Таъмини рушди устувори зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар як муддати кӯтоҳ, бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, заминаҳои инфрасохтории иқтисоди рақамӣ ва асосҳои ҳуқуқии танзими он таҳия ва тақвият ёфт.
25-уми июли соли 2025 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, бо иттифоқи оро қабул кард.
Ташаббуси мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии СММ, ки 24-уми сентябри соли 2024 баргузор гашта буд, ироа гардид.
Ба мо зарур аст пеш аз истифодаи васеи зеҳни сунъӣ, дарк намоем, ки зеҳни сунъӣ чист ва чӣ гуна бояд онро истифода бурд?
Зеҳни сунъӣ маҷмуи технология, барнома ва алгоритмҳост, ки қобилияти тақлид ва иҷрои амалиёти зеҳнии инсон, аз қабили фикрронӣ, омӯзиш, хулосабарорӣ ва қабули қарорҳоро доро мебошад. Зеҳни сунъӣ вазифаҳоеро иҷро менамояд, ки танҳо инсон анҷом дода метавонист. Зеҳни сунъӣ яке аз абзорҳои пуриқтидор ва таъсиргузор дар ҷаҳони муосир аст, ки метавонад шароити зиндагии инсонро осон, самаранок ва пешрафта гардонад. Бо вуҷуди ин, истифодаи он бояд бо эҳтиёт, донишмандона ва аз рӯйи назорати қатъӣ сурат гирад. Омӯхтани асосҳои зеҳни сунъӣ на танҳо барои мутахассисон, балки барои ҳар як шахси ҷомеаи муосир зарур, муҳим ва ҳатмӣ мебошад.
Тавре Пешвои миллат дар суханронии худ иброз доштанд, қабули қатъномаи мазкур метавонад дар расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор (SDGs), ки аз ҷониби СММ барои солҳои 2015–2030 тасдиқ шудаанд, нақши муассир ва ҳатто ҳалкунанда бозад. Дар шароити ҷаҳони пуртаҳаввул ва рӯзафзуни рақобатпазир, татбиқи барномаву алгоритмҳои дақиқу инноватсионӣ зарур аст. Маҳз зеҳни сунъӣ ҳамчун маҷмуи абзору имкониятҳои рақамӣ метавонад воситаи татбиқи лоиҳаҳо ва сиёсати устувори рушди иҷтимоию иқтисодӣ гардад. Ин ҳадафҳо якчанд самти калидиро дар бар мегиранд, ки ба беҳбуд бахшидани шароити иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ равона шудаанд. Зеҳни сунъӣ метавонад ҳамчун воситаи самаранок барои расидан баҳри аз байн бурданӣ камбизоатӣ, гуруснагӣ дар рӯйи Замин, беҳбуди саломатӣ, некуаҳволӣ, баробарии ҷинсӣ, дастрасӣ ба маорифи босифат, оби тозаи ошомиданӣ, «энергияи сабз», рушди стартапҳо, автоматикунонии равандҳо ва таълим додани малакаҳои нав, болоравии иқтисод, махсусан саноат ва инноватсия, фароҳам овардани ҷойи кор, тозагии муҳити зист, шаҳрсозӣ, ошкорсозии ҷиноятҳо ва садҳо ҳадафҳои дигар хизмат кунад.
Умар ҶАЛОЛОВ, корманди осорхонаи шаҳри Панҷакент