Баргашт Чоп кардан

АЁДАТ: МУОМИЛА Ё ОДАТ?



Пештарҳо аёдату хидмати беморонро неку арзишманд ва мақбултарин одату ибодат медонистанд. Ба ин қонеъ нашуданд ва онро ташвиқу тарғиб низ карданд. Дар баробари он, бо амалу фармоишҳои худ ба дигарон таълим медоданд. Мегуфтанд, ки ба аёдати бемор чун биравед, барои тандурустиаш дуо бикунед. Чунин як амр табиист, ки боиси тасаллои хотири шахси бемор мешавад. Ҳамзамон, таъкид менамуданд, ки аз бемор дуо бигиранд, чун муфиду мақбул аст.
Ҳолиё он анъанаву суннатҳоро ё аз хотир баровардаем ва ё нодида мегирем. Аёдати бемор ва хидмат ба ӯ, мутаассифона, ба муомила табдил ёфтааст. Агар моро дар бемориамон он бемор аёдат карда бошад, аз шарм ва ё чун адои қарз мо ҳам ба аёдаташ меравем. Инчунин, бемор агар шахси вазифадору сарватманд бошад, саъй ба харҷ медиҳем, ки дар як муддати кӯтоҳ чанд бор ба аёдаташ мушарраф бишавем. Дар ин маврид ҳам фурсат пайдо мекунему ҳам пул. Барои дигарон ин ҳар дуро ё пайдо намекунем ва ё аёдатро ба фардоҳои дигар мавқуф мегузорем. Чун бемор тандуруст бишавад, узре пеш меорем ва мепиндорем, ки вазифаи инсонии худро бо ҳамин ба ҷо овардаем.
Таассуфовар он аст, ки бемор медонад, ки рафиқаш аз ҳоли ӯ огаҳӣ дорад, аммо баъдҳо ин дурӯғи ӯро мешунавад, ки гӯиё ҳеҷ хабар надоштааст ва ҳам бар ӯ касе нагуфтааст. Бархе аз шахсон ба бемор занг мезананд ва мегӯянд: "Шунидем дар хона табобат мегирӣ, иҷозат бидеҳ, ки ба аёдатат биёем". Ва баъд рӯзу соати омаданашонро ҳам мегӯянд. Бемор дар ин ҳол, ба андешаи шумо, бояд чӣ бигӯяд? Оре, дилпурона ҳатман “биёед!” мегӯяд, зеро дар акси ҳол муртакиби ду гуноҳ мешавад: бухл ва маҳрум сохтани рафиқону дӯстонаш аз як амали дорои савоб.
Бешак, дар ин ҳол амр мекунад, ки барои аёдаткунандагон дастархон паҳн намоянд. Ҳарчанд ин ноҷоиз аст. Бадбахтӣ боз дар он аст, ки онҳо намеоянд ва бемор то як поси шаб интизори омаданашон мешавад. Ин шахсон шояд ваъдаи омаданашонро фаромӯш намоянд, аммо он магар аз ёди шахси бемор меравад? Не! Бархе аз афроди дигар ба аёдат меоянд ва ҳатман сабабу тарзи табобатро пурсон мешаванд. Беморе, ки мадори суҳбат кардан надорад, аз оғоз то ба анҷом бояд сабабҳои беморияшро бигӯяд. Ҳамин тавр, ба рӯзе ба даҳ гурӯҳи аёдаткунандагон аз рӯи зарурат таърихи бемориашро мегӯяд. Мо дар ин ҳол ба дардҳояш дард меафзоему халос. Агар ҳам, фаразан, сабаби бемориашро донистем, он ба чӣ дарди ӯву мо мехӯрад?
Бархе аз аёдаткунандагон ба дурӯғ мегӯянд, кӣ “чӣ хизмат бикунем?”. Бемор медонад, ки шахси хидматмекардагӣ чунин суолеро намедиҳад. Бемор ба чӣ ниёз дорад, худи суолдиҳанда хубтар медонад. Дӯстону аёдаткунандагони ҳақиқӣ нагуфта, напурсида дар тандуруст гардидани бемор саҳм мегиранд.
Пештарҳо гузаштагони мо як ҷумла мегуфтанд, ки омӯзанда ва раҳнамунсозанда буд: “Ҳар коре мекунӣ, барои ризо бикун, на аз рӯи риё.” Ҳамин як ҷумла баробари сад дарс маҳсуб мешуд ва аз рӯйи он амал мекарданд. Онҳо, инчунин, медонистанду таъкид менамуданд, ки ба аёдати бемор кай бираванд. Аз рӯйи фармудаашон вақте, ки рӯзҳо дароз бошанд, ба аёдати бемор бояд рӯзона бираванд ва баръакс.
Дар назди бемор кам менишастанду кам сухан мегуфтанд. Агар ба зарурат сухан мегуфтанд, сухани муфид мегуфтанд. Ҳар нуктаро санҷида, андешида иброз медоштанд, то сабаби ранҷиши бемор нашавад. Мавлоно дар “Маснавии маънавӣ” ҳикояи ҷолибу ибратомӯзе дорад, ки чунин аст:
Кареро ҳамсояе ранҷур ё худ бемор мешавад. Ба аёдаташ меравад ва аз рӯйи қиёс аҳвол мепурсад. Мегӯяд: “Чунӣ?” Посух мешунавад: “Мурдам”. Мегӯяд: “Шукр” ва боз мепурсад: “Чӣ хурдӣ?” Посух мешунавад: “Заҳр”. Мегӯяд: “Хӯроки хуб аст” ва дар идомаи сухан мегӯяд: “Аз табибон кӣ меҳмон мешавад?”. Ранҷур изҳор медорад: “Азроил”. Ҳамсояи кар мегӯяд: “Ӯ муборакпо аст”.
Ҳамсояи кар шод аз он мешавад, ки ба аёдати бемор мушарраф шуд. Бехабар аз он, ки сабаби афзудани ранҷи бемор гаштааст.
Ҳамин тавр, мо бояд аёдатро ба муомилаву одат табдил надиҳем ва пайрави гузаштагони бошарафамон бошему арзишҳои ахлоқиамонро пойдор бисозем.

Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”