Рушди соҳаи агросаноатӣ дар навоҳии минтақаи Рашт на танҳо ба таъмини амнияти озуқаворӣ, балки ба фаро гирифтани шаҳрвандон ба касбу кор, рушди самаранокии соҳаи кишоварзӣ ва тақвияти иқтисоди мардум мусоидат мекунад.
Саидбег Идибегзода, муовини раиси ноҳияи Рашт, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома гуфт, ки баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳо ва оқилона ҷойгир намудани истеҳсолоти кишоварзӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия қарор дорад.
Ба гуфтаи ӯ, бо мақсади рушди соҳа ва дастгирии кишоварзон имсол ба масъалаи обёрии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида диққати махсус равона шуд. Аз ҷумла, наҳри Сари Шухон, ки бо сабаби фаромадани ярч аз кор баромада буд, аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба дарозии 2500 метр таъмир гардид. Аз ҳисоби ҳавзаи Фарғона бунёди 4 пойгоҳи обкашӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 3-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аз ҷониби МИМҲД наҳри 50-солагии Тоҷикистон низ ба дарозии 2000 метр таъмир шуд. Ҳамчунин, дар деҳоти Қалъаи Сурх канали Қамбариён барои шодоб гардондани 300 гектар замин бунёд ёфта, таъмири канали Камчароғ оғоз шуд, ки дар сурати ба истифода додани он боз беш аз 100 гектар замини дигар бо оби полизӣ таъмин мешавад. Дар ноҳия ба воситаи каналҳо 1118 ва пойгоҳҳои обкашӣ 450 гектар замин обёрӣ карда мешавад.
С. Идибегзода гуфт, ки кишоварзони ноҳия туфайли чунин дастгириҳо талош доранд, то соҳаи мазкурро рушд дода, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми назаррас гузоранд. Барои ноил гаштан ба ин ҳадаф, тирамоҳи соли сипаришуда дар майдони 870 гектар ва баҳори соли равон дар майдони 834 гектар кишти ғалладона гузаронда шуд. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ кишоварзони ноҳия дар майдони 2297 гектар ғалладона, 445 гектар зироатҳои техникӣ ва 3508 гектар картошка кишт карданд.
Соҳаи боғдорӣ низ дар ноҳия рӯ ба рушд аст. Имсол дар майдони 10 гектар боғи нав бунёд гардида, 61 гектар боғи куҳна барқарор шуд. Майдони боғҳои дарахтони мевадиҳанда 4773 гектарро ташкил медиҳад.
Дар баробари соҳаи рустанипарварӣ кишоварзони ноҳия ба чорводорӣ низ машғуланд. Ҳоло дар ноҳия 111031 сар чорвои калони шохдор, 348075 сар моли майда, 129674 сар паранда ва 23328 оилаи занбӯри асал мавҷуд аст.
– Вақти он расидааст, ки дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатҳои деҳот, ки шароити парвариши чорво доранд, фермаҳои хурди чорводорӣ ташкил карда шаванд, – гуфт муовини раиси ноҳия. – Ба таъкиди ӯ таъсиси нуқтаҳои коркарди маҳсулоти ширию гӯштӣ низ дар қаламрави ноҳия тақозои замон аст. Аҳолии ноҳия, ки истеҳсолкунандаи асосӣ маҳсуб мешавад, дар шароити хона ширро коркард карда, бо нархи ночиз пешкаши харидорон менамояд.
Тавре дар боло гуфтем, дар баробари чунин дастгириҳо ва бартараф кардани камбудиҳо, рушди комплекси агросаноатӣ метавонад соҳаи кишоварзиро такон диҳад. Таъсиси корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ва маҳсулоти чорво имконият медиҳад, ки Рашт аз минтақаи аграрӣ ба агросаноатӣ мубаддал шавад.
Дуруст аст, ки соҳибкорони ноҳияи Рашт дар корҳои ободонию созандагӣ саҳми назаррас гузошта истодаанд, вале на танҳо дар ноҳия, балки дар тамоми минтақа ба таъсиси корхонаҳо кам рӯ оварда истодаанд. Шояд, онҳо бо сабаби надоштани сармоя ва ё мушкили дастраскунии қарзҳо, бахусус фоизи баланди қарз, имконияти таъсиси чунин корхонаҳоро надошта бошанд.
– Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҳамкориро бо соҳибкорони маҳаллӣ дар ин ҷода ҳадафмандона роҳандозӣ намуда, ҷиҳати таъсиси корхонаҳои саноатӣ тадбирҳои амалӣ меандешад. Умед аст, ки мушкилоти дар боло зикршуда дар ояндаи наздик пурра ҳалли худро меёбанд, – гуфт дар хотимаи суҳбат С. Идибегзода.
Худодод ЗАЙНИДДИН, "Ҷумҳурият"