Пас аз мутолааи матлаби Абдулқодири Раҳим бо номи “Хиёнати бузург” (“Ҷумҳурият”, 30 июли соли 2025) зарур шумурдам, ки андешаҳоямро иброз бидорам. Муаллиф барҳақ менависад: “Имрӯз дурӯғ ончунон реша давонда ва ҷойи ростиро танг кардааст, ки мепиндоранд, то дурӯғ нагӯӣ, корат ривоҷ намегирад. Ин дурӯғҳо чи хонаҳоро сӯхтаву чи бозорҳоро ба хокистар табдил додаанд. Тиҷоратро на танҳо ба дурӯғ эътибор бахшидаанд, балки бо фиреб ороиш додаанд”.
Албатта, ин ҳама бар асари фориғболӣ дар тарбияи фарзанд аст.
Волидайни мо дар баробари он ки ба дурӯғ нафрат доштанд ва аз гуфтани он парҳез мекарданд, ба фарзандон зарари ин амали зиштро пайваста таъкид менамуданд. Гуфтани ҳамин як ҷумла, ки “дурӯғ торикии имон аст” дар рӯзгори мо таъсири бузург мегузошт, агарчи ҳам дар хурдсолӣ ба маънияш пурра сарфаҳм намерафтем.
Мӯйсафедон ба насиҳат мегуфтанд: “Одами дурӯғгӯ дар зиндагӣ баракат намеёбад. Як ҷониби рӯйи дурӯғгӯ ҳамеша сиёҳ аст. Дурӯғ бе фурӯғ мебошад”.
Агар як нафар дурӯғ мегуфт, зуд дар маҳалла овоза мешуд, ки фарзанди фалон кас аз хурдсолӣ ба дурӯғгӯӣ одат кардааст. Ҳамаи аҳли маҳалла дар ташвиш меафтод. Чанд нафар барои насиҳаташ масъул мешуд. Волидайнашон аз ин дар ранҷ меафтоданд, ғам мехӯрданд, роҳҳои гуногунро барои тарбияи дурусташ меҷустанд, аз бузургсолон маслиҳат мепурсиданд.
Ҳолиё ба ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа мардум бетарафиро ихтиёр кардаанд. “Хайр, фарзанди фалонӣ дурӯғгӯ аст, ба ман чӣ?” мегӯянд. Намедонанд, ки зарари он фардо ба ӯ низ мерасад.
Тавре муаллифи мақола менависад: “Ба дурӯғ он қадар дилбаста шудаем, ки бар асари он эҳсоси хатари бузургро дар оянда намекунем, балки ин ҳисро ҳам ба заҳри дурӯғ куштаем”.
Вазифаи муқаддаси ҳар падару модар аст, ки дурӯғро нагузоранд, ки ба хонадонашон роҳ биёбад ва тухми ростиро дар замири ҷигаргӯшагони худ бипошанд.
Инчунин, ҳеҷ каси солимақл дар ин гуна мавридҳо худро бетарафу дар канор нагирад.
Ман, ки ҳоло давлати пирӣ меронам, худро дар тарбияи набераҳоям масъул мешуморам.
Ба дурӯғ оштинопазир будам ва мемонам. Ростӣ файзу баракат дорад ва ин дарахт ҳамеша пурбор аст. Пас, ба ростӣ бояд майл бикунем ва ба дурӯғ нафрат дошта бошем.
Рустам АБДУЛЛОЕВ, ноҳияи Рӯдакӣ