Далел аз китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров аст, ки дар ҳудуди давлати Сосониён гӯсфандони бениҳоят думбакалон парвариш ёфта, на фақат амнияти озуқавории аҳолии худро таъмин менамудаанд, балки дар байни кишварҳои ҳамсоя ҳамчун дастовардҳои миллиамон муаррифӣ мешудаанд. Паҳншавии ин чорвои сермаҳсули ватании мо то ба қитъаҳои дигари сайёра аз доштани қобилияти баланди селексионии мардуми мо дарк медод. Маҳз ҳамин сарчашмаҳои илмӣ асос шуданд, барои дар анҷумани бонуфузи ФАО, дар ҷаласаи гурӯҳи илмӣ-машваратии Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ (НМКАҶ), ки санаҳои 7-8-уми июли соли 2025 дар давлати Италия баргузор гардида буд, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобии Тоҷикистон ҳамчун мероси низоми кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонидошта, расман эътироф шуд.
– Бо эътироф гардидани чунин як дастоварди бузурги аҳамияти ҷаҳонидоштаи кишоварзӣ дар даврони бозгашти истиқлолияти давлатӣ, бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуҳрату нуфузи арзишҳои миллии мо бамаротиб боло мераванд, – иброз дошт Убайдулло Ҳабибов, мудири бахши байторӣ ва зотпарварии раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тавре ҳамсуҳбати мо шарҳ дод, масъалаи рушди соҳаи чорводорӣ дар самти нигоҳубин ва парвариши чорвои калони зоти шведӣ низ мавриди таваҷҷуҳи хос бояд қарор дода шавад. Чунки авлавияти парвариши чорвои зоти сиёҳало ва сементаллӣ дар ҷумҳурӣ боло рафта, рушди чунин зоти нодири сермаҳсули ватанӣ, ба монанди зоти шведӣ, солҳои охир аз мадди назар каме дур мондааст. Маврид ба ёдоварист, ки солҳои панҷоҳуми асри гузашта, зоомуҳандисони шуравӣ, ҷиҳати ноҳиябандӣ намудани чорвои калони шохдори зоти шведӣ дар ҷумҳурии мо, аз хориҷи кишвар 1500 сар чорвои зоти шведиро давра ба давра ворид намудаанд. Соли 1951 қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Офаридани зоти сермаҳсули чорвои калони шохдор дар Тоҷикистон» қабул гардид. Ин қарор дар он асос қабул гардид, ки дар ҳамон вақт дар ғарби ҷумҳурӣ дар асоси ҷуфткунонии чорвои зебумонанд бо буққаҳои зоти шведӣ дурагаҳои онҳо парвариш мешуд. Чорвои офаридашуда ба шароит мутобиқ ба касалиҳо тобовар буда, маҳсулнокии баланди ширӣ ва гӯштӣ доштанд. Дар натиҷаи интихобкунӣ (селексия), парвариш ва нигоҳубини он дар муддати 50 сол, саршумори ин чорвои сермаҳсули ширию гӯштӣ ба 100 ҳазор расонда шудааст. Дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ин зоти сермаҳсул ноҳиябандӣ гардида, фермаҳои комплексии зотпарварӣ фаъолият менамуданд.
Дертар, дар давраи нооромиҳои солҳои аввали истиқлолият, саршумори ин зоти чорвои сермаҳсули ватаниро нобудшавӣ таҳдид менамуд. Ин вазъияти ногуворро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта, барои ҳифзу зиёд намудани саршумори ҳайвоноти дар ҷумҳурӣ парваришёбанда, қарори шабакаи ягонаи зотпарвариро қабул намуданд, ки 11 хоҷагӣ ба павариш ва нигоҳубини чорвои зоти шведӣ дар минтақаҳои Бохтару Кӯлоби вилояти Хатлон махсус гардонда шуданд ва саршумори ин зот дар ин хоҷагиҳои зотпарварӣ қариб 20 ҳазор сарро ташкил медод. Дар ин давра хоҷагидорону чорводорон ҷиҳати таъмини эҳтиёҷоташон, ҳамаи хароҷотҳои хоҷагиро аз ҳисоби ба фурӯш баровардани саршумори ин чорвои сермаҳсул мепӯшонданд, ки дар натиҷа таносуби вазни қиёсии модагов (на кам аз 45 фоиз) дар подаи хоҷагӣ риоя нагардида, ба камшавии саршумори ин зот асос гузошт.
Тибқи талаботи стандартии зоомуҳандисӣ, барои тартиб додани як подаи намунавӣ дар хоҷагиҳои чорводории чорвои калони шохдори самти ширӣ, саршумори умумии чорво аз 500 то 800 сар басанда аст, агар саршумори буққаҳои наслӣ 2-3, саршумори модагов 40-45, саршумори ғуноҷинҳои таъмирӣ 20-25 ва саршумори гӯсолаи модинаи то яксолаи таъмирталаб 18-20 таъмин гардад. Илова бар ин, фоизи ихроҷкунӣ аз 12 дарсад зиёд нашавад.
Боиси зикр аст, ки талаботи муқарраротҳои зикргардида, дар якчанд хоҷагиҳои зотпарварии шабакаи ягонаи зотпарварии ҷумҳурӣ таъмин шуда истодааст. Барои мисол, дар сохтори подаи ҶДММ «Л.Муродов»-и шаҳри Ҳисор, саршумори умумии чорво (маълумоти оморӣ) ба ҳолати 1-уми июли соли равон, ҳамагӣ 763 сарро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор дар пода 350 сар модагови ширдеҳ, 190 сар ғуноҷин ва 160 сар гӯсолаҳои модинаи то яксолаи таъмирталабро ташкил медиҳад. Вазни қиёсии модагов дар подаи хоҷагии мазкур 45,8 фоиз мебошад. Бояд, ки чунин тартиби нигаҳдошти вазни қиёсии модагов дар таркиби подаи хоҷагиҳои зотпарварии ҷумҳурӣ таъмин бошад.
Агар бо чунин сохтор тартиби ташкил намудани пода дар хоҷагӣ таъмин гардад, он барои такрористеҳсолкунии рушди саршумори чорво дар хоҷагӣ ва ба зиёдшавии маҳсулотҳои кишоварзӣ мусоидат намуда, дараҷаи фоиданокии хоҷагӣ меафзояд. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар бисёр хоҷагиҳои зотпарварии ҷумҳурӣ мутахассисони онҳо ба ин нишондиҳандаҳои стандартии зоомуҳандисӣ диққати дуруст намедиҳанд, ки ин ба косташавии фаъолияти ҷорводорӣ замина мегузорад. Албатта, дар ҳар як вохӯрӣ бо чорвдорон ва дар сафарҳои хизматӣ ба хоҷагиҳои чорводории ҷумҳурӣ мутахассисони Вазорати кишоварзӣ аз роҳбарони хоҷагиҳои зотпарварӣ таъмини чунин сохтори подаро талаб намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо дар ин самт тавсия ва пешниҳодҳои муфид медиҳанд.
Ҳоло саршумори зиёди чорвои ин зоти сермаҳсули ватанӣ ва гибридҳои он (типи шведузебумонанд) дар бахши аҳолӣ парвариш ёфта дар 9 хоҷагии зотпарварӣ ба ҳолати 1-уми июли соли 2025 ҳамагӣ 177 сар нигоҳубин ва раванди камшавии саршумори он ҳамасола ба қайд гирифта мешавад.
Аз ин лиҳоз, мутахассисони Вазорати кишоварзӣ бар он назаранд, ки барои тақвияти рушди соҳаи чорводории самти ширию гӯштӣ дар ҷумҳурӣ – зоти шведии сермаҳсули ватанӣ лоиҳаи «Барномаи рушди чорвои зоти шведиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» омода намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
– Ҳамзамон, боиси зикр аст, ки иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои ташкил намудани комплексҳои чорвои хушзоти ширдеҳ ва гӯштӣ», ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба ташкил намудани комплексҳои чорвои хушзоти ширдеҳ ва гӯштӣ, барои таъмини бозори истеъмолӣ бо гӯшт ва шир муваззаф гардида буданд, таъмин мегардад. Мутахассисони соҳаи чорводории Вазорати кишоварзӣ лоиҳаи «Барномаи рушди чорвои зоти шведиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» омода намуда, ҳамзамон, ба таваҷҷуҳи олимон, коршиносони соҳа ва мутахассисони чорводорӣ мерасонанд, ки дар ин иртибот вокуниш ё фикру назари хешро иброз намоянд, – гуфт Убайдулло Ҳабибов дар анҷоми суҳбат ба хабарнигори рӯзнома.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”