Баргашт Чоп кардан

ҶАШН

Варзиш зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст
11-уми август таҳти унвони “Пешвои миллат – ҳомии варзиш ва пуштибони ҷавонон” ба ифтихори Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон (10-уми август) чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид.
Дар чорабинӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, масъулон ва собиқадорони соҳаи варзиши кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо, мураббиёни муассисаҳои тайёрии варзишӣ, варзишгарон ва ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуданд.
З. Гулаҳмадзода зимни суханронӣ собиқадорон ва варзишгарони кишварро, ки шарафи варзиши мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд, табрик намуд.
Зикр гардид, ки соҳаи варзиш зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, самти афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Ҳамин аст, ки ҳамасола заҳмату талош ва меҳнати масъулони соҳа ва варзишгарон қадр мешавад.
“Соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз рукнҳои тарбияи насли наврас ва инсоният ба ҳисоб меравад. Зеро мақсади асосии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш танҳо аз таҳкими саломатии инсон иборат набуда, балки он бо тарбияи меҳнатӣ, ақлӣ, ахлоқӣ ва эстетикӣ низ пайванди ногусастанӣ дорад ва муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад”, - иброз намуд раиси Кумита.
Дар идома собиқадорони соҳаи варзиш, мураббиён ва варзишгарони муваффақи кишвар бо туҳфаҳо ва мукофотпулӣ қадр шуданд.
БОКС
Баҳодур Усмонов дар радабандии WBA ба даҳгона ворид шуд
Муштзани маъруфи кишвар Баҳодур Усмонов дар радабандии нави WBA (Ассотсиатсияи ҷаҳонии бокс) дар вазни сабук (61,2 кг) мақоми 9-умро гирифт. Ин аввалин чунин натиҷаи баланд барои варзишгарони тоҷик дар ин созмон аст.
WBA яке аз чор ташкилоти маъруф аст, ки чемпионҳои ҷаҳонро дар бокси касбӣ эътироф мекунад. Радабандии он ҳар моҳ бозбинӣ мешавад ва ҳангоми ташкили муҳорибаҳои унвони чемпионӣ ҳамчун роҳнамо хизмат мекунад. Дар ҳар категория WBA "Супер чемпион" ва "Чемпиони муқаррарӣ"-ро муайян месозад. Дар ҳоли ҳозир камарбанди "Супер чемпион"-ро дар вазни сабук Ҷорвонта Дэвиси амрикоӣ (30-0) дорад, камарбанди "Чемпиони муқаррарӣ" бошад, холӣ аст. Ин ба варзишгарони даҳгонаи беҳтарин роҳ мекушояд, ки барои унвони чемпионӣ мубориза баранд ва Баҳодур Усмонов дар қатори довталабони асосӣ мебошад. Баҳодур дар бокси касбӣ ба наздикӣ ворид шуд, аммо, аллакай, рекорд дорад: дар 11 қувваозмоӣ 11 ғалаба, 5-тоаш бо нокаут. Дар набарди охиринаш, ки 22-юми июли соли равон дар Душанбе баргузор шуд, ӯ бар намояндаи Гана Кристофер Муафо ғолиб омад.
БОЗИҲОИ МАҶМУӢ
Барномаи Бозиҳои Осиё-2026 тасдиқ шуд
Барномаи варзишӣ барои Бозиҳои 20-уми Осиё дар Аичи-Нагаяи Ҷопон дар ҷаласаи 96-уми кумитаи иҷроияи Шурои олимпии Осиё (ШОО) тасдиқ шуд.
Бозиҳо аз рӯи 41 намуди варзиш, 68 равия ва 460 мусобиқа сурат мегиранд, аз ҷумла 217 мусобиқаи мардон, 204 мусобиқаи занон ва 39 мусобиқаи омехта.
41 намуди варзиш инҳоянд: варзишҳои обӣ, камонварӣ, варзиши сабук, бадминтон, бейсбол/софтбол, баскетбол, бокс, рақси варзишӣ, қайиқронӣ дар байдарка/каноэ, варзишҳои муҳорибавӣ (ҷиу-ҷитсу, кураш, ММА), крикет, велосипедронӣ, аспдавонӣ, е-спорт, голф, чавгонбозӣ, ҳендбол, ҷудо, кабадди, каратэ, панҷҳарбаи муосир, қайиқронии академӣ, регби, заврақронӣ, сепак-такрав, тирандозӣ, скейтбозӣ, шӯхпаймоии варзишӣ, скваш, мавҷбозӣ, тенниси рӯи миз, таеквондо, теннис, триатлон, волейбол, вазнабардорӣ, гӯштини варзишӣ ва ушу.
20-ум Бозиҳои Осиё дар Ҷопон соли 2026 аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр доир мешавад. Ин кишвар бори сеюм мизбони Бозиҳои Осиё мешавад. Қаблан онро соли 1958 (Токио) ва соли 1994 (Хиросима) баргузор карда буд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”