Бо ин ном аз тарафи нашриёти “Дониш” китоби нави узви вобастаи АМИТ Ҳасани Султон ба табъ расид. Китоб аз силсилаи мақолаҳо иборат буда, муаллиф дар ин маврид барҳақ менигорад: “Фурӯғи худшиносии миллии мо – тоҷикон дар ҷаҳони пуртазоди муосир, пеш аз ҳама, ба Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва иқдомҳои наҷибонаи Пешвои муаззами миллат дар амри эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва, ба ин васила, таҳким бахшидани пояҳои давлатдории миллӣ бастагию пайвастагӣ дорад”.
Ҳамин тавр, оғози бахши аввал мақолаҳои ин пажӯҳишгар дар бораи заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иқдомҳои наҷибашон дар пешрафти илму фарҳанг, эҳёву гиромидошти муқаддасоти миллӣ, ҷашну оинҳои қадимӣ, бузургдошти шахсиятҳои бузурги таърихиро дар бар мегирад. “Пешвои миллат ва пешрафти забони тоҷикӣ”, “Забони тоҷикӣ ва ҳувияти миллӣ”, “Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан”, “Устод Рӯдакӣ – падидаи нодири забон ва адабиёти рӯзгори Сомониён” аз ин қабиланд.
Бахши охири китоб сурудаҳои муаллиф дар хусуси нақши меҳварии Президенти мамлакат дар бунёди “Роғун” мебошад.
Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”
РӮНАМОИИ КИТОБИ “МАВҶИ САДОҚАТ АЗ АВҶИ ҲУНАР”
Бо ташаббуси Китобхонаи миллӣ рӯнамоии маҷмуаи мақолаҳо таҳти унвони “Мавҷи садоқат аз авҷи ҳунар (аз рӯзгор ва осори Алимуҳаммад Муродӣ)”, ки бахшида ба 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Алимуҳаммад Муродӣ таҳия ва нашр гардидааст, баргузор шуд. Дар ин маҳфил олимону шоирон, дӯстдорони фарҳангу адаб ва наздикону пайвандони шоир иштирок карда, доир ба рӯзгор ва осори Алимуҳаммад Муродӣ андешаронӣ намуданд.
Ҳамоишро директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” Ҷумъахон Файзализода оғоз карда, иброз намуд, ки Алимуҳаммад Муродӣ чеҳраи ошнои фарҳангу адаб ва шеъру сухани волост ва аз даҳаи солҳои 60-70-ум инҷониб барои кашфи ҳақиқати одаму олам ва ифшои розҳои ногуфтаву ҳарфҳои ношунида қаламфарсоӣ менамояд.
Сипас, муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар аз тозагӣ ва маъниҳои нуҳуфта дар тасвирҳои шеъри Алимуҳаммад Муродӣ ва, инчунин, ба хонанда наздик будани ӯ ёдовар шуд. Ӯ зикр кард, ки вақте хонанда шеъри Муродиро мехонад, бешубҳа, ба жарфтарин нуктаи андеша мерасад.
Муҳаммадюсуф Имомзода, академики АМИТ, иброз дошт, ки доштани чунин шоирони замонасаро боиси ифтихор ва хушбахтист ва таҳияву нашри маҷмуаи мақолаҳо аз рӯзгор ва осори ӯ айни муддаост.
Адабиётшиноси маъруф, профессор Аламхон Кӯчарзода, изҳор дошт: "Мо тасмим гирифтем, ки бахшида ба 80-солагии шоир қисмате аз мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва меҳрномаҳои донишмандон, суханварон ва мухлисони эҷодиёти шоирро ҷамъ оварда, чун армуғон ба эшон пешкаш намоем".
Дар ҷараёни маҳфил дигар шоирони шинохта, олимон, адабиётшиносон ва алоқамандони шеъри устод ба шеъри ӯ баҳои баланд дода, ӯро шоири баркамол ва ашъорашро ҷовидона унвон карданд.
Дар фарҷом шоир ба тамоми иштирокдорон барои андешаронӣ ва ба гирдоварандагони маҷмуаи мақолаҳо изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»