Баргашт Чоп кардан

БАДАХШОНИ МИЛЛАТ


Армуғон ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ӯ ифтихору нусрати армони миллат аст,
Фархундабахту ҳамду санохони миллат аст.
Эй ҳамватан, биёву муродиф ба ҳам шавем,
Миллат вуҷуди Меҳану ӯ ҷони миллат аст.
Чашми фиреби кас нарасад то ба иттиҳод,
Аз чашми каҷ нигоҳ нигаҳбони миллат аст.
Зулмат шикасту дасти мурувват дароз кард,
Шукри Худо кунем, ки раҳмони миллат аст.
Ҳимматбаландияш, ки нишони садоқат аст,
Пурфайз аз каромати ӯ хони миллат аст.
Андарзи ӯст ояти волои сарнавишт,
Ҷаҳдаш ҳидоятест, зи Қуръони миллат аст.
Лаъли садоқат аст ба кӯҳи муроди ӯ,
Ин марди сарбаланд Бадахшони миллат аст.
Эй ҳамватан, биё ба дилу дида ҷо шавем,
Фазлаш, ки аз фазилати Нуъмони миллат аст.
Дар кишваре, ки зарраи хокаш мукаррам аст,
Дунёи бебаҳои Хуросони миллат аст.

Давлат САФАР, Шоири халқии Тоҷикистон


ХОНАИ БАДАХШОНӢ

Ишқро маҳак бошад,
Хилвати малак бошад,
Гӯшаи фалак бошад,
Хонаи бадахшонӣ.

Ориёипайванд аст,
Пора аз Самарқанд аст,
Нақшҳош дилбанд аст,
Хонаи бадахшонӣ.

Офтобро анбоз,
Моҳтобро ҳамроз,
Гарму сардро дамсоз –
Хонаи бадахшонӣ.

Фарраи ҳунар дорад,
Меҳрро самар дорад,
Шир ҳам шакар дорад,
Хонаи бадахшонӣ.

Равзанаш зи ризвон аст,
Ҳар сутун аз имон аст,
Нақшу рамзи ирфон аст,
Хонаи бадахшонӣ.

Сода нест осораш
Рамзу рози девораш
Миллат аст меъмораш –
Хонаи бадахшонӣ...

Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”