Баргашт Чоп кардан

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АГЕНТИИ ИННОВАТСИЯ
Ҳадаф – фаъолияти ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир

Хуршед Файзуллозода, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма лоиҳаи нави зеҳни сунъиро, ки дар доираи ҳайати IT-Park аз ҷониби яке аз резидентҳо омода шуда истодааст, ба таври кӯтоҳ рӯнамоӣ кард.
Директор зикр намуд, ки ба он зиёда аз 160 ҳазор калимаи тоҷикӣ ворид шудааст ва иштирокчиён метавонанд саволҳои мустақимро пешниҳод созанд ва ба онҳо посухҳои мушаххас гиранд.
Бояд гуфт, ки бо ҳадафи рушди соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва дастгирии соҳибкории рақамӣ, 7-уми апрели соли 2025, расман нахустин IT-Park - ҶДММ «Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе» ба фаъолият пардохт. IT-Park-и мазкур ба стартапҳо ва ширкатҳои IT имкон медиҳад, ки онҳо дар муҳити рақамии муосир рақобатпазир бошанд ва маҳсулоти рақамии навини худро ба доираи васеъ пешниҳод намоянд.
Тибқи иттилои Агентӣ, дар давраи ҳисоботӣ 26 ширкати ватанӣ мақоми резиденти IT-Park гирифта, тибқи нақша то охири соли ҷорӣ шумораи резидентҳои он ба 100 адад расонда мешавад.
Мувофиқи қонунгузории кишвар резидентҳои IT-Park аз имтиёзҳои махсуси андозиву гумрукӣ бархӯрдор мебошанд.

Шаҳноз ҚУРБОН


АМОНАТБОНК
Агар хоҳем эътимоди аҳолӣ афзояд...

Ҳаҷми сармояи “Амонатбонк” дар нимсолаи якуми соли 2025 зиёда аз 1 миллиард сомониро ташкил дод ва ин маблағ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,4 фоиз афзуд.
Дар ин муддат “Амонатбонк” ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ 62,1 миллион сомонӣ маблағҳои андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмиро ворид намудааст, ки дар қиё ба ҳамин давраи соли гузашта 22,6 дарсад бештар аст.
– Дороиҳои умумии “Амонатбонк” дар давраи ҳисоботӣ 9,6 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳои он 8,6 миллиард сомониро ташкил доданд, ки мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 20,5 ва 21,6 фоиз зиёд мебошанд, – гуфт зимни нишасти матбуотӣ Алиҷон Салимзода, раиси раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк”.
Бо мақсади баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва дар доираи иҷрои супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ки аз Паёми навбатӣ бармеоянд, дар давраи ҳисоботӣ ду маҳсулоти нави пасандозӣ роҳандозӣ гардид: "Имконият" – бо рубли русӣ; "Дастрас" – пасандози рақамӣ дар замимабарномаи мобилии «Амонатмобайл» бо сомонӣ ва доллари ИМА.
Дар нимсолаи якуми соли 2025 “Амонатбонк” аз ҳисоби захираҳои дохиливу хориҷӣ ба зиёда аз 28 ҳазор мизоҷ қарз пешниҳод намуд, ки ҳаҷми умумии қарздиҳӣ беш аз 1 миллиард сомониро ташкил дод. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 7,9 фоиз афзудааст.
Таблиғу ташвиқи хизматрасониҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути воситаҳои ахбори оммаи кишвар ва саҳифаҳои “Амонатбонк” дар шабакаҳои иҷтимоии “Фейсбук”, “Инстаграм”, “Телеграм” ва сомонаи расмӣ www.amonatbonk.tj ба роҳ монда шудааст. Дар дастгоҳи марказӣ маркази тамос фаъол аст, ки мизоҷон метавонанд бо рақами 1885 барои ҳалли мушкилоти худ ба “Амонатбонк” муроҷиат намоянд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА

ММТ
92 ҳазору 991 довталаб номнавис шуд
Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода, зимни нишасти матбуотӣ, зикр намуд, ки барои ҷалби бештари довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳо бобати иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2025 дар 60 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар 43 шаҳру ноҳия, 47 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 17 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил гардиданд, ки дар онҳо 158 дафтари корӣ фаъолият намуд.
Дар ду даври бақайдгирии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2025 ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 92 ҳазору 991 нафар номнавис шуд, ки нисбат ба соли гузашта 10 ҳазору 499 нафар зиёд аст.
Мавсуф иттилоъ дод, ки имсол 127 муассисаи таълимии олӣ ва миёнаи касбӣ донишҷӯ қабул менамояд. Соли 2025 ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ 1 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ – филиали навтаъсиси Коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгории шаҳри Бохтар ворид шуд.

Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА

ЗАРРИНА ИБОДЗОДА:
“Шумораи донишҷӯёни хориҷӣ афзуд”
– Дар фаъолияти ҳамкориҳои байналмилалӣ Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардид. Аз ҷумла, Донишкада бо 16 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ҳамкориро дар самти такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва табодули таҷрибаи ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён ба роҳ монд, – гуфт Заррина Ибодзода, ректори Донишкада, зимни нишасти матбуотӣ.
Шумораи донишҷӯёни хориҷӣ 125 нафар (аз ин 45 нафар духтар) буда, нисбат ба соли гузашта 67 донишҷӯ зиёд аст. Ректор зикр кард, ки онҳо аз Ҳиндустон, Покистон, Бангладеш, Танзания, Арабистони Саудӣ ва Нигерия мебошанд.
Заррина Ибодзода иттилоъ дод, ки дастовардҳои донишҷӯён дар олимпиадаҳои байналмилалӣ назаррас аст. Аз ҷумла, таҳти унвони "Аз таълимоти Абуалӣ ибни Сино то эҳёи сеюм” дар Олимпиадаи V байналмилалӣ, ки 21-22-юми моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар байни донишҷӯёни донишгоҳҳои тиббӣ баргузор гардид, дар қатори 35 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷаҳон донишҷӯёни Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон иштирок намуда, Орзимуродзода Ёдгор, Шокиров Исобек ҷойи дуюм, Ашурқулов Эъзозбек зинаи 3-юмро дар номинатсияҳои гуногун ба даст оварданд, ки комёбии назаррасест барои мо.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА

ШАҲРИНАВ
156 иншоот мавриди истифода қарор гирифт

Абдуқодир Вализода, раиси ноҳияи Шаҳринав, зимни нишасти хабарӣ ба намояндагони ВАО иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ қисми даромади буҷети маҳаллӣ бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 111 дарсад ва қисми хараҷоти он 94,5 дарсад иҷро шуд. Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Шаҳринав барои солҳои 2021-2025 аз 190 лоиҳа иборат буда, маблағи умумии татбиқи он 382,3 миллион сомониро дар бар мегирад ва то имрӯз 65 фоизи Барнома ба маблағи 247,6 миллион сомонӣ иҷро гардидааст.
Маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ 265 миллиону 292 ҳазор сомониро ташкил дод. Дар натиҷаи заҳмати софдилонаи барзгарон ҳосилнокӣ афзуда, ғалладонаӣ 6245 тонна, картошка – 2816, сабзавот – 10693, мева 6532 тонна истеҳсол шуд. Ҳаҷми гардиши савдои чакана ба 100 миллиону 634 ҳазор сомонӣ баробар гардид. Хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи самтҳо ба 15 миллиону 656 ҳазор сомонӣ расид.
Барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои мошингарди деҳот аз буҷети маҳаллӣ зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, маблағи мазкур самаранок ва ҳадафмандона сарф гашт.
– Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳияи Шаҳринав бунёду барқарорсозии 235 иншоот дар назар аст. То имрӯз 156 иншоот мавриди истифода қарор гирифт. Бо итминон гуфта метавонам, ки то ҷашни миллӣ нақша сад дарсад иҷро мегардад, – хулоса намуд раиси ноҳия.

Ёқуби СОДИҚ

БАЛҶУВОН
Самараи талошҳо дар чеҳраи мардум айён аст

Раиси ноҳияи Балҷувон Бахтиёр Сафарзода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки нақшаи даромадҳои буҷет дар шаш моҳи аввали соли 2025 бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 16 миллиону 92 ҳазору 702 сомонӣ, яъне 136, 6 фоиз таъмин гардид, ки нисбат ба нақша 5 миллиону 894 ҳазору 517 сомонӣ зиёд мебошад. Қисми хароҷоти буҷет 94 дарсад иҷро гашт.
Ба ҳолати 1-уми июли соли 2025 қарзи корхонаю ташкилотҳо аз ҳисоби андозҳо, бо дарназардошти бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ, 1,5 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба аввали сол 90 ҳазору 467 сомонӣ кам аст.

Холназар КАСИРОВ