Баргашт Чоп кардан

Шиносоӣ бо фаъолияти пойгоҳҳои обкашии мамлакат


Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ҳамроҳи вазири хоҷагии оби Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев ва вазири захираҳои об ва обёрии Қазоқистон Нуржан Нуржигитов бо фаъолияти пойгоҳҳои обкашии «Сомғар-1», «Хоҷабақирғон-1»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва «Марҳам»-и шаҳри Конибодом шинос шуданд.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки пойгоҳҳои мазкур солҳои 50-ум ва 70-уми асри гузашта ба истифода дода шуда, ҳамчун иншооти муҳимми обрасонӣ барои обёрии ҳазорҳо гектар заминҳои кишоварзии минтақа хизмат менамоянд.
Мақсади шиносоӣ баррасии роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти беҳсозии зерсохторҳои обкашӣ ва ҷалби сармоягузорӣ барои истифодаи самараноки захираҳои об дар минтақа арзёбӣ гардид.


Сафири Тоҷикистон аз сохтмони роҳи оҳани Самарқанд – Панҷакент дидан кард
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар вилояти Самарқанд бо раванди сохтмони роҳи оҳани Самарқанд – Ургут, ки як шохааш ба шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон мепайвандад, шинос шуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки сохтмони роҳи оҳан 200 метр дуртар аз сарҳади Ҷонбой – Саразм мегузарад. Сохтмончиён дастур гирифтаанд, ки дар асоси Протоколи байниҳукуматӣ се километр роҳро аз Ҷонбой то масофае, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз сарҳад дар дохили Панҷакент муқаррар мекунад, бунёд намоянд.
Ин масъала дар мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев баррасӣ гардид.


Таҷлили рӯзи десантчиён дар Қӯшунҳои зудамал
28 сол муқаддам бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бригадаи ҳамлаовари десантӣ-зарбавии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ таъсис ёфт.
Ба муносибати таҷлили сазовор аз ин санаи муҳим, дар пойгоҳи бригадаи мазкур чорабинии тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он роҳбарияти Вазорати мудофиа, ҳайати фармондеҳии ин навъи Қӯшун, масъулон ва намояндагони сохторҳои низомӣ иштирок намуданд.


Корвони мототсиклронҳои Покистон ба Тоҷикистон меояд
1-уми август дар шаҳри Исломобод маросими расмии гусели гурӯҳи гардишгарони мототсиклрони Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Тоҷикистон баргузор шуд.
Сафари мазкур дар асоси мувофиқаҳои дар чорчӯби сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон ҳосилшуда бо мақсади муаррифии сайёҳии фаромарзӣ, дӯстии минтақавӣ, табодули фарҳангӣ тавассути қаламрави Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир мешавад.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст.


«Одоби нотариусони давлатӣ»
Таҳти ҳамин унвон 4-уми август бо ташаббуси саридораи нотариалии давлатии Вазорати адлия семинари машваратӣ доир шуд.
«Дар семинар вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти касбии нотариусони давлатӣ, аз ҷумла асосҳои ҳуқуқии этикаи касбии нотариусони давлатӣ, маълумот пешниҳод шуд», – омадааст дар хабари интишорнамудаи маркази матбуоти Вазорати адлия.


Раванди ташаккули ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ
2-юми август дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вобаста ба раванди ташаккули ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ машғулияти омӯзишӣ доир гашт, ки дар он намояндагони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ иштирок намуданд.
Дар рафти омӯзиш доир ба зарурати гузаштан ба системаи рақамикунонии соҳа, ҷараёни ташаккули ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ, амалӣ намудани ин иқдом ва дигар паҳлуҳои ин самт маълумот дода шуд.
Дар ин бора ба хабарнигори «Ҷумҳурият» аз маркази матбуоти Вазорат иттилоъ доданд.


Афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ва мусофиркашонӣ
«Дар нимсолаи якуми соли 2025 бо ҳамаи намуди нақлиёт 66 миллиону 687,8 ҳазор тонна бор кашонда шудааст», – иттилоъ додааст Агентии омор.
Тавре дар ҳисобот омадааст, дар ин давра 63058,6 ҳазор тонна бор кашонда шудааст, ки 94,6 фоизи ҳаҷми умумии боркашонии ҳамаи намудҳои нақлиётро ташкил медиҳад.
Бо намудҳои гуногуни нақлиёти мусофиркашонӣ дар давраи зикршуда 511094,1 ҳазор мусофир кашонда шуд.