Ба тасвиби Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ, ки усулан ваҳдати миллӣ ва ҷараёни тафоҳуми мардумиро дар қаламрави ҷумҳурӣ таҳким ва истиқлоли давлатиро таҳаққуқ бахшид, 28 сол пур шуд.
Муносибати муътадил ва ҳасана дар ҳамаи давру замонҳо бар асари таҳаққуқ пайдо кардани фарҳанг дар умури иҷтимоӣ имконпазир буда, маҳз фароҳам овардани имконоти фарҳангӣ боиси ҳаллу фасли мушкилоту дарҳамбарҳамиҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ ва равонӣ гардидааст. Оромиш ва суботи ҷомеа, қабл аз ҳама, ба равиши зиндагии фарҳангӣ ва фаъол будани ҷомеаи маданӣ, ки мунтаҳо, ба ваҳдат сабаб мегардад, марбут аст. Дар навбати худ, ваҳдат риштаест, ки миёни фард ва ҷомеа вуҷуд дошта, онҳоро ба ҳам мепайвандад. Аз ин ҷост, ки ҳар як ҷомеа, табиатан, ниёз ба ягон шакли ҳамбастагӣ ва ваҳдат дорад. Ваҳдату ҳамбастагӣ ва раванди ташаккулу инкишофи он ба фазо ва муҳити фарҳангӣ бевосита алоқаманд аст ва дар паҳнои муносибатҳои фарҳангӣ ва маданӣ устувор мешавад.
Аз ваҳдати маъмулию муқаррарӣ то ба масири ваҳдати миллӣ расидан масофаи тулонӣ вуҷуд дорад. Ваҳдати миллӣ, ки бар мабнои ваҳдати органикӣ шакл мегирад, яке аз унсурҳои таркибии раванди ҷомеасозӣ маҳсуб меёбад. Дар ин замина, он ба яке аз масъалаҳои калидӣ дар раванди ҷомеасозӣ бадал шуда, дар ҳама мароҳили таърихӣ барои дилхоҳ ҷомеа мубрам мегардад ва дар бастагӣ бо ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба сифати зарурати таърихӣ рӯйи кор меояд.
Мусаллам аст, ки парешонии иҷтимоӣ, аз ҳам дур шудан ва дар муқобили якдигар қарор гирифтани мардум дар охири солҳои ҳаштодум ва аввали солҳои навадуми садаи бист, махсусан баъди пош хӯрдани низоми қудратманди шуравӣ, ба ҷанги дохилӣ мусоидат кард. Дастгоҳҳои ҳукумати вақт бо аз байн рафтани сиёсати марказӣ ва мунҳал шудани низоми яккароҳбарии шуравӣ дасту по гум карда, ба гирдоби мушкилоти дохилӣ афтиданд. Азбаски элитаи сиёсии замон истиқлолияти роҳбарӣ ва муҳимтар аз ин, собиқаи мудирияти равандҳои сиёсиро надошт ва ҳамвора аз марказ дастуру фармон мегирифт, дар ҳалли мустақилу мустақими мушкилоти дохилӣ бидуни дастуроти болоӣ оҷиз монд. Илова бар ин, дастандаркорони бозиҳои сиёсии ҷаҳонӣ, аллакай даст ба кор буданд ва бо ҳар роҳу васила дар фазои ҷумҳуриҳои пасошуравӣ, ки бо шикасти империя ҳолати карахтиро аз сар мегузаронданд, сенарияи бесарусомонӣ ва бетартибиҳои оммавӣ (хаос)-ро дар шакли таҷаммуоти муътаризона коргардонӣ мекарданд, то низоми шуравӣ комилан аз байн биравад. Дар пайи ин тадбир, нақшаи низоъ ва даргириҳои дохилӣ тарҳрезӣ шуда, тартиби ба ҳам рехтани ақаллиятҳои этникӣ ва мазҳабиёну дунявиён сурат гирифт. Ба ин тариқ, дар манотиқи Тоҷикистон тухми кинаву адоват кошта шуд, дар ин замина даргириҳо ба вуқуъ пайваст, ки аз он вазъи мавҷуда торафт мураккабтар гардида, бовару эътиқодоти мардумӣ ба ояндаи неки ҷумҳурӣ тадриҷан аз байн рафта, халои фикрӣ ва фарҳангӣ дар манотиқи даргир ва баъдтар, дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҳукмфармо гардид.
Маълум аст, ки ваҳдати миллӣ маҳсули марҳалаи нави инкишофи ҷомеаи миллӣ мебошад. Ваҳдат ва раванди амалишавии он ба масъалаи созиши миллӣ бастагӣ дорад. Созиши миллӣ ҷараёни иҷтимоӣ-сиёсӣ буда, ҳадафи бартараф намудани низоъҳои дохилимиллӣ, дохилидавлатӣ ва минтақавиро дар ин ё он мамлакат дар назар мегирад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ваҳдати миллӣ ба унвони механизми асосии созиши миллӣ дар нимаи дуюми солҳои навадуми садаи бист, аниқтараш, 27-уми июни соли 1997, ҷанги дохилиро, ки боиси хисороти зиёди ҷонӣ, молӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фикрию фарҳангӣ гардида буд, барҳам зад. Дар марҳалаи ҳассоси ҷанги шаҳрвандӣ ва даргириҳои бемаънии мусаллаҳонаи ибтидои солҳои навадуми асри бист неруи тозаи миллӣ дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавлид ёфт, ки ҳадафи ягона – бартараф кардани ҷангу даргириҳои дохилӣ, ба вуҷуд овардани фазои ваҳдати миллӣ ва ба оромишу субот расондани ҷомеаи тоҷикро дунбол карда, ба натиҷаи дилхоҳ ноил гардид. Бузургтарин хизмати таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлати Тоҷикистон муайян ва амалӣ кардани роҳи сулҳу наҷоти миллат аз гирдоби фоҷиабори ҷанг, ба ҳам овардани онҳое, ки аз ҳам дур мешуданд, нигоҳ доштани киштии шикастаи Ҳукумат аз ғарқу нобудӣ аст. Тибқи қоида ва одоти маъмулии сиёсӣ, сулҳу оштӣ танҳо дар натиҷаи гуфтушуниди тарафҳои даргир сурат мегирад ва бо қарордоди тарафайн ба анҷом мерасад. Охируламр, бо саъю талошҳои фаровони Сарвари давлат сулҳу оштӣ фароҳам омад ва ваҳдати миллӣ дар ҷомеа тадриҷан устувор гардид.
Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ва фурӯ нишондани оташи ҷанги дохилӣ давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар пайи амалӣ намудани барномаҳои фарҳангӣ иқдомоти зарурӣ анҷом дода, тадриҷан ба фазосозии миллӣ дар умури маданӣ даст ёфт.
Ваҳдати миллӣ ва якдигарфаҳмии мардумӣ боиси он гардид, ки ҷомеа ба сӯйи шинохти арзишҳои миллӣ, тарғиби мероси гаронмояи фарҳангӣ ва муаррифии осори гузашта дар сатҳи ҷаҳонӣ қадамҳои устувор бардорад.
Аз нимаи дуюми солҳои навадуми асри гузашта тасмимоти давлат бештар сари фарҳангикунонии ҷомеа аз тариқи таҷлили солрӯзи бузургтарин чеҳраҳои илмӣ, адабӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ қарор гирифт. Илова бар ин, дар замони таҳкими ваҳдати миллӣ ва пойдории суботу амнияти иҷтимоӣ таҷлили вусъатноки ҷашну маросимҳои бостонии миллӣ, назири Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада аз авлавиятҳои давлатӣ шинохта шуд.
Бо шароити хуби омӯзишӣ ва таҳқиқӣ масъалаи муаррифӣ ва тарғиби ғояҳо, арзишҳо ва маросимоти миллию мардумӣ дар сатҳи ба талаботи замон ҷавобгӯ ба миён омада, дар ин замина, тадбирҳои судманд андешида шуда истодаанд. Таҷлили ҷашнҳои бостонӣ, ки дар хотираи таърихии миллати мо ҳифз шуда, ба умри миллат ва мардум баробаранд, тақозои замон мебошад ва дар раванди ҷаҳонишавӣ бозсозӣ ва ба сатҳи миллӣ ва фаромиллӣ расонидани иду маросимоти мардумӣ аз авлавиятҳои сиёсати давлатӣ ба шумор меояд. Дар баробари таҷлили сартосарии ҷашну маросими миллӣ, масъалаи ҳифзи мерос ва арзишҳои фарҳангӣ ба масъалаи умдаи сиёсати давлатӣ табдил ёфта, дар марҳалаи ваҳдатсозӣ ба ин самти муҳим аҳамияти зарурӣ дода шудааст. Бар мабнои он, таваҷҷуҳ ба мероси гузаштаи фарҳангӣ ва ҷиддитар аз ин, ҳифзу нигаҳдошти он аз газанди рӯзгор рисолати фарҳангиёну зиёиёни кишвар мебошад.
Дар марҳалаи ваҳдатсозӣ ва ваҳдатофаринӣ, ки амнияти миллӣ таъмин аст, имконоти фарҳангӣ бештар мегардад. Дар марҳалаи нави баъдиҷангӣ, шуруъ аз соли 2000-ум рушди инфрасохтори фарҳангӣ, бунёди иншооти замонавӣ, тақвият ёфтани шууру тафаккури миллӣ ҷараёни имконоти фарҳангиро аз ҳар ҷиҳат таҳкиму тақвият бахшид.
Маҳз сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки аз қудрати фикрию фарҳангии мардуми тоҷик сарчашма мегирад, тавонист пеши роҳи хунрезӣ, нофаҳмӣ, ҷаҳолат, нафрат, бадбинӣ, кинаву адоват ва душманиро бигирад ва ақли солимро бар ҷаҳли мураккаб пирӯз бигардонад. Ин нуктаро бояд донист, ки сулҳ дар кишвари мо худ аз худ ба даст наомадааст ва он натиҷаи тадбирҳои амалиест, ки Сарвари давлат тайи солҳои 1994-1997 ҳадафмандона андешида, ҷиҳати пойдору устувор гардидани он ҷаҳду талоши фаровон варзидааст. Дар ин марҳала таваҷҷуҳ ба фарҳанг авлавияти сиёсӣ ва давлатӣ маҳсуб ёфта, дар ин замина қувватманд сохтани базаи моддию техникии соҳа дар мадди назари бевоситаи Роҳбари давлат қарор гирифт.
Бар пояи фарҳанги ватандорӣ, ки намунаи олии маданияти тоҷикӣ аст, бунёд ёфтани ваҳдати миллӣ маънои ба илму дониш ҳамоҳанг будани зиндагии ҷомеаро далолат мекунад. Ҷомеаи маданӣ, қабл аз ҳама, бо дониш ва фарҳанг сару кор дорад ва ба василаи такмилу тавсеаи илму дониш, ки аз тариқи китобу мутолаа ба даст меояд, ба густариши фарҳанг машғул мешавад. Ин аст, ки ҷалби насли ҷавон ба китобу китобхонӣ аз масоили ҷиддиест, ки пешорӯйи мақомоти марбута ва дастандаркорони соҳа қарор дорад.
Хушбахтона, ҷомеаи тоҷик имрӯз зери осмони ваҳдати миллӣ ва оромиши сиёсӣ зиндагӣ карда истодааст. Аммо пурсише ҳамеша мадди назари мост, ки оё метавонем ваҳдати миллиро, чунонки боястӣ, ҳифз кунем ва бо истифода аз имконоти фаровони фарҳангӣ иттиҳоди миллию мардумиро дар сатҳҳои гуногуни иҷтимоӣ, ҳамчунон, побарҷо дошта, аз баҳри пурталотуми бархӯрдҳои шадиди тамаддунӣ ва геосиёсӣ солим бадар оем? Ин пурсиш аз мо тааммул ва тааммуқи ҷиддиро тақозо менамояд. Аз як тараф, дурбини сиёсат ва қудрати империализми ҷаҳонӣ дар қолаби шиорҳои авомфиребонаи “озодӣ, демократия ва либерализм” низоми зиндагии ҷомеаҳо, махсусан ҷомеаи мусулмониро, ки ғолибан бар мабнои тафаккури динӣ-мазҳабӣ ҳувият месозанд, таҳти назар қарор медиҳад, аз ҷониби дигар, руҳи бегонасолорӣ ва худбохтагӣ зеҳниёти насли ҷавонро мусаллат кардааст.
Раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари бароварда сохтани ниёзҳои иттилоотӣ, фаннӣ (техникӣ), маърифатӣ, эстетикӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, ҳамчунин, ба мағшуш сохтани зеҳниёти иҷтимоъ тавассути таблиғоти афкору мафкураи ғаразнок, ғайриахлоқӣ ва ғайриинсонӣ ва дар ин замина, тағйир додани тафаккури ҷомеаҳои пасошуравӣ сару кор мегирад. Сели иттилооти гуногунмазмун, ки даҳсолаи охир рӯйи саҳфаоти нашрияҳои мустақил ва шабакаҳои иҷтимоӣ мерезад, як навъ таҳлили фаннӣ ва бархӯрди мантиқии фикриро талаб менамояд.
Муҳаққиқон кайфият ва чӣ гунагии сарнавишти миллиро дар фазо ва макони мушаххас ба ҷадалу пайкори худи миллат мансуб медонанд ва аз ин ҷо метавон хулоса бардошт, ки меҳру самимият, ақлу фаросат, наҷобату шарофат ва бинишу маҳорати наслҳо, ки ҳамагӣ дар мафҳуми “одоби миллӣ” ҷамъбаст мегарданд, дар таҳким ва устувории ваҳдати миллӣ ва дар маҷмуъ, ваҳдати иҷтимоӣ нақши калидӣ доранд. Оянда ва дурнамои хушбинонаи ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, ба дониш ва биниши илмӣ, ахлоқу мафкураи устувори миллӣ ва фарҳанггустарии табақоти сиёсӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ ва умуман, фаъолони иҷтимоӣ иртибот дорад. Ваҳдати миллӣ, қабл аз ҳама, фарогири манофеи миллӣ дар замон, макон, арзу тул ва ҳавзаи муайян аст. Ҳамбастагӣ, ҳамкорӣ, ҳамёрӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни аъзои як ҷомеа баёнгари ваҳдати миллӣ ва дар айни замон иттиҳоди иҷтимоӣ аст. Дар ин раванд фарҳанг ва ҳунари созанда, бешубҳа, метавонад нақши ҳалкунанда дошта бошад. Фарҳангу ҳунар хусусияти зиндагисозӣ доранд. Бар ин маъно файласуфи бузурги олмонӣ Фридрих Нитше таъкид карда буд: “Ҳунар бузургтарин муҳаррики зиндагӣ аст”.
Нозим НУРЗОДА,
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон