Таърихи тамаддуни илмии тоҷикон, ки решаҳои он ба осори барҷастаи риёзиву табиии асрҳои миёна ва пеш аз он мерасад, имрӯз бештар аз ҳар замони дигар ниёз ба бозшиносӣ ва бознигарӣ дорад.
Дар ин раванд, нақши муҳаққиқони фидокоре чун Абдулҳай Комилӣ басо арзишманд аст. Ӯ ҳамчун донишманди сермаҳсул ва муҳаққиқи амиқандеш дар соҳаи таҳлили осори риёзиву табиии ниёгон, бо меҳру дилсӯзӣ ва масъулияти илмӣ саҳми арзанда дар эҳё ва шарҳи осори абармардони илму фалсафаи Шарқ дорад.
Абдулҳай Комилӣ аҳли хирад аст, донишгарову хирадпазир аст, мояи зиндагии хешро дар хирад дарёфтааст, донишу хирад тору пуди зиндагии ӯро танидаанд, заминаи фаросату заковати ӯро фароҳам сохтаанд. Комилӣ аз адабиёти пурсарвати бузургони мо низ хуб огаҳӣ дорад, муҳаққиқи барҷастаи таърихи илму адаби тоҷик, аз ҷумла ҳикмату маърифати Абуалии Синову Абурайҳони Берунӣ, Абубакри Розиву Абунасри Форобӣ, Умари Хайёму Насириддини Тӯсӣ, Муҳаммади Хоразмиву Аҳмади Фарғонӣ ва дигар ниёгони бузурги мост.
Абдулҳай Комилиро имрӯз на танҳо дар Тоҷикистон, балки Федератсияи Россия, ИМА, Украина, Беларус, Олмон, Англия, Белгия, Эрон, Ҳиндустон, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва дигар кишварҳо ба симати олими пурмаҳсул ва содиқи илм мешиносанд. Асарҳои дар Москва чопшудаи ӯ “Физика ар-Рази и Ибн Сины” (1999), “Эквивалентные формулы определения скорости света” (1999), “Особенности расширения релятивистского электронного пучка в мощных СВЧ приборах” (2000), “Воспитание молодёжи в литературной памяти таджикского народа” (2006), “Физика Абу Бакра ар-Рази” (2014) шуҳрати ӯро миёни олимони хориҷӣ зиёд кардаанд.
Асарҳои номбаршуда ва чанд асари дигари ҷолиб ва асили Абдулҳай Комилӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ дар таърихи илми тоҷик аз қабили “Физика Авиценны”, “Ибн Сино и его трактат “Рассуждения о причинах грома””, “Ибни Сино дар ойинаи муҳаққиқон”, “О физическом наследии Ибн Сины (Авиценны)”, “О математическом наследии Ибн Сины (Авиценны)”, “Из истории физики Средней Азии в IX-XIII вв.”, “Илм дар замони Рӯдакӣ” (бо ҳаммуаллифии академик М. Илолов), “Буалинома” меҳру ихлоси беандозаи ин марди сарсупурдаи донишро ба арзишҳои маънавии миллии мо, ба ситораҳои дурахшони илми ҷаҳонӣ, ки ҳаммиллату ҳамзабону ҳамхуни мо буданд, нишон медиҳад ва саҳми ӯро дар муаррифии ҷойгоҳи илму олимони тоҷик дар рушди ҷаҳонии илму дониш таъкид менамояд.
Дар маҷмуъ, Абдулҳай Комилӣ беш аз 200 асару мақола интишор намудааст, ки аз меҳнатдӯстӣ ва садоқати ӯ ба илму адаб, маърифату фарҳанг, ба маънавиёт ва олами хираду андеша гувоҳӣ медиҳад.
Айни замон Абдулҳай Комилӣ дар вазифаи директори Институти илмӣ-таҳқиқотии таърихи илмҳои табиатшиносӣ ва техника дар назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав хидмати шоиста мекунад. Ӯ муаллифи 74 китобу ҷузва (19-тоаш дар ҳаммуаллифӣ), беш аз 600 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ, илмӣ-методӣ ва энсиклопедӣ мебошад. Китоби «Физикаи Ибни Сино» дар Тоҷикистон се маротиба ба забони русӣ (Душанбе, 2005, 2008, 2013) нашр шуда, ба забонҳои қирғизӣ (Бишкек, 2017) ва англисӣ (Техас, 2024) тарҷума ва чоп шуда, якҷоя бо китоби «Физикаи Абубакри Розӣ» чандин маротиба дар Намоиши байналмилалии китобҳо дар шаҳрҳои Москва, Минск, Пекин, Франкфурт ва Истанбул ба намоиш гузошта шудааст.
Боиси фахр аст, ки охири соли 2024 китоби «Физикаи Ибни Сино»-и ӯ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба чоп расид. То ҷое, ки ман огаҳӣ дорам, ин китоби ӯ дар Қирғизистон низ соли 2015 тарҷума ва чоп шуда, қисме аз он дар Ӯзбекистон низ соли 2024 чоп шудааст.
Хизматҳои илмии Абдулҳай Комилӣ дар таҳқиқ, шарҳ ва бозтоби осори риёзиву табиии ниёгони фарҳангсозу тамаддунофари халқи тоҷик, на танҳо хазинаи илмии миллатро ғанӣ намудаанд, балки дар арсаи таърихи улуми табиӣ ва риёзӣ як саҳфаи тозаро боз кардаанд. Ӯ бо корбурди усулҳои муосири таҳлил ва рӯйкарди байнисоҳавӣ тавонист на танҳо мазмуни зоҳирии осорро фаҳмонад, балки ба қаъри фикри илмӣ, услуби тафаккур ва муҳити зеҳнии мутафаккирони асрҳои гузашта роҳ ёбад.
Фарҳод РАҲИМӢ,
академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон