Ӯро дар байни собиқадорони сарсафед, маъюбони савори аробачаҳо, ки бо чашмони пурумед сӯяш менигаристанд, борҳо дидам. Бо ҳар нафар нарм сухан мегуфт, дилбардорӣ мекард, шикояташонро мешунид ва аз пайи ислоҳ мешуд. Дил меёфт бо ҳарфҳои сеҳрнокаш. Як ҳафтае, ки дар Муассисаи табобатию профилактикии «Харангон»-и ноҳияи Варзоб будам, шоҳиди муносибати хуши директори он Ҷунайдулло Салимзода бо табобатгирандагон гаштам.
Баъди ошноӣ маълумаш гашт, ки мавсуф, фаъолияти худро аз табиби одӣ дар Маркази касалиҳои дили клиникаи шаҳри Душанбе оғоз бахшида, баъди собиқаи тулонии корӣ аз соли 2021 масъулияти директории Муассисаи табобатию профилактикии «Харангон»-ро бар дӯш гирифтааст. Номзади илмҳои тиб, хатмкардаи Академияи баъдидипломии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ва курсҳои бозомӯзии шаҳрҳои Минск, Москва, Харков, Санкт-Петербург мебошад. Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зиёда аз 25 соли фаъолияти худро ҳамчун вориси содиқи Сино, дилшиноси дараҷаи олӣ баҳри шифои комили беморон дареғ надоштааст. Дар давоми чор соли фаъолият дар раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ӯ тавонист хизматрасонии муассисаҳои тиббии пойтахтро ба дараҷаи воло расонад. Боиси зикр аст, ки мунтазам дар ҳамаи чор ноҳияи шаҳри Душанбе «Корвони саломатӣ» роҳандозӣ мегардид ва маризон табобати ройгон мегирифтанд.
Муассисаи табобатию профилактикии «Харангон» имрӯз бо дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун боргоҳи табобатӣ таъмиру тармим гардида, биноҳои замонавӣ сохта шуданд ва ин мавзеъ ба як гулистони ҳамешабаҳор мубаддал гашт. Дар ин осоишгоҳи табобатӣ ҳамасола иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбон, собиқадорони меҳнат бо роҳхатҳо аз тамоми гӯшаю канори кишвари биҳиштосоямон ба тариқи ройгон табобат мегиранд.
Дар як баст зиёда аз 150 нафар табобат мегирад. Маъюбон бо аробачаҳои махсус таъминанду парасторон онҳоро то биноҳои табобатӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
Муассиса боғ дорад ва меваҳои он: себ, зардолу, нок, олу, шафтолу мизи ғизохӯриро оро медиҳанд ва аз онҳо нӯшобаҳо омода месозанд. Ҳаргуна кабудиҳо, пиёз, бодиринг, помидор, қаламфури булғорӣ низ мерӯёнанд. Ҳамарӯза табобатгирандагон пеш аз хӯрок аз нӯшокиҳои табобатӣ, ба мисли бобуна, пудинаи кӯҳӣ, қоқуф, ниёбу махаллас, тахач, барги зулф нӯши ҷон мекунанд, ки ин ҳама ройгон аст.
Осоишгоҳ дорои китобхона, майдончаи варзишӣ, толорҳои махсус барои саққобозӣ, тенниси рӯйи миз, шашкаю шоҳмот, гулгаштҳои зебо, суҳбаткадаҳост, ҳар ҳафта ду маротибасанъаткорони ноҳияи Варзоб барномаҳои фарҳангӣ пешкаш менамоянд, ки ин ҳама барои фароғати муштариён буда, дар барқарорсозии солимии онҳо нақши арзанда мебозанд.
Музаффар МУРОДОВ, собиқадори меҳнат аз шаҳри Бохтар