Баргашт Чоп кардан

ҲАҚИҚАТИ НОРАВШАН. «ЗЕҲНИ СУНЪӢ БАРОИ ИНСОН Ё ИНСОН БАРОИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ?»


Бо суръат гирифтани равандҳои рақамикунонӣ ва густариши бесобиқаи зеҳни сунъӣ, муносибати инсон бо ин васила ба марҳалаи нав ворид гардида, вобастагии ҷомеа ба он рӯз ба рӯз амиқтар мегардад.
Зеҳни сунъӣ – ихтирооти дорои қобилияти тафаккурии шабеҳи инсон, имрӯз, ки дар қабули қарорҳо, таҳлили маълумот ва ҳатто, ташаккули афкори ҷамъиятӣ нақши мустақим ва мутаассир пайдо намудааст, суолеро ба миён меорад, ки то куҷо инсон метавонад назорати ин равандро нигоҳ дорад ва оё зеҳни сунъӣ воқеан ба манфиати инсон хидмат мерасонад ё инсон тадриҷан ба муҳосираи абзоре афтодааст, ки худ онро ихтироъ намудааст?
Таҳқиқоти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла ЮНЕСКО ва Комиссияи ҷаҳонии этикаи зеҳни сунъӣ (Global Commission on the Ethics of Artificial Intelligence), бозгӯ менамоянд, ки рушди зеҳни сунъӣ (мисли роботҳо, алгоритмҳо, чат-ботҳо ва дигар системаҳои автоматӣ) бе танзими меъёрҳои ахлоқиву ҳуқуқӣ метавонад боиси заиф шудани нақши инсон дар идораи равандҳои муҳими ҷамъиятӣ ва коста шудани арзишҳои маънавию башарӣ гардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки амиқи пайомадҳои фарогири зеҳни сунъӣ, 25 июли соли 2025 ба баррасии Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи муҳим ва саривақтиро таҳти унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” пешниҳод намуд. Қабули қатънома Тоҷикистонро ҳамчун ташаббускори фаъоли танзими равандҳои нави технологӣ муаррифӣ намуда, мавқеи кишваро дар ҳимояи арзишҳои умумибашарӣ ва рушди устувор таҳким бахшид.
Аз ин дидгоҳ, ташаббуси Тоҷикистон на танҳо як иқдоми дипломатӣ, балки идомаи мантиқии сиёсати башардӯстонаи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Ҳадафи он, пеш аз ҳама, ҳифзи арзишҳои ахлоқиву ҳуқуқии инсон ва таъмини амнияти ҷомеа дар шароити рушди босуръати технологияи рақамӣ ба шумор меравад.
Суоли меҳварие, ки дар сархати матлаб матраҳ гардид, имрӯз дигар на як андешаи фалсафӣ, балки даъватест ба ҳушёрии сиёсӣ, бедории маънавӣ ва эҳсоси масъулияти шахсии ҳар як фарди худогоҳ. Ин пурсиш моро водор месозад, ки дар баробари рушду густариши технология мавқеи бетарафона нагирифта, ҳамчун шаҳрванди фаъолу соҳибмасъули ҷомеа амал намоем.
Ҷавоби ин суол аз иродаи қавӣ, сатҳи маърифатнокӣ ва масъулияти иҷтимоии инсон вобаста аст. Танҳо замоне метавон зеҳни сунъиро василаи пешрафти воқеӣ номид, ки он ба манфиати шахс хидмат намояд ва ба рушди ҳамаҷонибаи инсоният мусоидат кунад. Дар акси ҳол, хатари он ки инсон, тадриҷан, аз як субъекти соҳибирода ба объекти идорашавандаи технологӣ табдил ёбад, баланд буда, эҳтимол ба яке аз хатарҳои воқеии асри нав табдил хоҳад ёфт.
Иқдоми Тоҷикистон дар самти ташаббусгузории танзими байналмилалии зеҳни сунъӣ намунаи равшани андешаи стратегӣ ва масъулияти баланди кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Ин иқдом, ки дар шароити таҳаввулоти бесобиқаи рақамӣ ироа гардид, аз иродаи устувори сиёсӣ ва нигоҳи дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Он паёми возеҳест ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки зеҳни сунъӣ бояд дар доираи манфиатҳои инсоният, бо риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ ба таври муассир танзим гардад. Тоҷикистон бо пешниҳоди чунин ташаббуси муҳиму саривақтӣ на танҳо дар ҳифзи арзишҳои инсонӣ саҳм мегирад, балки дар ташаккули тартиботи нави ҷаҳони рақамӣ нақши муассир мегузорад.

Руҳафзо МУРОДОВА, «Ҷумҳурият»