Дар шаҳри Туркменбошӣ рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Туркманистон дар соҳаи нақлиёт зимни мулоқоти вазири нақлиёт Азим Иброҳим бо вазири нақлиёти автомобилии Туркманистон Бегенч Аннадурдиев баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки роҳбарони мақомоти давлатии нақлиётии Тоҷикистону Туркманистон дурнамои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва рушди хатсайрҳои байналмилалии мултимодалиро матраҳ намуданд.
Таъкид шуд, ки дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми ҳамлу нақли бор байни ду давлат 26 ҳазору 465 тоннаро ташкил дод.
ҶАЛБИ САРМОЯГУЗОРИИ ШВЕЙТСАРИЯ БА БАХШҲОИ КАЛИДИИ ТОҶИКИСТОН
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Шараф Шерализода бо мушовири Корхонаи ҷаҳонии Швейтсария оид ба Аврупо ва ИДМ Ксавйер Корнут вохӯрд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими густариши ҳамкорӣ дар самтҳои рушди устувор, ҷалби сармоягузории Швейтсария ба бахшҳои калидии Тоҷикистон, аз ҷумла саноат ва кишоварзӣ, инчунин, тақвияти гардиши савдои хориҷиро таъкид намуданд.
ТАШАККУЛИ ҲАЛҚАҲОИ НАВИ ИСТЕҲСОЛӢ ДАР САНОАТИ ИСТИХРОҶ
Соҳаи саноати истихроҷ бо назардошти омилҳои гуногун, аз ҷумла географӣ, маҳаки иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб рафта, дар атрофи он ҳалқаҳои навини истеҳсолӣ ташаккул меёбанд ва ин бахш дар сохтори иқтисодиёт ва саноат аз ҳама муҳимтарин ба шумор меравад.
Тибқи маълумоти Агентии омор, дар нимсолаи аввал дар саноати истихроҷи маъдан ба маблағи 9 миллиарду 923,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 1,7 баробар беш мебошад.
Афзоиши суръати рушди саноати истихроҷи маъдан аз рӯи намудҳои маҳсулотҳои истеҳсолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз ҳисоби истихроҷи ангиштсанг ва бур 10,7 фоиз, нафти хом ва гази табиӣ 2,0 баробар, маъданҳои филизӣ 1,7 баробар, ҳар гуна канданиҳои фоиданок 1,5 баробар мушоҳида мегардад.
ВОХӮРӢ БО МАСЪУЛОН ВА КОРШИНОСОНИ БОНКИ ҶАҲОНӢ
Дар доираи амалисозии лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ вохӯрии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳабибулло Хайруллозода бо масъулон ва коршиносони байналмилалии Бонки ҷаҳонӣ баргузор гардид.
Таъкид шуд, ки дар доираи компоненти якуми лоиҳа дастгирии оилаҳои камбизоат бо пардохти кумакпулии якдафъаина бомуваффақият анҷом ёфта, маблағҳои пешбинишуда пурра пардохт шуданд.
«Марҳалаи дуюм таҳияи дастури методии кейс-менеҷмент барои ташкили хизматрасониҳои маҷмуӣ ва фарогир ба маъюбон, кӯдакон, пиронсолон, занони ҳомила – аъзои оилаҳои камбизоатро дар бар мегирад. Маҳз бо ҳамин мақсад, коршиносони байналмилалӣ ҷалб шудаанд», – омадааст дар хабари интишорнамудаи маркази матбуоти Вазорат.
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон
Кордори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон Саидҷон Шафизода бо губернатори вилояти Хайбар-Пахтунхваи Ҷумҳурии Исломии Покистон Файсал Карим Кунди вохӯрд.
АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолат, дурнамо ва густариши ҳамкориро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, таҳсилоти олӣ, кишоварзӣ, саёҳат, фарҳанг ва ҳунар, варзиш, бонкдорӣ, алоқаи ҳавоӣ ва дигар масъалаҳои барои ҳар ду ҷониб муҳим, мавриди баррасӣ қарор доданд.
МАРҲАЛАИ АВВАЛИ ОМӮЗИШ ДАР СОҲАИ ИДОРАКУНИИ МОЛИЯИ ДАВЛАТӢ
Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири молия Юсуф Маҷидӣ дар марҳалаи аввали омӯзиши таҷрибаи Қирғизистон дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ дар шаҳри Бишкек иштирок намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷаласаи ифтитоҳӣ роҳбарони ҳайатҳо аҳамияти робитаҳои дӯстона ва ҳамкории созандаро байни ду давлат зикр намуданд.
Таъкид шуд, ки мубодилаи таҷриба ва омӯзиши амалияҳои пешқадам дар самтҳои банақшагирии буҷет, идоракунии қарзи давлатӣ, сиёсати андозбандӣ ва маъмурикунонии он, таҳкими шаффофият ва рушди рақамисозии хизматрасонии давлатӣ заминаи муҳими густариши ҳамкории минбаъда мебошад.