Баргашт Чоп кардан

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Шералӣ КАБИР:
«Содироти маҳсулот афзуд»
«Бо таъсиси корхонаҳои истеҳсолии нав ва густариши иқтидорҳои корхонаҳои ватанӣ, мавқеи маҳсулоти саноатии Тоҷикистон дар бозори дохилӣ таҳким ёфта, содироти он ба хориҷи кишвар мунтазам афзоиш меёбад», – изҳор дошт Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав, зимни нишасти матбуотӣ.
Ба иттилои вазир, дар нимсолаи аввали соли 2025 ба хориҷи кишвар маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ба маблағи 28,3 миллион доллари ИМА содирот шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103,7 фоиз ё 1 миллион доллар зиёд мебошад.
Содироти маҳсулот ба як қатор давлатҳо, аз ҷумла Қазоқистон, Россия, Туркия, Олмон, Чин, Ӯзбекистон ва Гурҷистон сурат гирифта, чунин афзоиш далели баланд гардидани сифати маҳсулоти ватанӣ ва тақвияти эътимоди шарикони хориҷӣ ба истеҳсолоти саноатии Тоҷикистон мебошад.
Айни замон дар кишвар зиёда аз 850 корхонаи саноати хӯрокворӣ фаъолият дорад, ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум саҳми назаррас мегузорад.
Руҳафзо МУРОДОВА
ГУМРУК
Аз иҷрои барзиёди нақша то такмили қонунгузорӣ
Новобаста аз идома ёфтани буҳрони молиявӣ – иқтисодӣ дар робита ба ногувор шудани вазъ ҳангоми интиқоли борҳо байни шарикони тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ, Хадамоти гумрук тавонист иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукиро барзиёд таъмин намояд. Чунончи, дар нимсолаи якуми соли 2025 нақшаи пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи 5098,6 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, дар асл ба буҷети давлатӣ 5721,9 миллион сомонӣ ворид шуд, ки он нисбат ба нақша 623,3 миллион сомонӣ ё 112,2 дарсад ва нисбат ба пардохтҳои гумрукии ҷамъоваришуда дар ҳамин давраи соли 2024 (4612,9) ба маблагӣ 1109 миллион сомонӣ ё 124 дарсад зиёд мебошад.
Бино ба гуфтаи раиси Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода, солҳои охир нақшаи гумрукӣ барзиёд иҷро мешавад, ки ин аз андешидани як қатор тадбирҳо оид ба рақамикунонии соҳа ва дар ин раванд такмил додани низоми маъмурикунонии гумрукӣ бармеояд.
Амалисозии нақшаву чорабиниҳо, аз ҷумла, такмил додани қонунгузорӣ, маъмурикунонии гумрукӣ, рушди низоми идораи таваккал, иҷрои вазифаҳои фискалӣ, риояи мамнуияту маҳдудият, самти ҳифзи ҳуқуқӣ, таъминоти ҳуқуқӣ, рушди технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, кор бо кадрҳо, экспертиза ва таҳқиқот, такмил додани инфрасохтор, ҳамкории байниидоравӣ ва рушди системаи пешниҳоди хизмати давлатиро ба танзим даровард.
Шаҳноз ҚУРБОН
КУМИТАИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ
Роҳи Данғара – Гулистон бо зиёда аз 40 миллион доллари ИМА бунёд мешавад
Дар зарфи шаш моҳи соли равон ба кишвар 3303 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли пешӣ 1231 миллион доллар ё 59 дарсад зиёд мебошад. Дар ин муддат воридоти сармоя аз кишварҳои ИДМ 43,8 дарсад – 1212,8 миллион доллар афзудааст. Ҳамзамон, Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 қабул гардид.
Дар ин бора Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, зимни нишаст хабар дод.
Ба иттилои раиси Кумита, айни замон дар ҷумҳурӣ 82 лоиҳа, аз ин 55-то грантӣ, 5-то қарзӣ ва 22-то қарзию грантӣ дар маҷмуъ, ба маблағи 45,3 миллиард сомонӣ амал менамояд. Султон Раҳимзода дар посух ба саволи хабарнигори рӯзнома гуфт, ки дар ояндаи наздик бунёди роҳи Данғара – мавзеи Гулистони минтақаи Кӯлоб бо ҷалби сармояи хориҷӣ ба маблағи зиёда аз 40 миллион доллари ИМА оғоз меёбад.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ
ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
Аз рушди кишоварзӣ то тақвияти соҳаҳои иҷтимоӣ
Акрамзода Парвиз Акрам, раиси шаҳри Турсунзода, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввали соли 2025 нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ 100 дарсад иҷро гардида, маблағи ба буҷет воридгардида 167,1 миллион сомониро ташкил дод. Ҳаҷми истеҳсоли мол, кор ва хизматрасонӣ ба 3 миллиарду 44,4 миллион сомонӣ баробар шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли пеш 552,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми тавлиди маҳсулоти саноатӣ афзуда, ба 1 миллиарду 11,7 миллион сомонӣ расид.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки соли рафта заҳматкашони шаҳри Турсунзода бо истифода аз тухмиҳои хушсифат дар майдони 22448 гектар ғалладона, сабзавот, картошка, пахта, хӯроки чорво, полизӣ кишт намуданд. Маблағи умумии маҳсулоти кишоварзии истеҳсолгардида 687 миллиону 319 ҳазор сомониро ташкил кард. Ҷиҳати беталаф нигоҳ доштани маҳсулот 78 сардхона бо ғунҷоиши 24930 тонна сохта шудааст. Дар 76,89 гектар гармхона мавҷуд буда, дар онҳо лимӯ, сабзавоти барвақтӣ ва гулу буттаҳои ороишӣ парвариш мешаванд.
Дар шаҳр 150 муассисаи таълимӣ, 22 ширхоргоҳ-кӯдакистон фаъоланд. Бо мақсади фароҳам овардани ҷойи нишаст сохтмони 379 синфхонаи иловагӣ дар назди 28 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 9096 хонанда дар як баст идома дорад.
Ёқуби СОДИҚ
АДҲАМ МАЪМУРЗОДА:
«Дастгириҳои Пешвои миллат дар ҳама соҳаҳо эҳсос мешавад»
Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан нишасти матбуотӣ бо иштироки раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдуазиз Зуҳуров бо намояндагони васоити ахбори омма доир гардид.
Адҳам Маъмурзода зимни таҳлили натиҷаҳои нимсолаи аввали соли 2025 зикр намуд, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва илм ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Имрӯз дар шаҳри Истаравшан 77 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 68 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 литсей, 6 гимназия ва 1 мактаб-интернат, 1 мактаби хусусӣ, 60 маркази инкишофи кӯдак, 9 муассисаи томактабии давлатӣ ва 8 хусусӣ машғули таълиму тарбияи насли ояндасоз мебошанд.
Зикр гашт, ки ба ҳолати 1-уми июли соли ҷорӣ 60 ҳазору 769 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
Ҳамзамон, иброз гардид, ки аз 3302 хатмкунанда 2493 нафар ба муассисаҳои олии кишвар ҳуҷҷат супурд. Аз ин шумора 75,5 фоиз ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ дохил шуд.
Саъдулло МАҲКАМОВ
ҲИСОР
Заҳмати саноатчиён натиҷаҳои назаррас медиҳад
– Саноатчиёни 104 корхонаи шаҳри Ҳисор бо саъю талош имсол тавонистанд, ки ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд. Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо дар ним сол 151,3 миллион сомониро дар бар мегирад. Дар давраи ҳисоботӣ шаш корхонаи саноатӣ, аз ҷумла тавлиди профилҳои оҳанӣ, истеҳсоли шифер, коркарди чӯб, пластикаи филизӣ бо дастгоҳҳои навтарин мавриди истифода қарор гирифт. Феълан таҷдиди ду корхонаи истеҳсоли хишт ҷараён дорад, – изҳор намуд раиси шаҳр Ҷаббор Носирзода, зимни нишасти матбуотӣ.
Шаҳри Ҳисор дар соҳаи кишоварзӣ низ аз шаҳрҳои муваффақу рушдкарда маҳсуб ёфта, дар таъмини бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ бо маҳсулоти аълосифат нақши муҳим дорад. Дар ин давра, аҳли заҳмати шаҳр дурнамои истеҳсоли ғалладона, мева, сабзавот, полизӣ, гӯшт, пашм, пилла ва дигар маҳсулоти кишоварзиро барзиёд иҷро намуд. Маблағи умумии маҳсулоти барзгарон 485 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди шаҳр 20 гармхона дар масоҳати 9,27 гектар доман густурдааст, ки аз онҳо 234,8 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ шудааст. Барои дар ҳамаи фаслҳои сол беталаф нигоҳ доштани маҳсулот дар шаҳр 55 сардхона амал дорад, ки ғунҷоиши онҳо 10665 тонна аст. Содироти маҳсулот ба дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ва хориҷа ба 4 ҳазору 648 тонна расонда шуд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 3 ҳазору 477 тонна зиёд аст.
Ёқуби СОДИҚ
ФДДМ
Робитаҳои байналмилалӣ тақвият меёбанд
Рустам Ғанизода, директори филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки донишҷӯёни муассиса ҳамасола дар конфронс ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ фаъолона иштирок менамоянд. Дар ин нимсола 12 ғолиби озмунҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ аз 300 то 5000 сомонӣ ва роҳбаронашон аз 150 то 2500 сомонӣ қадр шуданд.
Боиси зикр аст, ки соли равон дар Донишгоҳ 16 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 3 конфронс, 8 семинар ва 5 мизи гирд дар мавзуъҳои геология ва пиряхҳо, рақамикунонии муосир ва рушди инноватсионӣ, зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф ва саноат, биоэтика ва ҳуқуқи инсон, таъмини амнияти иқтисодӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ғайра баргузор гаштанд.
Рустам Ғанизода иттилоъ дод, ки филиал имрӯҳзо бо 40 муассисаи олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳон робитаҳои зичи илмӣ дорад ва ин имкон медиҳад, ки донишҷӯёни ФДДМ таълимро дар 40 муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон идома диҳанд.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА
Зайнидин МУХТОРОВ:
“5 ихтисоси нав таъсис ёфт”
Зайнидин Мухторов, ректори филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе, зимни нишасти хабарӣ иброз дошт, ки Донишкада дар шашмоҳаи аввали соли 2025 панҷ ихтисоси нав кушод. Аз ҷумла, “Менеҷменти бизнес ва молия”, “Менеҷменти бизнес ва маркетинг”, “Технологияи иттилоотӣ”, “Мудирияти туризми байналмилалӣ” ва “Киберамният”.
Ректор иттилоъ дод, ки муассиса навтаъсис буда, дар соли таҳсили 2024-2025, 41 донишҷӯ қабул намуд. Аз ин шумора, 25 нафар дар зинаи бакалавриатура ва 16 нафар дар магистратура таҳсил мекунад. Ҳамзамон, зикр шуд, ки нақшаи қабули донишҷӯён дар соли таҳсили 2025-2026, 150 нафарро ташкил медиҳад. Айни ҳол қабул идома дорад.
– Донишкада барои пешбурди фаъолияти худ бо як қатор ташкилоту муассисаҳои давлативу бахши хусусӣ ҳамкории густурда дорад, аз ҷумла бо ҶДММ "Авесто гурӯҳ", ИКХ "Коиноти нав", ҶСШК "Тоҷикгидроэлектромонтаж" ва ҶС "TCELL" шартномаву тафоҳумномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расондааст, ки дар асоси он маблағи таҳсили донишҷӯён аз тарафи ин ширкатҳо пардохт гардида, донишҷӯён дар ин корхонаҳо таҷрибаомӯзӣ, коромӯзиро мегузаранд ва пас аз анҷоми таҳсил дар ин муассисаҳо фаъолияти кории худро идома медиҳанд, – гуфт Зайнидин Мухторов.
Донишкада бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои ҳамкорӣ ёддошти тафоҳум ба имзо расонд.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА