Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Марям»
15-уми август Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Лермонтови ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Марям»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави кӯдакистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва тадбирҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд ёфт. Сохтмони Муассиса моҳи феврали соли 2023 оғоз гардида, дар муҳлати 16 моҳ ҷавобгӯ ба талаботи меъмориву шаҳрсозӣ аз ҷониби соҳибкор Исломҷон Муродов эъмор гардидааст. Ҳангоми сохтмон зиёда аз 150 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуд.
Муассисаи тозабунёд аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 200 кӯдак пешбинӣ мегардад ва дар он барои инкишофи зеҳни кӯдакон, аз худ кардани донишҳои замонавиву машғул шудани онҳо ба бозиҳои гуногуни шавқовар шароити хуб фароҳам аст.
Ҳамаи ҳуҷраҳои таълимии боғча бо лавозими зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ва ҳар гуна бозичаҳои кӯдакона, таъмин буда, омӯзиш дар он ба се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.
Дар кӯдакистони нав 30 кас аз парастору дигар мутахассисони варзидаи соҳа фаъолият менамояд.
Дар саҳни ҳавлии боғча 6 айвонча, нуқтаҳои бозии кӯдакон, ҳайкалчаҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ, фаввораҳои зебову назаррабо ва дигар воситаҳои дилхушӣ сохта шудааст, ки ба муҳити ин мавзеъ зебоии дигар мебахшад. Ҳудуди Муассисаро, ҳамчунин, гулу дарахтони ороишӣ зеб медиҳанд.
Дар Муассиса барои 10 гурӯҳ ҳуҷраҳои хоб, мусиқӣ, рақс, рассомӣ, толори варзиш ва майдончаи бозӣ мавҷуд буда, он дар арафаи таҷлили 34-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамчун туҳфаи арзанда барои кӯдакони хуштолеи замони соҳибистиқлол мавриди истифода қарор гирифт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда, ба сифати корҳо баҳои баланд дода, иброз доштанд, ки таҳсилоти томактабӣ ҷиҳати ташаккули қобилияти зеҳнии наврасон марҳалаи муҳим ба ҳисоб меравад.
Таъкид гардид, ки вусъати чунин иқдомҳои ватандӯстона метавонад баҳри иҷрои талаботи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 оид ба фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ мусоидат намояд.
Ифтитоҳи кӯдакистони замонавиро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаи арзишманд номида, ба соҳибкори ҳимматбаланд барои ин иқдоми наку арзи сипос карданд.
Аз мураббиён даъват шуд, ки бо истифода аз шароити мусоид кӯдаконро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд, то онҳо дар оянда барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзишманди худро гузоранд.
Муассисаи таълимии хусусии «Ҳоризон»
15-уми август Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе марҳалаи дуюми Муассисаи таълимии хусусии «Ҳоризон»-ро ифтитоҳ намуданд.
Зимни шиносоӣ бо шароити Муассиса ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншоот барои ба таҳсил фаро гирифтани 820 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, дар он 54 омӯзгори соҳибтахассус бо кор таъмин шуд.
Бинои таълимӣ дорои 38 синфхонаи муҷаҳҳаз, ҳуҷраҳои корӣ, толори фарҳанг бо 500 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона, толору майдончаи варзиш ва ҳуҷраҳои ёрирасон буда, ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ бунёд ёфт. Кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла физика, химия, биология, технологияи информатсионӣ ва дигар шароити мусоиди таълимӣ ба ташаккули дониши муҳассилин мусоидат менамояд.
Барои фароҳам овардани шароити муосир, синфхонаҳо бо компютерҳои навтарин ва таҷҳизоти интерактивӣ таъмин гардидаанд. Ҳамзамон, системаи гармидиҳӣ, равшанидиҳии каммасраф ва дастрасӣ ба шабакаи интернети босуръат шароити мувофиқро барои омӯзиш фароҳам меоранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба дуруст ба роҳ мондани сифати таълиму тарбия таъкид сохтанд, ки маориф самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат буда, сармоягузорӣ ба он сармоягузорӣ ба ояндаи кишвар мебошад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки раванди таълим дар муассиса пурра ба забони англисӣ ҷараён мегирад ва он бо системаи “стим эдюкейшн” (Steam education), ки яке аз пурнуфузтарин низоми омӯзиш дар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба шумор меравад, роҳандозӣ гардидааст.
Ҳамчунин, ҷиҳати дар сатҳи баланд гузарондани машғулиятҳо, ба муассиса омӯзгорони ҷавону ботаҷриба аз дохил ва хориҷи кишвар ҷалб шуданд.
Ифтитоҳи ин муассиса як қадами устувор дар роҳи татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2040 мебошад ва ба тақвияти неруи зеҳнии насли наврас, боло бурдани сатҳи саводнокӣ ва тавсеаи имкониятҳои таълимӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар Муассиса, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди зист ва таълим, хобгоҳ барои 280 нафар мавҷуд аст.
Бо дарназардошти талаботи рӯзафзуни ҷомеа ба таълимоти босифат, дар ояндаи наздик ба нақша гирифта шудааст, ки имконияти қабул то 1500 хонанда расонда шавад.
Сарвари давлат ифтитоҳи чунин муассисаи замонавиро намунаи возеҳи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи маориф арзёбӣ намуда, ба соҳибкори ватандӯсту баландҳиммат Наврӯз Юнусов барои ин иқдоми наҷиб изҳори ташаккур карданд ва ба омӯзгорон барои тарбияи насли соҳибмаърифат ва доною тавоно дастуру тавсияҳои судбахш доданд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №129
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №129 дар маҳаллаи Сомони ноҳияи Фирдавсӣ сеюмин иншооти соҳаи маориф аст, ки 15-уми август бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ифтитоҳ ёфт.
Иншоот дар идомаи ташаббусҳои раҳнамунсози Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳсозии фазои таълиму тарбия ва рушди соҳаи илму маориф аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Умар Алимадов эъмор гардид.
Ба ҳолати имрӯза шумораи хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №129 дар маҳаллаи Сомони ноҳияи Фирдавсӣ 1733 нафарро ташкил медиҳад. Иншоот имкони дар беҳтарин шароит ба таҳсил фаро гирифтани насли ояндаи миллатро дорад, зеро 56 синфхонаи Муассиса, ки барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ мегардад, бо муҳимтарин лавозимоти хониш муҷаҳҳаз аст.
Кабинетҳои фаннии химия, биология, физика, география, технологияи меҳнат, омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва технологияи иттилоотӣ мутобиқ ба талабот сохта шуда, ба ташаккули зеҳну тафаккури хонандагон замина хоҳад гузошт.
Истифода аз ду китобхона: электронӣ ва анъанавӣ дастрасии хонандагонро ба адабиёт ва барномаҳои таълимии дар сомонаҳо маҳфуз таъмин месозад.
Муассиса дорои наздик ба 60 компютери пайваст бо шабакаи байналмилалии интернет аст.
Толори барҳаво ва муҷаҳҳази варзиш ба тарғибу ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷисман обутоб ёфтани хонандагон мусоидат мекунад. Маҷлисгоҳ бо 310 ҷойи нишаст, ошхона бо 216 ҷойи нишаст, ҳуҷраи табиб ва иншооти ёрирасон ба беҳбуди сифати таҳсил ва кору фаъолияти омӯзгорон замина мегузорад.
Зимни шиносоӣ бо шароиту имконоти Муассиса, Пешвои миллат ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, саҳмгузорӣ дар соҳибилм шудани насли наврасро амали шоиста унвон намуданд.
Ба ин хотир, Сарвари давлат ба соҳибкори саховатпешаю ватандӯст барои ин ташаббуси воло арзи сипос карда, омӯзгорони ин Муассисаи зеборо ба таълиму тарбияи хуби насли оянда ҳидоят сохтанд.