
Бо мақсади тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва таъмини иҷрои нақша оид ба татбиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ аз тарафи судяҳо ва кормандони судҳои иқтисодии мамлакат 755 вохӯрӣ гузаронда шуд. Ин чорабиниҳо дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши муассир гузоштанд.
Зебонисо Абдуллозода, раиси Суди Олии иқтисодӣ, дар нишасти хабарӣ, инчунин, гуфт, ки 147 аризаву шикоят бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ мутобиқ набудан, баргардонда шуд.
Бо мақсади иҷрои саривақтии санадҳои судии қабулшуда тадбирҳои дахлдор андешида, дар ҳамкорӣ бо Хадамоти иҷро ва дигар мақомот, рӯёндани боҷи давлатӣ ва маблағҳои зарару қарзҳои кредитӣ бо назардошти санадҳои судии солҳои қаблӣ ва боҷи давлатии пешпардохтшуда, ба маблағи 167 917 141,95 сомонӣ таъмин гардид.
Кароматулло АТО