ҳамин ҳоло агар мемиред, танҳо Ватан ёдгори шумо хоҳад буд:
Ин Ватан ҳайкали мо хоҳад буд,
Зиндатар аз дили мо хоҳад буд.
Ҳадди охир, ки ба номаш бирасем,
Боз ҳам аввали мо хоҳад буд.
Озодагиву фазилати шоирро бинед, ки ҳанӯз шаш сол пеш пешгӯӣ карда буд, ки Меҳанаш ҳайкали ӯ хоҳад буд. Воқеан ҳам, 11-уми июли соли ҷорӣ ҳангоми сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ гулгашт ва муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ифтитоҳ ёфт.
Ранҷҳои эҷодиву фикрии шоирро Сарвари кишвар, миллати тоҷик ва тоҷикистониён фаромӯш намекунанд. Бо Суруди миллӣ ҳар рӯз, ҳар шом Гулназар ёд мешавад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”