Баргашт Чоп кардан

ТЕМУРМАЛИК. АЗ РУШДИ ХОҶАГИДОРӢ ТО ТАТБИҚИ БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТӢ


Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳияи Темурмалик бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 103 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 18,2 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 500,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳисоби буҷети вилоят ба буҷети ноҳия 31,4 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо ва ворид гардидаанд.
– Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 96 дарсад иҷро шудааст. Нақшаи шашмоҳа 48,8 миллион сомонист ва он аз ҳисоби буҷет 46,9 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст. Аз ҷумла, сектори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 89, маориф 96, нигаҳдории тандурустӣ 104, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 46, хоҷагии манзилию коммуналӣ 98, фарҳанг 92 ва хоҷагии қишлоқ 91 фоиз маблағгузорӣ шудаанд.
Ба ҳолати 1-уми июли соли ҷорӣ қарзи корхонаю ташкилотҳо аз ҳисоби андозҳо (бо назардошти бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ) 6,4 миллион сомониро ташкил дод, ки он нисбат ба аввали сол 48,7 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст, – иброз дошт Шералӣ Ҳасанзода, раиси ноҳияи Темурмалик.
Вобаста ба таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» қарори раиси ноҳия ба имзо расид ва тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида, гурӯҳҳои корӣ дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои дигари қарзии ноҳия дар корхонаю муассисаҳои давлатӣ ва нуқтаҳои савдо корҳои фаҳмондадиҳӣ, огоҳкунӣ ва пайгироиро ба роҳ монданд.
Мутобиқи маълумот, то 1-уми июли соли равон дар ноҳия 1899 субъекти хоҷагидор фаъолият менамояд ва 1566-тои онро соҳибкорони инфиродӣ ва 333-тояшро шахсони ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки агар дар ин давра ҳамагӣ 333 субъекти хоҷагидор дар ноҳия таъсис ёфта бошад, пас 30 субъекти дигар фаъолияти худро қатъ намудааст, ки аз субъектҳои барҳамхӯрда 29-то соҳибкори инфиродӣ ва 1-торо шахсони ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд. Ҳамин тавр, дар давраи ҳисоботӣ 46 субъекти хоҷагидор зиёд шудааст.
Дар ноҳия 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ мегардад, ки маблағи азхудшуда 19,1 миллион доллари ИМА мебошад. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Темурмалик барои солҳои 2021-2025-ум 149 лоиҳаро ба маблағи 153,1 миллион сомонӣ дарбар гирифта, ба ҳолати 1-уми июли соли ҷорӣ 143 лоиҳа (96 %) ба маблағи 392,8 миллион сомонӣ (2,6 баробар) ба иҷро расидааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 219,7 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 17,6 миллион сомонӣ зиёд иҷро гардидааст, ки афзоиш 8,7 фоизро ташкил медиҳад.
То 1-уми июли соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 13,7 ҳазор гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ анҷом дода шуд.
Аз кишти анҷомдодашуда ғалладона ва лӯбиёиҳо 12,3 гектар, зироатҳои техникӣ 976, картошка 203, сабзавот 300,6, полизӣ 475 ва зироатҳои хӯроки чорво 325 гектарро дар бар мегирад.
Дар ин давра саршумори чорвои калон ба 41856 сар, аз ҷумла модагов 18863, гӯсфанду буз 142139, паранда 49470, асп 4236 сар ва занбӯри асал ба 2229 оила расид.
Ҳамзамон дар ин давра истеҳсоли ғалладонаиҳо ба 17837 тонна, картошка ба 2647 тонна, сабзавот ба 3660 тонна расонда шудааст. Истеҳсоли гӯшт 110,3, шир 101,2, тухми мурғ 101,4, пашм 101,9, пилла 65,4, асал 100 ва гӯшти моҳӣ 100 фоизиро ташкил медиҳад. Дар мавсими сабзазоркунӣ 15,7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан, ҳамешасабз ва ороишӣ шинонда шуд, ки ин нишондиҳанда иҷрои 104 фоизи нақшаи тасдиқшударо ташкил медиҳад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 12 миллион 289,4 ҳазор сомонӣ расонда шуд ва ин шумора дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2024-ум 1,6 миллион сомонӣ ё 114,7 фоиз зиёд мебошад. Дар 6 моҳаи якуми соли равон ҳаҷми сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 23,5 миллион сомонӣ гардид. Корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 21,9 миллион сомонӣ иҷро шуд ва фондҳои асосӣ 11,8 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 2,1 баробар бештар аст.
Масофаи умумии роҳҳои ноҳия 213,7 километрро ташкил медиҳад, ки аз он роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ 48,8 километр ва аҳамияти маҳаллидошта 164,9 километр мебошад.
Барои таъмири роҳҳо давоми 6 моҳи соли равон 58,8 ҳазор сомонӣ ҷудо ва аз худ шудааст. Аз ин ҳисоб 12,6 ҳазор сомонӣ барои таъмири роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта ва 46,2 ҳазор сомонӣ барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ сарф карда шудааст.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо, дар ноҳияи Темурмалик бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмиру бунёди 316 иншоот (166 иловагӣ) ба нақша гирифта шудааст ва то 1-уми июли соли равон 187 иншоот ё 59,2 дарсади онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар 106 иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”