«Солҳо дар Мактаби олии кинематография таҷриба ва малакаи худро ба шогирдон бахшидаам ва парвардагони ман эҷодварони барҷаста ва арзанда шуда, ба камол расидаанд. Миёни шогирдонам Абдурофеъ Рабиевро (Шераки Ориёнро) дарёфтаам самимӣ, пурмуҳаббат ва ин муҳаббату самимият ба филмномаҳои вай асар карда, онро басо дилкаш ва гарму ҷаззоб гардондааст», - мегӯяд профессори ВГИК В. И. Ежов. Ва маънии гуфтаи ин бузургворро, ҳангоме ки бо дуҷилдаи «Филмномаҳои Шераки Ориён» ошно шудам, боз ҳам амиқтар дарёфтам. Ҳар бобу ҳар бахши он вуҷудамро пур аз рӯшноӣ, шодмонӣ ва эътимоду боварӣ мегардонд, ки чунин осори ҷолиб пешкаши ҳаводорони каломи бадеъ гардидааст ва онро инсони баистеъдод офаридааст. Сужаи ҳар боб диданӣ ва қаҳрамононаш чорагару серҳаракат ва пешраву тақдирсоз бошанд. Ана барои чи дар асоси онҳо филмҳои ҷолиб рӯи навор омадаанд ва ба арсаҳои азимтар роҳ ёфтаанд.
Ҳанӯз вақте повести нахусти Шераки Ориён «Аспи охирин» дар Москва ба теъдоди 100 000 нусха чоп ва якбора ба ҳашт забони асосии олам тарҷума шуда буд, таваҷҷуҳи мутахассисони зиёдро ба худ кашид ва яке аз адибони аввалтози Россия, Анатолий Ким онро қиссаи синамоӣ номид, яъне қиссае, ки ҳама рӯйдодҳояш дидашаванда ва қаҳрамононаш барҷаста. Аз рӯи ҳамин повести Шераки Ориён филми «Дӯстонро намефурӯшанд» ба миён омад, ки онро 28 кишвари олам бихарид ва он дар кинофестивали Рига ва кинофестивали халқии Иттиҳоди Шуравӣ ду ҷоизаро мушарраф гашт.
Баъд кинороману кинодрамаҳои дигари Шераки Ориён ба миён омаданд ва аз рӯяшон филмҳо наворгирӣ шуданд, ба мисли «Марди мутааллиқи ду зан», «Вақте болои шаҳр борон мерехт», «Насл» ва ғайра. Филми «Марди мутааллиқи ду зан» чор ҷоизаи байналмилалиро соҳиб шуд.
Як чизи муҳими дигарро бояд таъкид кард: баъди «Қисмати шоир»-и драматург Сотим Улуғзода ва таҳиягар Бенсион Кимёгаров қариб сӣ сол дар «Тоҷикфилм» бо забони тоҷикӣ кино наворгирӣ нашуд, филмҳо ҳама бо забони русӣ буданд. «Марди мутааллиқи ду зан» ин қонуни нонавиштаро баршикаст ва бо забони тоҷикӣ рӯи навор омад. Филми «Афсонаи зиндагӣ» ҳам аз рӯи кинодрамаи Шераки Ориён офарида шуда буд. Онро дар кинофестивали Авруосиё академикҳои Академияи кинодраматургии Ҳолливуд «як назари нави фалсафӣ ва тамсилсозӣ дар кинои Осиёи Миёна ва Қазоқистон» номиданд. Дар Кинофестивали байналхалқии Швейтсария «Vertikal» аз миёни 47 филми кишварҳои ҷаҳон филм соҳиби ҷоизаи асосӣ гардид ва кинофестивали «Золотой феникс» онро қатори панҷ филми беҳтарин дар намоиши ҷаҳонӣ гузошт. Дар китоби дуҷилдаи «Филмномаҳои Шераки Ориён» басо асарҳои ҷолиби дигари таърихӣ ҳастанд ва якеаш ҳамон «Афсонаи зиндагӣ» мебошад.
Филмномаи «Духтари Бухорхудот ва писарони Амири Самарқандӣ ва Қараи бидавӣ» аз хурдсолӣ то салтанатсозии Исмоили Сомонӣ ва саргузашти пурпеч, вале пурифтихори ӯро, авлодони ва миллати тоҷикро фаро гирифтааст.
Дар драмаи синамоии «Чӯбак» доири чӯбҷанги қадими тоҷик ва дар муборизаҳои шадид ҳам истифода шудани чӯбакҳои набардгарӣ омадааст. Ҳамон чӯбҷанге, ки дар замони Баҳроми Чӯбина машҳур буд ва зумрае бар онанд, ки тахаллуси «Чӯбина»-и ӯ аз ҳамин чӯбҷангҳо бархестаанд ва дар драмаи Сотим Улуғзода «Калтакдорони сурх» низ, тимсоли ҳамин чӯбакҳои ҷангӣ, яъне калтакҳо омадаанд.
Чизи дигари қадимаро ёд меоварем, ки як гӯшаи адабиёти классикии моро шоирбонуҳо зебу оро медоданд. Вале дар адабиёт ва хосса драмаҳои кишвари мо онҳо мудом қисматшикаста нишон дода мешуданд ва ҳамчун гӯяндаи шикоятҳои ботинӣ тасвир меёфтаанд, яъне ҳаёташон пур аз сӯзу гудозу ҳасрат буд. Аммо Шераки Ориён дар кинодрамаи худ «Вақте шаҳристонҳо кушта мешаванд» шоирбонуҳоро чорагар, ботадбир, ҳидоятгар, наҷотгар ва созмондеҳи муқобилият алайҳи рақибони миллат офарид.
Дар драмаҳои синамоии дар чанд соли охир офаридаи Шераки Ориён низ, хосса филмҳои «Вазъият» ва «Саргузашти гандум» ҳамин чиз эҳсос мешаванд. Масалан, «Вазъият» барои мазмуну муҳтаво ва сохти сужасозӣ ва ҳунари касбӣ дар кинофестивали байналхалқӣ якбора се ҷоизаро соҳиб шуд.
Шераки Ориён, ҳамчунин, дар назди «Тоҷикфилм» курси омӯзиши драматургиро ташкил дод, ки ройгон амал мекард ва худаш аз мактабу донишкадаҳо нафарони боистеъдодро ҷамъ оварда, драматургияи театру киноро меомӯзонд. Билохира, ин кор натиҷаи назаррас дод. Масалан, яке аз шогирдони ин курс Музаффари Муҳиддин драмнавис ва таҳиягари театри Конибодом гардид ва ин театрро дар озмуни ҷумҳуриявӣ соҳиби Шоҳҷоиза гардонд, аз Лондон низ, бо Шоҳҷоиза баргашт. Баъд Музаффари Муҳиддин «Суғдсинамо»-ро ташкил дод, ки худаш драматурги филмҳо ва ҳам таҳиягари асосиаш шуд. Дар чанд соли охир 12 ҷоизаи байналмилалиро соҳиб гардид. Шогирди дигари курси драмнависони Рабизода, Файзуллои Файзалӣ фақат бо филми «Бачаи обӣ»-аш чор ҷоизаи байналмилалиро ба ҷумҳурӣ овард. Рустам Орифӣ бо синамои «Мӯрча» дар Кинофестивали байналхалқии «Филмҳои нахустин» ҷоиза гирифт. Ҳамчунин, Ҳусейни Камолиддин драмаҳои синамоӣ ба миён оварда, аз рӯяшон киноҳо офарид, муваффақ гардид ва дар Театри давлатии академӣ - драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият дорад.
Ҳамчунин, дар курси драматургони худ ба Рабизода муяссар гардид «Аввалин китоби филмномаҳои тоҷик»-ро омодаву чоп кунад, ки 23 драмаи синамоӣ ва театрии ҷавононро дар бар гирифта буд.
Дорандаи ҷоизаҳои Россия Нина Веселова навиштааст, ки драмаҳои синамоии Шераки Ориён «фарогирии азим ва хислатҳои нотакрор доранд. Мардум бошанд, асари хубро ҳамчу як ҷузъи худ ва моли худ қабул мекунанд…».
Академики Академияи тасвиргарии Россия, кашшофи ду равия дар тасвиргарии ҷаҳон, яъне наворизм (параллелизм) ва танворизм (материализм) ва соҳиби ду мукофоти байналхалқии «Уқоби тилло» Зокир Собир таъкид кардааст:
«Мо, эҷодгарон, ҳама тақлидгари Худовандем. Худованде, ки зиндагиро офарида. Мо, ки мусаввирем, меофарем бо рангубор, адибон меофаранд бо ҳарфу сухан, синамогарон меофаранд бо саҳнаву амалиёти гуногун. Бо ҳарфу сухан ва саҳнаву амалиёт офаридаҳои Абдурофеъ Рабизода амсоли зиндагӣ саршоранд аз муҳаббат, аз одамият, аз имону ихлос; дар онҳо илҳоме эҳсос мешавад, ки Худованд мефиристад аз осмони баландаш. Мефиристад барои инсонҳои боистеъдод...».
Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода таъкид кардааст, ки драмаҳои синамоии Шераки Ориён басо самимӣ, пур аз одамгарӣ ва бо сужаи қавӣ, бо хисолҳои аёну барҷаста ва ибратбахшу хотирмон офарида шудаанд. Шераки Ориён насри тоҷик ва, ҳамчунин, филмномаҳои тоҷикро пур аз меҳру умеду назокату самимият намудааст, ки ин ҳама аз ботини покиза ва истеъдоди арзанда ва фардияти шоистаи ин эҷодкор гувоҳӣ медиҳанд…
Таҳиягар ва дорандаи панҷ ҷоизаи байналхалқӣ Гуландом Муҳаббатова, ҳамчунин, мутмаин аст: «Абдурофеъ кинодраматурги соҳибзавқест, ки асарҳояш ба парвозҳои баланду дур ноил гардидаанд ва дили тамошобини зиёдро тасхир кардаанд. Умедворем, минбаъд ҳам, синамогарони тоҷик бо ҳамкории Абдурофеъ Рабизода филмҳои тозаи дилнишин ба миён меоваранд ва шуҳрати синамои тоҷикро машҳури олам мегардонанд».
Ато ҲАМДАМ,
Нависандаи халқии Тоҷикистон