Шакармамад Мирмамадов – чемпиони Осиё
Дар рӯзи охири Чемпионати Осиё оид ба кураш миёни калонсолон, ҷавонон ва наврасон дар Ҷумҳурии Корея (4-уми август) варзишгарони мо боз се медал ба даст оварданд.
Паҳлавони маъруфи кишвар Шакармамад Мирмамадов дар вазни беш аз 120 кило унвони чемпиони Осиёро ҳифз кард. Ӯ соли гузашта дар Эрон низ медали тилло гирифта буд. Ду варзишгари дигарамон – Ҳамроз Раҷабов дар вазни -90 кг ва Улуғбек Раҳимов дар вазни -100 кг ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуданд.
Ду рӯзи гузашта (2-3-юми август) паҳлавонони мо 5 медал – 1 тилло, 2 нуқра, 2 биринҷӣ ба даст оварда буданд.
Ҳамин тариқ, тими кураши Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба кураш сазовори 8 медал – 2 тилло, 2 нуқра, 4 биринҷӣ гашт.
ВАРЗИШИ САБУК
Ниммарафони “Ҳафткӯл” доир шуд
1-3-юми август дар шаҳри Панҷакент ниммарафони байналмилалии экологии “Ҳафткӯл-2025” баргузор шуд.
Дар мусобиқа, ки дар роҳи кӯҳӣ, дар мавзеи Ҳафткӯл гузашт, варзишгарону дӯстдорони дав аз Тоҷикистон ва кишварҳои гуногун иштирок карда, дар масофаҳои 3, 10 ва 21 км сабқат карданд.
Дар масофаи 3 км миёни мардҳо Насим Асомиддинов, миёни бонувон Мубина Нурова (ҳар ду аз Тоҷикистон) аввалин шуда ба марра расиданд. Дар масофаи 10 км миёни мардҳо Самариддин Жумадов (Тоҷикистон), миёни бонувон Зуҳро Саидова (Ӯзбекистон) ғолиб омаданд.
Дар масофаи 21 км ҳам миёни мардҳо ва ҳам бонувон ӯзбекистониҳо Алишер Сапоров ва Марина Хмелавская пирӯз гаштанд.
Ба ғолибон ҷоизаҳову туҳфаҳо тақдим гардиданд.
ФУТБОЛ
Дар Душанбе марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни бонувон (U-20) доир мешавад
6-уми август дар шаҳри Душанбе марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни дастаҳои мунтахаби занона (U-20) оғоз мешавад.
Дар марҳалаи интихобӣ дар гурӯҳи «С», ки 6-уми август оғоз мегардад, тимҳои ҷавонони Тоҷикистон, Авс-тралия, Тайпейи Чин ва Фаластин ширкат мекунанд. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Аз 47 узви Конфедератсияи Осиё дар марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни бонувон 33 даста иштирок мекунад. Ин дастаҳо ба 8 гурӯҳ тақсим шудаанд: як гурӯҳи иборат аз 5 даста, 7 гурӯҳи иборат аз 4 даста.
Дар асоси низомнома, ғолибон ва се дастаи беҳтарини ҷойи дуюми гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки дар Тайланд баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”