ВМКБ
Дар нимсола қариб 18 ҳазор сайёҳ ба вилоят омад
Зимни нишасти матбуотӣ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот бо хушнудӣ зикр кард, ки дар ҷараёни ташрифи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди вилоят дар маҷмуъ, 140 иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки 45-тои он корхонаҳои саноатӣ мебошанд.
Зикр гардид, ки дар шаш моҳи соли равон нақшаи қисми даромади буҷети вилоят бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 105,1 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 139,6 млн сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 6,8 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра тавассути воситаҳои электронии пардохт 760 ҳазору 652 амалиёти ҳисоббаробаркунии ғайринақдии молу хизматрасониҳо ба маблағи бештар аз 550 млн сомонӣ иҷро гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аз рӯи шумораи амалиёт 68 фоиз ва аз рӯи ҳаҷми маблағи гузарондашуда 6 маротиба зиёд мебошад.
Дар вилоят соҳаи саноат бемайлон рушд намуда, дар ин давра шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 183 расид, ки аз онҳо 45 корхонаву коргоҳ бо 360 ҷойи кории нав дар нимсолаи аввал мавриди истифода қарор дода шуд. Маҷмуи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 102,8 млн сомонӣ баробар гашт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 млн сомонӣ зиёд аст.
Раиси вилоят, ҳамчунин, вобаста ба дастовардҳои соҳаҳои роҳдорӣ, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, сайёҳӣ, кор бо занон ва оила иттилооти ҷолиб манзури рӯзноманигорон намуд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар нимсола 17921 нафар сайёҳ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят дидан намуд, ки 6705 нафараш сайёҳи хориҷӣ мебошад.
Раҳмони ГУЛЗОР
ХАТЛОН
Дар шаш моҳ 40 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуд
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир гашт. Муовини якуми раиси вилоят Музаффар Мирзозода иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли 2025 маҷмуи маҳсулоти минтақавии Хатлон ба 17,1 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди он 7,9 фоизро ташкил кард.
Дар ин давра 40 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида, ҳаҷми маблағгузорӣ ба 859 миллион доллари ИМА баробар шуд. Ҳамзамон, ба вилоят 2,6 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ ҷалб гардид.
Дар нишасти матбуотӣ зикр гашт, ки ҳаҷми гардиши савдо ба 8 миллиард сомонӣ ва хизматрасониҳои пулакӣ ба 1,4 миллиард сомонӣ баробар шудааст, ки мутаносибан 8 ва 6 фоиз афзоишро нисбат ба соли гузашта нишон медиҳанд.
Гардиши савдои хориҷӣ 210,2 миллион долларро ташкил дод, ки аз он 39 фоиз содирот ва 61 фоиз воридот мебошад.
Дар самти бозори меҳнат 32431 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт, аз ҷумла 5838 доимӣ, 7649 муваққатӣ ва 18853 мавсимӣ мебошад.
Ба иттилои М. Мирзозода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят ба беш аз 14 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиш 110,4 фоизро ташкил додааст. Ҳиссаи вилояти Хатлон дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии кишвар 59 фоизро дар бар мегирад.
Дар бахши саноат, ҳаҷми истеҳсолот ба 5,6 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 634 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра 42 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ бо 287 ҷойи нави корӣ ба фаъолият пардохт.
– Дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз 6260 иншооти нақшавӣ, 5479 адад мавриди истифода қарор гирифт, – афзуд М. Мирзозода. – Танҳо дар соли равон 1411 иншоот ба истифода дода шуд, ки 122,3 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
Зокир ҲАСАН