Баргашт Чоп кардан

Ёддошти тафоҳум байни Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва Шабакаи зиддитеррористии Осиёи Марказӣ

Байни Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва Шабакаи зиддитеррористии Осиёи Марказӣ дар Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, санади мазкур дар ҳошияи мулоқоти Прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири фавқулода ва мухтори Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон Кэтрин Смиттон, ки 12-уми август дар Душанбе баргузор гардид, ба имзо расид.
Дар назар аст, ки имзои Ёддошт дар самтҳои мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ, терроризми байналмилалӣ, ифротгароии динию сиёсӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ заминаи ҳамкории мутақобил хоҳад гузошт.
Ҷаласаи Шурои миллӣ барои инкишофи барвақтии кӯдакон
11-уми август дар ноҳияи Файзобод бо иштироки муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи сайёри Шурои миллӣ барои инкишофи барвақтии кӯдакон баргузор гашт.
Дар МИМҲД ноҳияи Файзобод ба хабарнигори мо иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа оид ба натиҷагирии татбиқи лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон», такмили ҳамкории байниидоравӣ оид ба дастгирии рушди кӯдакони то шашсола табодули афкор сурат гирифт.
Дурнамои ҳамкориҳои гуногунсоҳа миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон
Дар шаҳри Тошкент масъалаҳои марбут ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, афзоиш ёфтани гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов баррасӣ гардиданд.
Дар мулоқот, инчунин, масъалаҳои рушди кооператсияи саноатӣ, тақвияти ҳамкории минтақавӣ, таҳкими равобити дӯстона ва фарҳангию илмӣ байни ҷумҳуриҳои мо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст.
«ДӮСТӢ – 2025»
Машқҳои зиддитеррористии Тоҷикистон ва Покистон баргузор гардиданд
Дар Машқгоҳи таълимии «Фахробод»-и Вазорати мудофиа, воқеъ дар гарнизони Хатлон, бо иштироки қариб 100 нафар хизматчиёни ҳарбӣ машқҳои зиддитеррористии дуҷонибаи ҷузъу томи таъиноти махсуси Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Покистон таҳти унвони «Дӯстӣ – 2025» баргузор гардиданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиа хабар додааст, ки ба машқҳо гурӯҳҳои таъиноти махсус, ҷузъу томи ҳамлаовари десантӣ ва пиёданизом ҷалб гардида, роҳу усулҳои истифодаи силоҳу муҳимоти ҳозиразамони ҳарбӣ ва дигар лавозимоти ҷангиро дар самти мубориза бар зидди терроризм намоиш доданд.
Даъвати ҳайати минтақаи Фландрияи Подшоҳии Белгия ба Форуми «Dushanbe Invest – 2025»
Дурнамои ҳамкорӣ дар самтҳои сармоягузорӣ зимни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода бо ҳайати минтақаи Фландрияи Подшоҳии Белгия, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо, ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ ва тиҷоратро баррасӣ карда, оид ба имконоти рушди ҳамкории бахши хусусӣ табодули афкор намуданд.
Ҳайати Белгия барои иштирок дар Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest – 2025», ки моҳи октябр дар шаҳри Душанбе, баргузор мегардад, даъват шуд.