Баргашт Чоп кардан

ДЕВАШТИЧ. УМЕДВОРИҲОИ ЗИЁД АЗ НЕКБАХТИ НАВРАС


Миллати тоҷик, ки дорои таърихи пурғановат ва анъанаҳои бойи фарҳангӣ мебошад, бо фарзандони хушсиришт ва болаёқати худ фахр мекунад. Миёни чунин насли муваффақ Некбахт Сатторов, хонандаи синфи 6-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51-уми ноҳияи Деваштич яке аз чеҳраҳои дурахшон ба шумор меравад.
Некбахт бо ҷаҳду талош ва иродаи мустаҳкам на танҳо дар таҳсил балки дар варзиш низ комёбу муваффақ аст. Бо вуҷуди хурдсол буданаш, ӯ, аллакай, дар варзиши ҷудо наздики 50 медал ба даст овардааст, ки бештари онҳо тилло мебошад. Ин дастовардҳои ӯ, бешубҳа, натиҷаи меҳнати пайваста ва пуштибонии ҳамаҷонибаи муҳити хонавода, омӯзгорон ва мураббиён аст.
Фаъолияти варзишии ӯ аз ҳафтсолагӣ дар зодгоҳаш – деҳаи Ғазантарак – таҳти роҳбарии мураббии шинохта Мансурхӯҷа Абдукаримов оғоз ёфтааст. Ин мураббӣ на танҳо ҷанбаи техникӣ ва касбии варзишро ба шогирдон меомӯзонад, балки ахлоқи варзишӣ, эҳтиром, ватандӯстӣ ва эҳсоси масъулиятро низ дар қалби онҳо бедор мекунад. Шахсе аст, ки бо фидокорӣ ва муҳаббати беандоза дар тарбияи варзишгарони ҷавон саҳми бузург мегузорад. Шогирдони ӯ, аз ҷумла Некбахт, ҳамчун намунаи беҳтарини варзишгарони наврас шинохта шудаанд.
Муваффақияти ҳар як варзишгар бе дастгирии хонавода муяссар намешавад. Маҳз муҳити солим ва руҳбаландкунандаи оилавӣ, дастгирии модару падар, ирода ва меҳнати шабонарӯзӣ сабаб мешавад, ки фарзандон ба қуллаҳои баланд бирасанд. Дар ин росто, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Тарбияи фарзанди солим ва донишманд, пеш аз ҳама, вазифаи муқаддаси волидайн аст. Вақте оила устувору муҳити он солим аст, фарзанд низ дар чунин муҳит ба шахсияти комил табдил меёбад».
Вақте фарзандон дар соҳаи варзиш комёб мегарданд, на танҳо ифтихори оила, балки ифтихори тамоми миллат мешаванд.
Падари Некбахт Даврон Сатторов ва модараш Мутриба Ӯроқова, ки омӯзгори фанни физика дар мактаб аст, намунаи олии падару модари масъулиятшиносанд. Онҳо дар тарбияи фарзанд аз ҳама имконот истифода бурдаанд. Дар оила барои рушди фарзандон ҳама шароитро муҳайё карда, дарси ватандӯстиву хештаншиносӣ меомӯзанд.
Ин аст, ки некбахт Сатторов бо рафтор, ахлоқ, меҳнатдӯстӣ ва муносибати ҷиддӣ нисбат ба таҳсил ва варзиш намунаи ибрат барои ҳамсолони худ мебошад. Ӯ собит месозад, ки бо меҳнат, ирода, муҳити солим ва дастгирии падару модар ҳатто дар хурдсолӣ ҳам метавон ба натиҷаҳои бузург ноил шуд.
Бо чунин фарзандони арзанда мо метавонем бо ифтихор гӯем, ки Тоҷикистон ояндаи дурахшон дорад. Имрӯз ӯ дар оғози роҳ аст, вале ҳамин оғози пуршукӯҳ нишон медиҳад, ки фардо яке аз чеҳраҳои шинохтаи ҷомеа хоҳад буд.

Сӯҳроб ОТАЗОДА,
барандаи ҷоизаи ИЖТ ба номи Воҳид Асрорӣ