Бо қабули қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ”, ки бо ташаббуси Тоҷикистон иттифоқ афтод, мавқеи кишвари моро дар масъалаҳои технологияи муосир ва сиёсати ҷаҳонӣ боз ҳам таҳким бахшид. Ин амр боз як қадами устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ буда, иштироки фаъоли мамлакат дар танзими муносибатҳои байналмилалӣ оид ба технологияҳои рақамиро таъмин месозад.
Мусаллам аст, ки имрӯз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо як роҳбари адолатпарвар ва ватандӯст дар арсаи миллӣ, балки ташаббускоре дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошанд, ки ибтикороти башардӯстонаашон ҳамеша мавриди истиқболи аҳли олам мегардад. Ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат, ки қаблан дар соҳаи ҳифзи захираҳои об, тағйирёбии иқлим, масъалаҳои амният ва рушди устувор пазируфта шуда буданд, акнун ба соҳаи наву ҳассоси ҷаҳонӣ – зеҳни сунъӣ низ роҳ ёфтанд.
Пешниҳоди қатънома дар бораи зеҳни сунъӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, далели возеҳи он аст, ки роҳбарияти олии кишвар ба аҳамияти тағйироти ҷаҳон дар заминаи рушди технологияи рақамӣ ва хатарҳои эҳтимолии он бо чашми хирад менигаранд.
Қатъномаи мазкур, ки дар Маҷмаи умумии СММ бо ҳамкории як қатор кишварҳои аъзо қабул гардид, ба масъалаҳои танзими этикӣ ва ҳуқуқии зеҳни сунъӣ, таъмини истифодаи амн, одилона ва шаффофи он ва пешгирии истифодаи он бар зидди манфиатҳои инсонӣ равона шудааст. Қатънома даъват мекунад, ки кишварҳо барои рушди устувори зеҳни сунъӣ ҳамкорӣ кунанд, стандартҳои байналмилалиро риоя, аз табъиз ва хатарҳои иҷтимоӣ дар истифодаи зеҳни сунъӣ ҷилавгирӣ намоянд ва, инчунин, имкониятҳои зеҳни сунъиро барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои рӯ ба рушд истифода баранд.
Бо қабули ин қатънома Тоҷикистон ба қатори давлатҳое шомил гардид, ки дар ташаккули тартиботи нави рақамӣ саҳмгузор мебошанд ва роҳандозии чунин ташаббус аз сатҳи баланди ҷаҳонбинии сиёсӣ ва дурбинии давлатдории Пешвои миллат шаҳодат медиҳад.
Қатънома на танҳо мавқеи кишварамонро дар арсаи сиёсати байналмилалӣ мустаҳкам месозад, балки ба ҷаҳониён бори дигар паём медиҳад, ки Тоҷикистон омода аст, дар масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ ташаббускор бошад. Зимнан, дар замоне, ки ҷаҳон бо шитоб ба сӯйи технологияи муосир ҳаракат дорад, Тоҷикистон бо раҳнамоии Пешвои муаззами худ тавонист боз иқдоми шоистаро анҷом диҳад, ки боиси ифтихори ҳар яки мост.
Мақсуд МИЗРОБЗОДА,
директори МД "Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии
шаҳри Панҷакент"