Баргашт Чоп кардан

САНЪАТИ ТАСВИРӢ. ОЙИНАИ ТАЪРИХ, ФАРҲАНГ ВА ЗЕБОИШИНОСИИ МИЛЛӢ


«Ҳар тасвири нигошташуда сухани ногуфтаи миллат аст» – ин ҳақиқати бадеӣ аст, ки тули таърихи халқи тоҷик тавассути нақшу нигор ва мусаввараҳо инъикос ёфтааст. Санъати тасвирӣ ҳамчун яке аз равандҳои муҳимтарини ифодаи воқеият, зебоӣ ва фарҳанги миллӣ на танҳо таҷассумгари зеҳният ва ҷаҳонбинии ҷомеа, балки забони руҳу равони халқ низ мебошад.
Тули ҳазорсолаҳо, ин шакли ҳунар ҳамчун воситаи пуриқтидори баёнгари орзуву ормон, сарнавишт ва ҳувияти миллӣ хизмат намудааст. Санъати тасвирӣ зина ба зина аз нақшакашии ғорӣ, то шаклҳои муосири рассомӣ ташаккул ёфта, имрӯз ҳамчун як унсури муҳими зеҳнӣ ва маънавӣ дар рушди фарҳанги миллӣ ва тафаккури визуалӣ нақши муассир мебозад.
Муассисаи давлатии «Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент» на танҳо маркази ҳифзи мероси моддӣ, балки равзанаи равшан ба таърихи санъати тасвирии тоҷикон маҳсуб мешавад. Коллексияи санъати тасвирии Осорхона зиёда аз 120 мусаввара ва портретро дар бар мегирад.
Намунаҳои барҷастаи мусаввараҳо дар Осорхона иборатанд аз:
• «Исмоили Сомонӣ бо лашкараш» (Камелин А.Н., 1961 – 62) – таҷассумгари руҳи давлатдории тоҷикон;
• «Бозгашт ба Ватан» (Серебрянский Б.И., 1957)– тасвире пурмаъно ва пурэҳсос;
• «Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ» (Лисиков И.Л., 1962) – эҳёи симои шоири классикӣ;
• «Фоҷиаи Ҳоит» (Нарзуллоев Ш., 2009) – шоҳасари эҳсосӣ ва иҷтимоӣ.
Ба коллексияи Осорхона, инчунин, асарҳои рассомони маъруфи дигар чун Абдураҳмонов И., Раҳимов А., Фахридинов К., Хошмухаммедов М., Ҷанобилов Л. ва дигарон шомиланд, ки ҳар кадоме ҳиссаи беназире дар баёни зебоӣ ва ҳаёти мардумӣ гузоштаанд.
Аз ҷумла, рассоми шинохта Шодмонқул Нарзуллоев, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо эҳсоси миллӣ ва забони баланди визуалӣ 16 мусаввараи нодирро ба Осорхона эҳдо кардааст. Ӯ бо итминон мегӯяд: «Ҳар хатти бистари ранг бояд гувоҳи эҳсос, шоҳиди замон ва забони ниҳони миллат бошад».
Ҳамчунин, шодравон Лутфулло Ҷанобилов, ки собиқ корманди Осорхона ва рассоми фарҳангсолор буд, бо портретҳои рамзӣ ва асарҳои худ осори Осорхонаро ғанӣ гардонд. Дар суханони ӯ чунин андешаи амиқ садо медиҳад: «Осорхона фазои зиндаи бедор кардани ифтихори миллӣ ва дарки ҳувият аст. Агар хомӯш бимонем, тасвир гӯё ба ҷои мо сухан мегӯяд».
Фонди санъати тасвирии Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ганҷинаи нодири таърихиву фарҳангӣ ва воситаи муассири бедорсозии ҳувияти миллӣ, ватандӯстӣ ва зебоишиносӣ мебошад.

Мақсуд МИЗРОБЗОДА,
директори МД “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент”