Баргашт Чоп кардан

ГӮШТИН


Медали таърихии Аюб Бозорзода дар чемпионати ҷаҳон
Дар шаҳри Афинаи Юнон Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни наврасони то 17-сола ба поён расид. Тими мунтахаби наврасони кишвар аз ин мусобиқа бо 2 медал бармегардад.
Чемпионат аз 28-уми июл то 3-юми август доир гашт. Ду рӯзи охир паҳлавонони наврас дар гӯштини тарзи озод зӯр озмуданд. Дар ин равия Тоҷикистонро як нафар – Аюб Бозорзода намояндагӣ карда, ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуд. Ӯ дар вазни -71 кг гӯштин гирифта, нахуст, варзишгари кишвари мизбонро бо ҳисоби 15:4 мағлуб намуд. Сипас, намояндаи Чинро бо ҳисоби 11:0 шикаст дода, ба чорякфинал баромад. Дар ин давр низ ба осонӣ бар варзишгари тими бетараф бо ҳисоби 10:0 пирӯз гашт. Аюб дар нимфинал аз намояндаи Эрон бо ҳисоби 6:8 мағлуб шуда, сипас, дар зӯрозмоӣ барои ҷойи сеюм паҳлавони Олмонро бо ҳисоби 6:0 шикаст дод.
Воқеан, ин аввалин медали Тоҷикистон аз Чемпионати ҷаҳонии наврасон дар гӯштини тарзи озод мебошад.
Ёдрас мекунем, ки дар гӯштини юнонӣ-римӣ Маҳдӣ Баротов (-55 кг) медали биринҷӣ гирифта буд.

ФУТБОЛ
Ҷоми Тоҷикистон: иштирокчиёни чорякфинал муайян шуданд
29-уми июл – 1-уми август бозиҳои даври ҳаштякфинали Ҷоми Тоҷикистон доир гаштанд.
Барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2024 – “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар марҳалаи 1/8-ниҳоӣ 29-уми июл дар майдони худ тими «Барқчӣ»-и Ҳисорро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Дар бозии дигари ин рӯз «Ҳулбук»-и Восеъ дар сафар тими «Парвоз»-и фурудгоҳи Хуҷандро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Бозӣ миёни ду дастаи Лигаи якум – “Саройкамар”-и Панҷ ва «Ваҳдат», ки 29-уми июл дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Панҷ доир гардид, бо пирӯзии мизбонон (1:0) ба поён расид.
Ду бозии дигари давр 30-юми июл доир гашт. “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ дастаи Лигаи якум – “Сардор”-и шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. “Эсхата”-и Хуҷанд дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуд.
31-уми июл дар варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан дастаи мизбон – “Истаравшан” – тими “Ҳосилот”-и Фархорро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.
Ду бозии боқимондаи даври ҳаштякниҳоӣ 1-уми август баргузор шуд. «Вахш»-и Бохтар бар «Панҷшер» (ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ) бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. «Хуҷанд» дар майдони худ бозиро ба «Истиқлол»-и Душанбе аз рӯи силсилазарбаҳои пеналти бо ҳисоби 5:6 бохт (замони асосӣ - 1:1).
Ба ин тартиб, ҳашт даста – “Регар-ТадАЗ”, “Ҳулбук”, “Саройкамар”, “Равшан”, “Эсхата”, “Истаравшан”, “Вахш” ва “Истиқлол” – ба марҳалаи чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон-2025 роҳ ёфтанд. Дар чаҳорякфинал, ки 5-6-уми август ба нақша гирифта шудааст, “Регар-ТадАЗ” бо «Ҳулбук», “Саройкамар” бо “Равшан”, “Эсхата” бо “Истаравшан” ва “Вахш” бо “Истиқлол” бозӣ мекунанд.

КУРАШ
Сарвар Абдушукуров – чемпиони Осиё
2-юми август дар Ҷумҳурии Корея Чемпионати Осиё оид ба кураш миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон оғоз гардид, ки имрӯз – 4-уми август ба анҷом мерасад.
Дар Чемпионат ҳудуди 300 варзишгар аз 20 давлат ширкат дорад. Федератсияи кураши Тоҷикистон 11 варзишгарро ба Корея фиристод.
Дар ду рӯзи аввал паҳлавонони мо сазовори панҷ медал гардиданд. Миёни калонсолон Сарвар Абдушукуров (-66 кг) ба гирифтани медали тилло даст ёфт. Искандар Маҳмадхоҷазода (-60 кг) медали нуқра, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (-81 кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд. Умарҷон Бобоалиев (-46 кг) миёни наврасон ба гирифтани медали нуқра, Ҳалимҷон Ҳалимов (-60 кг) миёни ҷавонон ба дарёфти медали биринҷӣ шарафёб гардиданд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”