Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бунёду навсозии даҳҳо иншооти соҳаи маориф бомаром идома дорад.
11-уми август раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ҷараёни сохтмони бинои иловагӣ дар Гимназияи №4 ошноӣ пайдо намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои сохташавандаи муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна бо таҳхона ва 32 синфхонаи таълимӣ иборат буда, барои 1400 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Тавре ба хабарнигори минтақавии мо аз дафтари матбуоти МИМҲД-и шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, сохтмони ин бинои иловагии таълимӣ аз ҷониби ширкати “Тоҷ-сохтмон” ба сомон мерасад.