11-уми август даври шаҳрию вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҳафтум ҷараён дорад, оғоз гардид.
Ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ доир гашт. Дар ин даври Озмун ғолибони даври ноҳиявӣ аз 4 ноҳияи пойтахт – Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур дар чор номинатсия иштирок намуда, ҳайати васеи ҳакамон иборат аз мутахассисону коршиносони варзида ба дониши онҳо баҳо мегузоранд.
Чунин чорабинӣ дар Донишгоҳи давлатии Данғара низ доир гашт. Муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як марҳалаи муҳими маърифатӣ ва фарҳангӣ барои ҷомеаи кишвар мебошад. Гуфта шуд, ки аз рӯйи чор номинатсия доир шудани Озмун ва ҷалби тоҷикони бурунмарзӣ як падидаи тоза ва шоёни таҳсин буда, Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар сохторҳои дахлдор тартиби иштирок тариқи маҷозиро барои ҳамдиёрони бурунмарзӣ таҳия ва мувофиқа кардаанд. Барои онҳо комиссияи алоҳида ташкил гардида, имкон фароҳам аст, ки дар шакли онлайн иштирок кунанд. Ҳадаф аз ин иқдом таҳкими ҳувияти миллӣ, забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар миёни ҳамватанони берун аз кишвар мебошад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии Озмун 12-уми август оғоз гардид. Муовини раиси вилоят Фурқати Ҳукумат иброз намуд, ки маҳз дар заминаи иқдоми маърифатпарварона ва таҳти сарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чанд соли охир чунин озмунҳо баргузор мегарданд. Хушбахтона, сол ба сол дар ВМКБ шумораи иштирокчиёни озмунҳо зиёд мегардад.
Таъкид шуд, ки соли 2024 дар даври ҷумҳуриявии Озмун Шаҳина Мабатқадамова соҳиби шоҳҷоиза гардид, ки боиси ифтихори сокинони вилоят мебошад. Имсол ба даври вилоятии Озмун аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 401 нафар роҳхат гирифт.
Ғолибони даври дуюми Озмун аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои гузарондани даври сеюм дар шаҳри Ҳисор ҷамъ омаданд. Озмун дар фазои тантанавӣ оғоз ёфта, довталабон донишу маърифати баланди худро пешниҳоди ҳакамон менамоянд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» имтиёзҳо пешбинӣ кардаанд. Аз ҷумла, довталабони соҳибистеъдод ва забондон барои роҳ ёфтан ба муассисаҳои олии ҷумҳурӣ ҳаматарафа дастгирӣ карда мешаванд.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”