Баргашт Чоп кардан

МОИ “СУҒД”. МАҶМУИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ БА 251,3 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД


Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дар шаш моҳи соли равон маҷмуи маҳсулоти саноатиро ба 251,3 миллион сомонӣ расонд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 71 миллион сомонӣ зиёд буда, баландтарин нишондод дар солҳои охир маҳсуб мешавад.
Ҳамзамон, ҷиҳати амалисозии дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба афзунбахшии истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ дар МОИ “Суғд” қадамҳои устувор ва эътимоднок мегузоранд. Солҳои қаблӣ аз маҷмуи маҳсулоти ин ҷо тавлидшуда ба маблағи 35-40 миллион сомонӣ содирот мешуд. Соли равон бошад, танҳо дар 6 моҳ ин рақам ба 86,3 миллион сомонӣ расид.
Дар масъалаи таъсиси ҷойҳои нави кор низ натиҷаҳо назаррасанд. Шумораи кормандони субъектҳо ба 950 нафар расид ва дар нимсолаи дуюм теъдоди онҳо боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт.
Муҳаммадҷон Муҳаммадзода, роҳбари маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”, аз он хушнуд аст, ки маҳсулоти онҳо аз лиҳози рақобатпазирӣ ва сифат ҷавобгӯйи талаботи рӯз буда, то бозори кишварҳои Олмон, Туркия, Россия, Беларус, Ироқ, Озарбойҷону Қирғизистон ва Туркманистон роҳ меёбанд.
– Талошҳо баҳри ҷалби сармояи хориҷӣ ва, ба ин васила, дар МОИ “Суғд” бунёд кардани корхонаҳои замонавӣ бо воридсозии технологияҳои пешқадами инноватсионӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор, ки аз ҳадафҳои асосии фаъолият маҳсуб меёбанд, марҳала ба марҳала самар меоранд. Дар давраи мавриди назар ба мо муяссар гашт, ки боз чор субъекти нав: ҶДММ “Сайёҳи Суғд”, (самти фаъолияташ сохтани хонаҳои модулии ба сайёҳӣ нигарондашуда), ҶДММ “Суғд Агро Трейд” (бандубасти биринҷ), ҶДММ “Нури Суғд” (истеҳсоли сигарети филтрдор) ва ҶДММ “Алӣ Бунён” ба қайд гирифта шавад. Дар сурати пурра бунёду мавриди фаъолият қарор гирифтани ин коргоҳҳо 185 ҷойи нави кор таъсис хоҳад ёфт, – иброз дошт Муҳаммадҷон Муҳаммадзода.
Имрӯз роҳбарияти маъмурияти МОИ “Суғд” кӯшиш дорад, ки тамоми шароити кориро мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ муҳайё сохта, ба ҷалби зарурии сармоягузории ширкатҳову соҳибкорон муваффақ шаванд.

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”

ХАТЛОН. ТАВАҶҶУҲ БА СОҲАИ ПАХТАКОРӢ МЕАФЗОЯД
Дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва дигар масъулон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаи фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта, омодагии корхонаҳои пахтатозакунӣ ба мавсими ҷамъоварии пахтаи соли 2025, ворид намудани ҳаҷми воқеии истеҳсол ва коркарди пахта ба ҳисоби оморӣ, шаклҳои дурусти андозбандӣ, назорати механизми ҷамъоварии пахта то коркарди ниҳоии он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз дошт, ки соли сипаришуда дар мавсими ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳои коркард супурдани пахта як қатор камбудиҳо, аз ҷумла бо нархи паст харидану сари вақт напардохтани маблағи он, норозигии деҳқононро ба миён овард ва ба шахсони масъул супориш дод, ки бо ташкилотҳои соҳавӣ масъалаи маблағгузории ҳосили имсола омӯхта ва ҳал карда шавад.
Давлаталӣ Саид оид ба қабул ва коркарди пахтаи истеҳсолкардаи деҳқон, роҳ надодан ба ҳисоботи нодуруст, тартиби андозбандии коркарди пахта, ҳолати воқеии пардохтпазирии маблағи андоз аз ҷониби корхонаҳои пахтатозакунӣ, роҳҳои пешгирии ҳолатҳои ғайриқонунии коркард ва қочоқи пахта, назорати механизми ҷамъоварии пахта то коркарди ниҳоии он ва пешгирии қонуншиканӣ дар самти баҳисобгирии оморӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод. Сарраёсати омори вилоят, раёсатҳои андоз, назорати давлатии энергетикии вилоят, марказҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои вилоят вазифадор шуданд, ки вобаста ба қабул, коркард ва интиқоли пахта аз ҷониби корхонаҳои коркард аз рӯйи талаботи меъёрҳои пешбинишуда ҷиҳати таъмини тавозуни ҳаракати пахта тадбирҳои судманд андешанд.
Бояд зикр намуд, ки имсол кишоварзони вилоят дар майдони 123037 гектар пунбадона кишт намудаанд. Дар натиҷаи заҳмати деҳқонон, майдонҳои пахтазор хуб нашъунамо ёфта, дар давраи ҳосилбандӣ қарор доранд.

Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

“ИТТИФОҚ” Бо ин ном китоби Қурбоналӣ Раҳимзода ба табъ расид, ки дар он мақолаҳои чанд соли охир навиштаи муаллиф ҷой дода шудаанд. Баъзе аз ин мақолаҳо дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” нашр гардидаанд.
“Номгузории маҷмуаи мақолаҳои дар матбуоти даврӣ нашргардидаи Қурбоналӣ Раҳимзода бо номи “Иттифоқ” тасодуфӣ нест. Қурбоналӣ Раҳимов (Раҳимзода) тайи ҳашт сол аст, ки дар дастгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Мақолаҳое, ки дар маҷмуа фароҳам гардидаанд, маҳсули эҷоди муаллиф дар муҳити кории Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм мебошад”, – навиштааст дар сарсухани китоб Зулҳия Нозакзода, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зикри ин нукта низ зарур аст, ки аксар матолиби ин китоб дар бораи омӯзгорон, мушкилоти онҳо ва роҳҳои ҳаллашон мебошад. “Решаи ҷаҳл дар куҷост?”, “Омӯзгори асил, инсони хоксор”, “Муаллим Усмон Раҳмонов. Аз меҳр то муҳаббат”, “Майл сӯйи Офтоб”, “ Муаллим барои омӯзиши башар аз офаридагор дастур дорад”, “Замини муаллимон”, “Муаллим”, “Муаллими Раббӣ Ғулом”, “Эҳтироми омӯзгор: Аз имон то инсоф” аз ин қабиланд.
Забони навиштаҳо равон, содаву фаҳмо ва аксаран шоирона мебошад. Масалан, дар матолиби “Замини муаллимон” чунин нигоштааст: “Хомӯшии мо аз ғаму ғусса набуд, хомӯшии мо аз шодию фараҳ буд. Вақте ки шодию фараҳ касро фаро мегирад, хомӯшӣ ғалаба мекунад. Хомӯшӣ дар ҷустуҷӯи изҳори нек, ташаккуру аҳсанҳо ба марди шариф, фархундапай ва нексиришт аст”.
Ҳамин тавр, “Иттифоқ” китоби муҳиму ҷолибу хонданӣ буда, дар тарбияи насли наврас саҳми арзанда гирифта метавонад.

Абдулқодири Раҳим,
“Ҷумҳурият”

КОНИБОДОМ. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ ШАРОИТИ БЕҲТАРИ ТАЪЛИМ
Соли нави хонишро дар шаҳри Конибодом зиёда аз 1000 хонанда дар мактабҳои наву таъмиргашта ва синфхонаҳои ба тозагӣ бунёдшуда истиқбол мегирад.
Тавре Бурҳониддин Ҷабборӣ, мудири маорифи шаҳри Конибодом, дар суҳбат иброз дошт, ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар бунёд ва сохтмони 41 иншооти соҳаи маориф: биноҳои нави таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, толору майдончаҳои замонавии варзишӣ дар назар дошта шудааст.
Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 18 ва 34 бо фарогирии 800 нафар ва ду кӯдакистони инноватсионӣ дар Рӯзи дониш (1-уми сентябр) мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


АШТ. МАОРИФ РУШД МЕКУНАД
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт соҳаи маорифро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ дониста, дар нимсолаи аввали соли 2025 ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонд.
Дар доираи татбиқи "Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025", бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатманд чандин иқдоми созанда роҳандозӣ шуд. Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Ифтихор кӯдакистони хусусии “Фарангис-2003” таъсис ёфта, 20 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирифт. Дар маркази ноҳия кӯдакистони хусусии “Бунёд” бо фарогирии 94 кӯдак ба фаъолият оғоз намуд.
Айни ҳол дар 15 муассисаи томактабии ноҳия 1872 кӯдак таълиму тарбия мегирад. Дар 40 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ низ 125 гурӯҳи маркази инкишофи кӯдак таъсис ёфта, дар онҳо 1964 кӯдак фаро гирифта шудааст.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”