5-уми август Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими истиқболи расмии роҳбарони давлатҳо ва ҳайатҳои Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ, ки бо иштироки Раиси Халқ маслаҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгули Бердимуҳамедов, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, Раиси Маҷмаи умумии СММ Филемон Ян, роҳбарони давлатҳову ҳукуматҳо ва ҳайатҳои воломақом баргузор гардид, ширкат намуданд.
Зимнан, масоили вобаста ба мушкилоти кишварҳои рушдёбандаи маҳсур дар хушкӣ, ки ба роҳҳои баҳрӣ дастрасӣ надоранд, баррасӣ гардид.
Зимни суханрониҳо ва ба миён гузоштани пешниҳодҳо, аз ҷумла таъкид шуд, ки дар сурати роҳандозии ҳамкории судманд ва истифодаи босамар ва бемонеа аз имкониятҳои мавҷуда мешавад, ки ин мушкилот ба фурсату тавонмандиҳои хуб табдил дода шаванд.
Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ
Дар ҳошияи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ дар минтақаи Авазаи шаҳри Туркменбошии Туркманистон мулоқоти сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот, ки бо иштироки Раиси Халқ маслаҳатии Туркманистон ва роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Сарвазири Қирғизистон баргузор гардид, як қатор масоили вобаста ба омодагӣ ба мулоқоти ҳафтуми машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки тирамоҳи имсол баргузор хоҳад гашт, баррасӣ шуданд.
Дар охири нишаст Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо фармони Президенти Туркманистон бо ордени Барои саҳмгузорӣ дар рушди ҳамкорӣ сарфароз гардид.
Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ
5-уми август Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Авазаи Туркманистон дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Роҳбари мамлакати мизбон барои пазироии самимӣ ва ба Созмони Милали Муттаҳид баҳри дар сатҳи баланд баргузор кардани ҳамоиши муҳими байналмилалӣ изҳори сипос намуданд.
Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки самтҳои афзалиятноки сафарбар кардани саъю талошҳои минбаъда муайян шаванд.