Баргашт Чоп кардан

ОСОИШГОҲИ ТОСҚАЛЪА. РӮЗЕ БО СОҲИБДИЛОН


Тосқалъаи ноҳияи Восеъ ҳам ба мисли Қайнар, Дашти Дилӣ, Ҳулбук аз ҷойҳои таърихию қадимист. Дар ин ҷо бо иқдоми раиси хоҷагӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, вакили халқ дар Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралӣ Маҳмадалиев осоишгоҳи боҳашамате шабеҳи курортҳои Кавказу соҳили баҳри Сиёҳ бунёд шуда буд.
Хоҷагии Миралӣ Маҳмадалиев ба механизаторон, ронандагон, деҳқонон ва кирмаку чорвопарварон шароити мусоиди истироҳату фароғат муҳайё карда буд. Ҳар рӯз 50-60 нафар метавонист дар ин ҷо неруву саломатиашро барқарор созад. Барояшон катҳои бароҳат, чор вақт таомҳои лазизу серғизо муҳайё буданд. Мусобиқаҳои шоҳмот, тенниси рӯи миз, волейбол, саққобозӣ гузаронда мешуданд. Имрӯз низ дар ин ҷо аз тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон шифоҷӯён меоянд.
Миёнаҳои моҳи июл ба ин осоишгоҳ омадем. Рӯзи 23-юми июл навбати табобат бо мӯмиёи кӯҳӣ буд. Рафтем, ки се-чор кас дар навбату шоир, омӯзгори фанни таърихи мактаби деҳаи Чашмасорони Муъминобод Ҷумъахони Бобозода чакидаҳояшро қироат дорад. Суҳбат дар ҳуҷраҳои табобат низ идома ёфту гап сари китобу китобхонӣ омад.
Вақте Ҷумъахон афзуд , ки достонҳои Мавлои Балхиро хондаасту аз онҳо порчаҳо аз ёд медонад, ба суҳбат корманди НБО «Бойғозӣ», сокини шаҳри Норак Ҷӯрабек Қосимов ҳамроҳ шуда гуфт, ки қариб ҳамаи асарҳои устод Айнӣ, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Ҷумъа Одина, Юсуф Акобиров, Зариф Ғулом ва дигарҳоро хондааст. Умуман, китоби бадеӣ хонданро дӯст медорад. Ҳоло интернет ҳамаи китобҳоро фарогир ҳам бошад, лекин вақти китоб ба даст гирифта мутолаа кардани он лаззати дигар дорад. Ба суҳбат муаллими забону адабиёти рус Қурбоналӣ Саидов аз Даҳанаи Кӯлоб ҳамроҳ мешавад ва меафзояд, ки ҳикояву новеллаҳои Антон Чехов, Алексей Толстой, Азиз Несин, драмаҳои эҷоднамудаи адибони тоҷикро мутолаа намудааст. Байни омӯзгорон Ҷӯрабеку Қурбоналӣ баҳсҳою андешаҳо ба миён омаданд ва гуфтанд, ки ходими намоёни сиёсӣ, олими шинохта, чеҳранигору осорнигори Рӯдакию Фирдавсӣ, Садриддин Айнию дигар устодону омӯзгорон Саймумин Ятимов дар ташвиқу тарғиби осори классикону адибони муосир басо бузург аст. Кас навиштаҳои ӯро мутолаа намуда, меҳраш, муҳаббаташ, диду нигоҳаш ба китобхонӣ бештар мегардад. Ва, росташ, ҳеҷ тасаввур ҳам намекардам, ки дар деҳаҳои аз марказҳои фарҳангӣ фарсахҳо дур чунин дӯстдорони адабиёт зиёданд.
Осоишгоҳ, ки ин суҳбати хотирмон дар он сурат гирифт, дар як вақт имкони қабули 150-200 нафарро дорад. Имсол 45-сола шуд.
Нурулло ҲАСАНОВ, рӯзноманигор