Баргашт Чоп кардан

БӮСТОН. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ СОҲАҲОИ МАОРИФУ ФАРҲАНГ


Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар партави дастгириҳои рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ба ривоҷу равнақи соҳаҳои маорифу фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Иқдомоти амалии мақомоти маҳаллӣ, сармоягузорӣ ба зерсохтор ва тарбияи кадрҳо дар ин ҷода далели ин гуфтаҳоянд. Аз ҷумла, бояд таъкид сохт, ки дар нимсолаи аввали соли равон ба соҳаи маориф 8 миллиону 602,5 ҳазор сомонӣ равона шудааст.
Айни ҳол дар шаҳри Бӯстон 21 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 12 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 9 муассисаи томактабӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 12 ҳазору 505 кӯдак ва хонанда таҳсил мекунад.
Дар баробари ин пешравиҳо, баъзе камбудиҳо низ ба назар мерасанд. Бавижа, норасоии муассисаҳои томактабӣ яке аз мушкилоти асоси боқӣ мемонад. Имрӯз дар шаҳри Бӯстон ҳамагӣ 40,4 фоизи кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд ва албатта, барои беҳтар кардани ин ҳолат талошҳои зиёде бояд ба харҷ дод.
Гуфтан бамаврид аст, ки бо мақсади коҳиши фосила байни талабот ва дастрасӣ, таъсиси марказҳои инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таълимӣ ҳамчун як роҳи ҳалл ба ҳисоб меравад. Таъсиси 12 гурӯҳ дар назди 9 муассиса бо фарогирии 267 кӯдак намунаи татбиқи ин иқдом мебошад.
Дар соҳаи фарҳанг бошад, айни замон омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бомаром идома доранд.
Ба истифода додани мактаби санъат ба номи Шодмон Алифов, ки бо 47 синфхона, толори консертӣ бо 100 ҷойи нишаст ва таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз аст, шаҳодати он аст, ки фарҳанг чун мероси маънавӣ як бахши муҳими сиёсати иҷтимоӣ эътироф мегардад.
Имрӯз 5 муассисаи фарҳангӣ: қасри фарҳанг, китобхонаи марказӣ, боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва мактаби санъат дар хидмати сокинони шаҳр қарор доранд.
Ҳамчунин, таъмини устувории кадрҳо ва роҳандозии барномаҳои рушди муассисаҳо, махсусан дар шароити омодагӣ ба санаҳои муҳими миллӣ, аз фазои фаъоли иҷтимоиву фарҳангии шаҳр дарак медиҳад.

Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”

УРМЕТАН. ДЕҲОТЕ, КИ БОЗ ҲАМ ОБОДУ ЗЕБО МЕГАРДАД
Урметан калонтарин ва сернуфустарин деҳоти ноҳияи Айнӣ буда, деҳаҳои Урметан, Вешканд, Мадм, Вашан, Ревад, Вота ва Ёвонро дар бар мегирад. Айни замон дар деҳоти Урметан 5097 хонавода ба қайд гирифта шудааст, ки 24038 нафар аҳолӣ дорад. Сокинони ин минтақаи хушманзара, ки бо табиати нотакрор ва таърихи бойи худ шинохта шудааст, асосан, ба кишоварзӣ ва чорводорӣ машғуланд.

Дар заминаи сиёсати созанда ва фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ то имрӯз дар деҳоти мазкур як қатор иншооти муҳим бунёд ва навсозӣ гардиданд. Аз ҷумла, соли 2023 қасри фарҳанги деҳоти Урметан бо иқдоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Айнӣ навсозӣ гардида, бо иштироки Пешвои муаззами миллат ба истифода дода шуд. Толори асосии қасри фарҳанг дорои 240 ҷойи нишаст мебошад. Он бо таҷҳизоти муосири техникӣ барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва консертҳо муҷаҳҳаз шудааст. Ҳамзамон, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, пардозгарӣ ва дигар иншооти ёрирасон бо тамоми шароити зарурӣ таъмин мебошанд.
Тибқи иттилои муовини раиси Ҷамоати деҳоти Урметан Зуҳро Ҷалилова, дар ин ҷо коргоҳи дӯзандагӣ низ ба истифода дода шудааст, ки бо ифтитоҳи он 6 нафар зани хонашин бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. Дар коргоҳи дӯзандагӣ, асосан, либосҳои миллӣ бо сабку услуби муосир омода мешаванд, ки ҳам симои фарҳанги миллӣ ва ҳам талаботи замонро ба таври шоиста таҷассум мекунанд.
Роҳбари корхона Маъруф Мелиев мегӯяд, ки ҳар сол дар мавсими таътили тобистона то 15 нафар духтари маҳаллӣ дар ин ҷо ба омӯзиши касби дӯзандагӣ фаро гирифта мешавад.
Сокинони деҳоти мазкур, инчунин, ба ҳифз ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла кулолгарӣ, сабадбофӣ ва оҳангарӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳунарҳои суннатиро ривоҷ медиҳанд.
Ба гуфтаи Зуҳро Ҷалилова, инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодӣ дар деҳоти мазкур хуб рушд ёфтааст. Дар деҳот 112 мағоза, се ошхона, ду чойхона, кошонаи ҳусн, ҳашт сартарошхона, чор нонвойхона, шаш дорухона, ду нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, бозор, шаш осиёби обӣ, ду осиёби барқӣ, се корхонаи хурди истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ ва ду корхонаи хурди истеҳсоли хишти сементӣ ба мардум хизмат мерасонанд.
Умедворем, ки таҳти роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинону соҳибкорони маҳаллӣ деҳоти Урметан дар роҳи ободӣ, рушди устувор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум боз ҳам ба комёбиҳои назаррас ноил мешавад.

Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”