Баргашт Чоп кардан

ОДИНА ҲОШИМ

Ӯро истеъдоди худодаш машҳур кард. Барои миёни мардум будан, барои халқ хизмат намудану барои мардум сароидан аз мансаб даст кашид. Мардумитарин ҳунарманд буд, дарди ҳар табақаро медонист ва месуруд. Ин аст, ки хизматҳои ӯро ба назар гирифта, бо дастури Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Филармонияи мардумии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба номи ӯ гузошта шуд. Дар Душанбе Мактаби бачагонаи санъатро ифтитоҳ намуданд, ки номи ӯро дорад. Дар паҳлуи Мактаб ба ёди ҷовидонааш нимпайкара ҳам гузоштанд.
Одина Ҳошим, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 13-уми июни соли 1938 дар деҳаи Нимдараи Даштиҷум, дар оилаи ҳунарманди шинохта, Ҳофизи халқии Тоҷикистон Ҳошим Қосимов ба дунё меояд.
Таърихи таваллудаш дар бисёр манобеъ ва расонаҳо соли 1937 дарҷ гардидааст. Ҳақиқат ин ҷост, ки устод соли 1987 дар як чорабинӣ ҳамаи ҳуҷҷатҳояшро гум мекунад ва маҷбур мешавад, ки онҳоро аз нав созад. Соли таваллудашро саҳван 1937 менависанд, ҳол он ки дар асл мавлудаш 13-уми июни соли 1938 мебошад.
Соли 1959 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанберо хатм карда, то соли 1975 роҳбари бадеии дастаи ҳаваскорони санъат ва коргардони Театри халқии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ кор кардааст. Соли 1972 шуъбаи ғоибонаи Институти давлатии педагогии шаҳри Кӯлобро хатм мекунад.
Соли 1975 Одина Ҳошимро сарвари Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Кӯлоб таъин мекунанд ва то соли 1981 ин вазифаро ба уҳда дошт. Коллективи 50-нафараи Театрро устод аз ҳисоби ҷавонони боистеъдод ба 130 нафар мерасонад. Борҳо дар ин муддат аризаи рафтан навишт, вале ба эътибор нагирифтанд. Замони шуравӣ ҳар кас ин ғайратро надошт. Ниҳоят, бо исрори зиёд аз вазифа озодаш мекунанд ва то охири умр миёни мардум мемонад.
Ин парвардаи шеъри оламгири форсу тоҷик дар мусиқии миллиамон диди тозае, омезиши зебое ворид сохт. Сурудҳояш аз лиҳози бадеияти мусиқӣ, рангорангии мавзуъ, сабк, усулҳои хосу марғуб, тобишҳои ҷаззобу руҳнавоз эътибори шоиста касб намуданд. Одина Ҳошим зиёда аз панҷсад тарона сурудааст, ки яке аз дигаре форамтару ҷаззобтар аст. Овозхони дардошно бо лаҳни гуворо ҳастии моро бо ҳастии Мавлавию Саъдӣ, Ҳофизу Ҷомӣ, Соибу Лоҳутӣ ва амсоли онҳо мепайвандад.
– Дар маҳфиле як шоир аз падарам хоҳиш мекунад, ки ба як шеъри ӯ оҳанг бандад. Ӯ тамоми ашъори шоирро хонд, бо азоби зиёд як шеърашро ҷудо кард ва оҳанг баст. Лекин ҳеҷ аз ёд карда натавонист. Шеърро дар варақе навишту дар саҳна аз рӯи коғаз хонд. Ман дар паси парда будам ва ин азоби ӯро медидам. Баъди кафкӯбӣ, падарам аз саҳна баромадан замон, шеъри дар коғаз навиштаро даронда партофту бо ғазаб гуфт: «Ин шеър нест, ин сафсата аст, арзиши оҳангро надорад», – ба ёд меорад писараш Раҳматулло Ҳошим.
Бузургии устод дар он аст, ки дар хонишаш халалпазирии маънӣ, берабтӣ эҳсос намешавад. Ин аст, ки ба санъати волояш дар Эрону Афғонистон, Ҳинду Покистон, мамолики арабу Туркия, давлатҳои Аврупо, ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ мардум аз эҳсоси хушҳолӣ каф кӯфтааст.
– Аввали солҳои 70-уми асри гузашта Одина Ҳошим бо ансамбли ҳунарии шаҳри Москва ба Эрон меравад, – нақл мекунад писараш Раҳматулло Ҳошим. – Он ҷо аз падарам мепурсанд: "Шумо бо шеъри Ҳофиз балад ҳастед?"
– Чӣ гуна балад, – мегӯяд ӯ, ман “Қуллиёт”-и Ҳофизро аз ёд медонам, ӯ шоири миллатам аст!
Ба қавле, ин сухан то ба гӯши сарвари вақти Эрон Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ мерасад, ки нафаре аз Иттиҳоди Шуравӣ ин бегоҳ ғазалҳои Ҳофизро месарояд. Соати 20:10 навбат ба устод мерасад ва ба саҳна мебарояд. Ҳамин вақт, Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ вориди толор мешавад. Одина Ҳошим чанд суруди Ҳофизро месарояд. Ба гуфтаи худи Одина Ҳошим, аз чеҳраи Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ маълум буд, ки писандаш омад. Тибқи нақша, сафари ҳунарӣ дар Эрон бояд 15 рӯз давом мекард. Вале азбаски ҳунари волои Одина Ҳошим писанду мақбули эрониён мегардад, он моҳ мекашад ва ба ин васила, дар тамоми гӯшаву канори Эрон консертҳо барпо мекунанд.
Умри ин булбули хушсадо, ин донишманди варзида, ин таронасарои мақбули дилу дида басо кӯтоҳ буд. Ӯ соли 1993 дар синни 55-солагӣ тарки олам кард ва ҳазорон мухлисону алоқмандонашро дар сӯг нишонд.
Таҳияи Фирӯзи АЛИШЕР, «Ҷумҳурият»