Баргашт Чоп кардан

ПАРЧАМ – РАМЗИ ИФТИХОР ВА САДОҚАТ БА ВАТАН

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи васеи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ баён гардиданд, дар шаҳри Хуҷанд аксияи ватандӯстона таҳти унвони «Парчам – рамзи истиқлолият» роҳандозӣ шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, ин иқдоми ватанпарварона бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ба роҳ монда шуда, ҳадаф аз он баланд бардоштани руҳияи ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ ва таҳкими ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.
Ҳангоми баргузории аксия, бо сокинон суҳбатҳои тарбиявию фаҳмондадиҳӣ баргузор шуда, арзиши Парчами давлатӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллии мардум мавриди тавзеҳ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ рамзи истиқлол ва нишони ифтихору сарбаландӣ, ваҳдату ягонагии миллат, вафодорӣ ба арзишҳои миллист.
Иқдоми "Парчам – рамзи истиқлолият" дар дигар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд низ идома ёфта, то Ҷашни бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати бештар хоҳад гирифт.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
ӮЗБЕКИСТОН. ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ НАВОӢ ДУ ГУРӮҲИ ТОҶИКӢ ИФТИТОҲ ЁФТ
Дар Донишгоҳи давлатии Навоӣ ду гурӯҳи тоҷикӣ таъсис дода шуд. Тавре проректори Донишгоҳ ва муаллифи чандин китобҳои дарсии тоҷикӣ Таваккал Чориев гуфт, имсол ба гурӯҳҳои таълими томактабӣ ва таълими синфҳои ибтидоӣ 15-нафарӣ донишҷӯ қабул гашт.
– Бо мурури замон афзоиш додани шумораи донишҷӯёнро барномарезӣ кардем. Аз соли таҳсили 2026-2027 шумораи донишҷӯён зиёд карда хоҳад шуд. Ҳоло дар ду гурӯҳ 5-нафарӣ аз рӯи гранти давлатӣ ва 10-нафарӣ тибқи шартнома таҳсил хоҳанд кард, – афзуд Таваккал Чориев.
Донишгоҳи давлатии Самарқанд ва Донишгоҳи давлатии Тирмиз ҷиҳати қабул ва тайёр кардани кадрҳо бо забони тоҷикӣ аз собиқадортарин масканҳои илму маърифати олӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳсуб меёбанд. Баъди ифтитоҳи гурӯҳҳои тоҷикӣ дар донишгоҳҳои давлатии Бухорову Фарғона ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Чирчиқ ин чорумин муассисаи таълимии олӣ дар Ӯзбекистон аст, ки гурӯҳҳои тоҷикӣ ифтитоҳ ёфтааст.
Айни ҳол дар Ӯзбекистон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ки таълим бо забони тоҷикӣ сурат мегирад, ҳамагӣ 305 донишҷӯ фаро гирифта шуда, 205 нафари онҳо дар шуъбаҳои рӯзонаи бакалавр таҳсил мекунанд.
Мирасрор АҲРОРОВ, шаҳри Тошкент