Баргашт Чоп кардан

СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВЛАДИМИР ПУТИН


10-уми август суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.
Зимни он масъалаҳои мубрами рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва рӯзномаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти Русия оид ба натиҷаҳои асосии музокирот бо ҷониби ИМА маълумот дод. Пешвои миллат зимни изҳори сипос аз пешниҳоди маълумот аз талошҳо ҷиҳати дарёфти роҳҳои сиёсиву дипломатии ҳалли қазияи Украина пуштибонӣ карданд.
Ҳамзамон, омодагии ҷонибҳо барои андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Русия таъкид гардид.
Сарварони давлатҳо нақшаи вохӯриҳои дарпешистодаи сатҳи олиро ҳам дар қолаби дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба баррасӣ карданд.

БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИЛҲОМ АЛИЕВ ВА НИКОЛ ПАШИНЯН
9-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Илҳом Ҳайдар оғлу!
Шумо ва мардуми дӯсти Озарбойҷонро ба муносибати имзои Эъломияи муштарак бо Ҷумҳурии Арманистон, ки роҳро барои расидан ба сулҳи пойдор миёни ду кишвар мекушояд, самимона табрик мегӯям.
Мо аз ин рӯйдоди таърихӣ истиқбол намуда, бар аҳамияти муколамаи сулҳомез ҳамчун василаи ягонаи ҳалли буҳрону муноқишаҳо таъкид мекунем.
Бовар дорем, ки расидан ба ин созиш барои рушди равобити ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории шарикии ду давлат заминаи заруриро фароҳам оварда, ҳамзамон, ба таҳкими пояҳои суботу амният дар Қафқоз ва тавсеаи ҳамкории созандаи байниминтақавӣ мусоидат хоҳад кард.
Бо истифода аз ин фурсат, ба Шумо – муҳтарам Илҳом Ҳайдар оғлу, сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолияти пурмасъулатон комёбиҳои рӯзафзун ба нафъи мардуми дӯсти Озарбойҷон орзумандам».


9-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Никол Пашинян барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Никол Воваевич!
Шумо ва мардуми дӯсти Арманистонро ба муносибати имзои Эъломияи муштарак бо Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки роҳро барои расидан ба сулҳи пойдор миёни ду кишвар мекушояд, самимона табрик мегӯям. Мо аз ин рӯйдоди таърихӣ истиқбол намуда, бар аҳамияти муколамаи сулҳомез ҳамчун василаи ягонаи ҳалли буҳрону муноқишаҳо таъкид мекунем.
Бовар дорем, ки расидан ба ин созиш барои рушди равобити ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории шарикии ду давлат заминаи заруриро фароҳам оварда, ҳамзамон, ба таҳкими пояҳои суботу амният дар Қафқоз ва тавсеаи ҳамкории созандаи байниминтақавӣ мусоидат хоҳад кард.
Бо истифода аз ин фурсат, ба Шумо – муҳтарам Никол Воваевич, сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолияти пурмасъулатон комёбиҳои рӯзафзун ба нафъи мардуми дӯсти Арманистон орзумандам».