Баргашт Чоп кардан

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ЗАМИН
Бозори заминҷаллобон гарм боқӣ мемонад. Кӣ гунаҳкор?!

– Давоми шашмоҳаи аввали сол аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва мақомоти маҳаллии он дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 7562 ҳолати вайронкунии қонунгузории истифодаи замин ошкор гашта, нисбат ба 6792 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ оғоз гардид. Қонуншиканон аз тарафи мақомоти дахлдор зиёда аз 4 миллион сомонӣ ҷарима шуданд, – иттилоъ дод Ориф Хоҷазода, раиси Кумита.
Номбурда дар посух ба суоли хабарнигори рӯзнома гуфт, ки чунин қонунвайронкуниҳо, аз ҷумла дар ВМКБ 309 ҳолат, вилоятҳои Суғд 3028, Хатлон 2932, шаҳрҳои Душанбе 363, Турсунзода 99, ноҳияҳои Рӯдакӣ 163, Нуробод 195 ҳолат, сар задаанд. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 628 парванда ба мақомоти прокуратура ирсол гардид.

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ

ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ
МУВОФИҚАИ 178 НАРХНОМАИ ХИЗМАТРАСОНИИ ПУЛАКИИ МУАССИСАЮ ТАШКИЛОТҲОИ ДАВЛАТӢ

Аз тарафи Хадамоти зиддиинҳисорӣ 178 нархномаи хизматрасонии пулакии муассисаю ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ таҳлил ва ба мувофиқа расид. Аз ҷумла, 27 нархномаи хизматрасонии пулакии муассисаҳои тиббӣ, 59 нархномаи хизматрасонии пулакии муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ, муассисаҳои илмӣ ва 92 нархномаи хизматрасонии пулакӣ дар дигар соҳаҳо мувофиқа шуд.
Зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамот Ҳайдаралӣ Раҷабзода иброз дошт, ки онҳо мониторинги 20 номгӯйи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ заруриро дар бозори берунӣ ва дохили ҷумҳурӣ гузаронда, тағйирёбии нархро ҳамарӯза таҳлил ва арзёбӣ менамоянд.
Бо мақсади муайян намудани сабабҳои болоравии нархи маҳсулот дар бозор ва пешгирии баландшавии беасоси он Хадамот дар чанд субъекти хоҷагидор санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ гузаронда, ба маблағи 1,8 миллион сомонӣ қонунвайронкунии зиддиинҳисориро ошкор кард. Дар натиҷа аз қонуншиканон ба буҷети давлатӣ 1,5 миллион сомонӣ интиқол ёфт.
Таъкид гардид, ки дар шаш моҳи соли равон 29 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла, шахсони хориҷӣ вобаста ба ҷой доштани рақобати бевиҷдонона бо роҳи инфиродикунонии истифодаи моликияти зеҳнӣ дар бозорҳои ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз рӯйи баррасии муроҷиатҳо Хадамот тадбирҳои зарурӣ андешида, оид ба бартарафсозии ҳуқуқвайронкуниҳо қарор, амрнома ва фармоишҳо қабул кард.

Кароматулло АТО


ВАҲДАТ
Таъсиси 1184 ҷойи кор

– Дар шашмоҳаи аввали соли 2025 аз минтақаҳои истироҳатӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии шаҳри Ваҳдат 21 ҳазору 247 сайёҳи дохилию хориҷӣ боздид намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1471 сайёҳ зиёд мебошад, – гуфт Мирзо Исмоилзода, раиси шаҳр, зимни нишасти матбуотӣ.
Ҳамчунин, иттилоъ дод, ки дар ин давра 1184 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт, ки аз он 43,6 фоиз ҷойи доимӣ, 3 дарсад мавсимӣ ва 53,4 фисад муваққатӣ мебошад.
Ҳамзамон, 82 ҳолати қонунвайронкунӣ оид ба истифодаи замин ошкор гардид ва қонунвайронкунандагон ба маблағи 64,7 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА


БМТ
12 369 терминали электронӣ барои анҷом додани пардохти ғайринақдӣ
– Дар нимсолаи якуми соли 2025 сатҳи таваррум 1,8 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,1 банди фоизӣ кам аст. Нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ (2,9 дарсад) ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ (3,4 дарсад) ба амал омад, – гуфт зимни нишасти матбуотӣ Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон.
Дар давраи ҳисоботӣ БМТ ҷиҳати танзими ҳаҷми пул дар муомилот, идоракунии сатҳи пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ва коҳиши фишорҳои таваррумии монетарӣ 61 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматнок ба маблағи 12,4 миллиард сомониро баргузор кард. Дар баробари ин, дар ин давра аз ташкилотҳои қарзӣ тавассути амалиёти амонатҳои шабонарӯзӣ маблағҳои озод ҷалб шуданд, ки ба ҳисоби миёна дар як рӯз 1,3 миллиард сомониро ташкил менамоянд.
Барои анҷоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ 12369 терминали электронӣ насб гардидааст, ки дар қиёс ба ҳамин санаи соли рафта 7,2 дарсад (833 адад) зиёд мебошад. Ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 банди фоизӣ зиёд гардидааст.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ дар нимсола ба низоми бонкии кишвар 3 млрд доллари ИМА сармояи хориҷӣ ҷалб шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 79 дарсад бештар аст.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА


Ба Тоҷикистон 762,3 ҳазор нафар сайёҳ омад

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 925,7 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ташриф овард, ки аз ин шумора 762,3 ҳазор нафарро сайёҳон ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31,3 дарсад зиёд мебошад. Аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷӣ 850,6 ҳазор нафар (91,9 дарсад) аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 75,1 ҳазор нафар (8,1 дарсад) аз давлатҳои хориҷи дур мебошанд.
Дар ин бора Рустам Холматиён, муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Зикр гардид, ки то имрӯз барои рушди ҳамкории судманд бо шарикони стратегӣ дар бахши сайёҳӣ 30 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Аз ҷумла, Тоҷикистон дар самти сайёҳӣ бо Аморати Муттаҳидаи Араб, Шри-Ланка, Урдун, Ӯзбекистон, Швейтсария, Туркманистон, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Беларус, Қатар, Кувайт, Италия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ғайра ҳамкорӣ дорад.
Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ин давра бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳӣ, таблиғу муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар, ҷалби сармоя, рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ ва муаррифии бренди миллӣ 17 чорабинӣ дар дохили кишвар баргузор намуда, дар 9 намоишгоҳи сайёҳии сатҳи байналмилалӣ зарфиятҳои сайёҳии мамлакатро ба таври васеъ муаррифӣ намуд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР